fbpx

Номи Путинро иваз мекунанд. Чаро номи Расулро ба шарафи президенти Русия тағйир дода буданд

Моҳи январи соли 2017 хонаводаи Ҷураевҳо ба як навзоди дигарашон – писари амаки Путин Ҷӯраев, Шойгу ном гузоштаанд.


0
Оилаи муҳоҷирони тоҷик ки ба кӯдакашон Путин ном гузоштаанд
Путин Ҷураев дар якунимсолагӣ бо волидонаш. Акс аз бахши русии Би-би-си

Оилаи Ҷураевҳо тасмим гирифтаанд, номи писарашонро, ки соли 2016 аз Расул ба Путин табдил дода буданд, иваз кунанд. Ин хонавода дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон ба Русия рафта, шаҳрвандии ин кишварро гирифтаанд. Онҳо дар деҳаи Легковои ноҳияи Александровски вилояти Владимири Русия ба сар мебаранд.

Дар ин бора рӯзномаи “Новый город Александровск” бо сардори шӯъбаи САҲШ-и ин ноҳия Екатерина Белоус сӯҳбат анҷом додааст. Гуфта мешавад, сабти ин суҳбат дар саҳифаи ВК-и рӯзнома нашр шудааст.

“Волидон аллакай ба мо такроран муроҷиат намуданд. Ҳоло ба онҳо танҳо машварат додем. Фикр мекунам, онҳо аз кардаашон пушаймон шудаанд. Онҳо мехоҳанд ба кӯдак номеро, ки ҳангоми таваллудаш дода шудааст, баргардонанд ”,- мегӯяд Белоус.

Ин оила номи кӯдаки худро, ки баъди таваллуд дар ҳуҷҷатҳояш Ҷураев Расул Ҷахонгирович қайд шуда буд, дар якунимсолагиаш ба Ҷураев Путин Ҷахонгирович баргардониданд.

Путин ва Шойгу дар хонаводаи муҳоҷирони тоҷик

Ин қарор бо пешниҳоди бобои кӯдак Раҳмон Ҷураев, аз ҳаводорони ашаддии президенти Русия ва узви ҳизби “Русияи ягона” (“Единая Россия”) қабул шуд.

Тавре бахши русии Би-би-си менависад, Раҳмон Ҷураев тасодуфан ёддоштеро мехонад, ки рӯзноманигор ва тарҷумони мисрӣ Муъмин Мухтор писарашро ба шарафи Владимир Путин номгузорӣ кардааст.

Ӯ хулоса мекунад, ки чаро аз ин ибрат нагирад.

Кӯдаки тоҷик ки номашро Путин гузоштаанд
Раҳмон Ҷураев фикр мекард, ки наберааш ба Путин монанд аст.
Акс аз бахши русии Би-би-си

“Владимир Путин барои ман марди рақами яки ҷаҳон аст. Қавӣ, оқил ва босавод. Набераам дар кӯдакӣ ба Путин хеле монанд аст ва ман бе дудилагӣ тасмим гирифтам, ки номи кӯдакро иваз кунам”,- мегӯяд ӯ дар суҳбат бо бахши русии Би-би-си.

Он замон аҳли оила, инчунин маъмурияти вилояти Владимир, ки тайи чанд соли ахир хонаводаи Ҷӯраевҳо дар онҷо ба сар мебаранд, аз тасмими тағйири ном пуштибонӣ кардаанд, менависад манбаъ.

Моҳи январи соли 2017 хонаводаи Ҷураевҳо ба як навзоди дигарашон – писари амаки Путин Ҷӯраев, Шойгу ном гузоштаанд. Сардори идораи САҲШ гуфтааст, ки волидони Шойгу барои ивази ном муроҷиат накардаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend