fbpx

“Худаш бемор шудааст”. Вазорати мудофиа шиканҷаи як сарбозро беасос хонд

Зимни муоинаву ташхис дар Маҷидов Аслиддин бемории “Алоими Гийенна Барре”-ро муайян кардаанд, ки он ба хизмати ҳарбӣ алоқамандӣ надоштааст.


0
Вазорати мудофиа латукӯби сарбозро рад кард
Акс аз сомонаи Вазорати мудофиаи ҶТ

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хабари аз тарафи ҳамхизматонаш латукӯб гардида, бистарӣ шудани як сарбозро беасос хондааст.

Ба иттилои вазорат, хабарҳо оиди дар натиҷаи шиканҷаи ҳамхизматонаш бемор ва бистарӣ сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддин Ҷалолиддинович, ки дар чанде аз сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, таҳқиқ шудааст ва он асос надорад.

Маҷидов Аслиддини 19-сола, ба гуфтаи вазорат, аввали моҳи апрел аз ноҳияи Рашт ба яке қисмҳои низомии Вазорати мудофиа ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст.

“Мавсуф 13-уми май худро нотоб ҳис намуда, ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ муроҷиат менамояд. Духтури нуқтаи тиббӣ ҳолати беморро ташхис карда, ба ӯ ёрии тиббӣ мерасонад ва волидони сарбозро низ аз вазъи бемории фарзандашон дар ҷараён мегузорад”,- омадааст дар изҳорот.

Волидони сарбоз рӯзи 14-уми май ба хабаргирии фарзандашон омада, ҳолати ӯро мӯътадил дармеёбанд ва аз командири қисми низомӣ хоҳиш мекунанд, ки ба писарашон рухсатӣ диҳад.

“Вале, баъд аз чанд рӯзи ба рухсатӣ баромадан, вазъи саломатии сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддин дар хона бад мегардад ва волидонаш ӯро рӯзи 17-уми май барои ташхису муоина ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Шифобахш” меоранд. Дар ин хусус масъулини қисми низомиро низ хабардор менамоянд”,- менависад Вазорати мудофиа.

Ба иттилои ин ниҳод зимни муоинаву ташхис дар Маҷидов Аслиддин бемории “Алоими Гийенна Барре”-ро муайян кардаанд, ки он ба хизмати ҳарбӣ ягон алоқамандӣ надоштааст.

Хулосаи табибон

Тибқи хулосаи асабшиносони ҳамин марказ Улмасов Темур-Малик ва духтури асабшиноси Қосимова Дилафрӯз дар натиҷаи ташхису муоина дар бадани сарбоз ягон осору нишонаҳои лату кӯб дида намешуд.

“Ташхис муайян кард, ки сарбоз Маҷидов Аслиддин гирифдории бемории “Алоими Гийенна Барре” мебошад. Ин беморӣ асосан аз вайрон гардидани иммунитет вобастагӣ дорад”,- гуфтаанд табибон дар хулоса.

Тибқи гуфтаи онҳо сабаби асосии гирифторӣ ба бемории мазкур риоя накардани гигиенаи шахсӣ аст, ки ба тағйирёбии иммунитет таъсир мерасонад.

“Бемории “Алоими Гийенна Барре” ин бемории илтиҳобию сироятиву автоиммунӣ мебошад, ки ба демиелинизацияи торҳои асаби канорӣ оварда мерасонад”,- мегӯянд табибон.

Айни ҳол рафти муолиҷаи бемории сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддин таҳти назорати табибони Маркази тиббии “Шифобахш” ва Раёсати тиббӣ-ҳарбии Вазорати мудофиа қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳо рӯзи 23-уми май аз оғози баргузории мурофиаи 5 сарбоз ва як афсар вобаста ба навори латукӯби наваскарон хабар доданд. Навор як моҳ пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва хашми корбаронро ба миён овард.

Мақомот дар вокуниши худ аз боздошти панҷ сарбоз ва подполковник Нузхат Лазуриев, сардори комендатураи  якуми “Ворух” хабар доданд. Гуфта мешавад, ин навор 15-уми декабри соли 2022 дар қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ сабт шудааст.

Латукӯби сарбозон дар Тоҷикистон
Намогирифт аз навори латукӯби сарбозон

Ҷавобгарони ин ҳодиса – панҷ сарбозро тибқи  қисми 2-и моддаи 373-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми “вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ”  аз панҷ то даҳ сол ва подполковник Нузхат Лазуриевро барои суистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ тибқи моддаи 391, қисми 3, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндон таҳдид мекунад.

Бадрафторӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон дарди куҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend