fbpx

Ду кушта дар Молдова. Боздошти яке аз муттаҳамони рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев

Дар рафти амалиёт ҷинояткор ду нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи Кишинёвро ба қатл расонида, чанд нафари дигарро гаравгон гирифтааст.


-1
-1 points
Прокуратураи генералии Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Яке аз гунаҳкорони рабуда шудани муовини аввали роҳбари “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев дар фурудгоҳи Кишинёв ҳангоми ҳаракати убури сарҳади давлатии Ҷумҳурии Молдова ярадор ва дастгир шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Рустам Ашурови 43-сола яке аз аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ будааст, ки дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев даст дошт. Ӯ баъди содир намудани ин ҷиноят тавассути Ҷумҳурии Туркия бо мақсади ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фирор намудан ба Ҷумҳурии Молдова парвоз намудааст.

“Дар рафти убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Молдова ва ҳаракати дастгир намудани ӯ, номбурда таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва  якчанд нафари дигарро гаравгон гирифтааст”-, гуфта мешавад дар хабар.

Рустам Ашуров ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ярадор ва дастгир шудааст.

Манбаъ мегӯяд, тафтишот аз рӯйи парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» шаби 23-юми июн соати 22:10 дар кўчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аз ҷониби гурўҳи муташаккили ҷиноятӣ рабуда шудааст.

Мақомот вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ кушода, ҷустуҷӯйи густурдаи шахси рабудашуда ва гурӯҳи ҷинояткоронро оғоз карданд.

Бо гузашти қариб 10 рӯз аз Шуҳрат Исматуллоев дараке пайдо накардаанд. Дар бораи аъзоёни дигари гурӯҳи ҷиноятӣ низ маълумот дода намешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend