fbpx

“Нодуруст ба роҳ мондаанд”. Вокуниши мақомот ба “облава”-и хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба амалкарди масъулони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб эроди ҷиддӣ гирифта шудааст.


0
Облава дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон
Акс аз намогирифти навори Радиои "Озодӣ"

Навори пурсарусадои «облава» ё сарбозшикори хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Дар сомонаи расмии раёсат омадааст, ки рӯзи 29-уми май кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ бо мақсади ҷалби хоҳишмандон ба хизмати ҳарбӣ бо хатмкунандагони донишгоҳи мазкур мулоқот доир намудаанд.

“Дар натиҷаи нодуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ баъзе аз донишҷӯён мулоқотро тариқи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудан гумон карда, бетартибӣ намудаанд”,- меафзояд манбаъ.

Ба иттилои раёсат, барои нодуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ки боиси ба миён омадани норозигиҳо гардидааст, ба амалкарди масъулони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб эроди ҷиддӣ гирифта шуд.

Инчунин, бо хатмкунандагони донишгоҳи мазкур барои баъди хатми донишгоҳ ба хизмати ҳарбӣ рафтан корҳои тарғиботӣ гузаронида шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ёдовар мешавад, ки нақшаи баҳории даъвати ҳарбӣ дар пойтахт пурра иҷро шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои “Озодӣ” менависад, гурӯҳе аз донишҷӯёни соли охири Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ҳангоми супоридани имтиҳон аз дохили муассиса ва маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд.

Донишҷӯёнро дар Тоҷикистон маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ мебаранд

Ба иттилои масъулони донишгоҳ беш аз бист ҷавон ихтиёрӣ ба артиш рафтаанд.

Муомилаи бад ва ғайриоинномавӣ дар артиши Тоҷикистон, ки дар натиҷа солона даҳҳо сарбоз маъюб ё ба ҳалокат мерасанд, яке аз сабабҳои асосии сарпечии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ дониста мешавад.

Охири моҳи гузашта навори латукӯби бераҳмонаи наваскарон расонаӣ гашт, ки вокуниши шадидро миёни шаҳрвандон ба вуҷуд овард. Вобаста ба ин мақомот панҷ сарбоз ва як афсарро боздошт карданд. Тибқи иттилои расонаҳо муҳокимаи парвандаи онҳо рӯзи 23-юми май шурӯъ гардида буд. Вале то ҳол аз натиҷааш расман хабаре нест.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend