fbpx

Ҳалокати 11 нафар дар як садама дар Файзобод

Гуфта мешавад, хурдсолтарин қурбонии фалокат 2-сола ва бузургсолтаринаш 64-сола аст.


-1
-1 points
Садама дар ноҳияи Файзобод
Акс аз интернет

Шумораи қурбониёни садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар ноҳияи Файзобод ба 11 нафар расида, 4 каси дигар бо ҷароҳат бистарианд. Қаблан расонаҳо аз марги 8 нафар хабар дода буданд.

Гуфта мешавад, хурдсолтарин қурбонии фалокат 2-сола ва бузургсолтаринаш 64-сола аст.

Фоҷиа рӯзи 2-уми июл дар ҳудуди деҳаи Шаҳтакиёни ноҳияи Файзобод рух додааст.

Ба иттилои ВКД, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Маҳмадсодиқи Маҳмадюсуфи 30-сола ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти муқобили роҳ баромада, ба нақлиёти Бобоҷон Шарипови 21-сола бархӯрдааст.

Қурбониёнро, ки ду ва ё се нафарӣ узви як оила ҳастанд, рӯзи 3-юми июл ба хок супурдаанд.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои дида мешавад ду мошин дар роҳ сахт осеб дидаанд. Дар навори дигар камаш 6 нафари олуда ба хун рӯйи замин ва кати беморӣ дида мешаванд.

Дар се рӯзи охир, ба иттилои мақомот, тақрибан 13 нафар дар натиҷаи садамаҳо ба ҳалокат расидаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend