fbpx

Суди олӣ ба ҳукми хушдомани Манора аз нав ду сол илова кард

Ҳукми Бибикалон Назироваро суд дубора ба ҳафт сол кардааст.


0
Манора духтаре, ки аз фишори хушдоман худкушӣ кардааст

Ҳукми зане, ки дар худкушии келинаш дар ноҳияи Файзобод айбдор мешуд баъди аризаи эътирозии наздикони марҳум ва намояндаи прокуратура бо қарори Суди олӣ дубора тағйир ёфтааст.

Сокини ноҳияи Файзобод Бибикалон Назирова бо қарори суди ин ноҳия моҳи октябри соли гузашта додгоҳи, барои “ба худкушӣ расондан”-и келинаш ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд. Суди олӣ бошад, ин ҳукмро ду сол кам карда буд.

Дар айбномаи ин зан гуфта мешуд, ки бо фишори ӯ, келинаш Манораи Абдуфатоҳ даст ба худкушӣ задааст. Наздикони Манора якҷо бо прокуратура нисбати қарори Суди олӣ аризаи эътирозӣ навишта буданд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфтааст, бо назардошти ин ариза Суди олӣ парвандаро аз сар тафтиш кардааст. Имрӯз бо қарори дубораи Суди олӣ хуштомани Манора аз нав ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. Ба гуфтаи ӯ, ба ин тартиб додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи Файзободро, ки ин занро аз аввал ба ҳафт соли зиндон маҳкум карда буд, дуруст ҳисобид ва ду сол кам шудани ҳукмро бекор кард.

“Мо ба прокуратура ва Судӣ олӣ шикоят карда будем. Прокуратура эътироз навишт. Ҷазои панҷ солро кам донистанд ва онро бекор намуда, аз сар баррасӣ карданд. Имрӯз дубора ҳукмро ҳафт сол карданд”-, гуфтааст ӯ.

Манораи Абдуфаттоҳро бо 26 зарби корд тобистони соли 2021 дар манзили зисташ мурда пайдо карданд. Ба хулосаи мақомот ин зан зарбҳои кордро худаш ба баданаш задааст ва ҳодисаро худкушӣ номиданд. Наздикони Манора ба худкушии ӯ бовар надоранд.

Мақомот расман тағйири дубораи ҳукми хушдомани Манораро шарҳ надодаанд. Наздикони Бибикалон Назирова низ аз суҳбат бо матбуот дар ин бора худдорӣ намудаанд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора мегӯяд, барои адолатхоҳӣ дар парвандаи марги духтараш ду сол талош кард ва гуфт, “аз ҳукми охирони додгоҳ розӣ аст.”

Манораи Абдуфаттоҳ соли 2015 бо як сокини ноҳияи Файзобод издивоҷ карда, ба гуфтаи наздикон, аз ибтидо бо хушдоманаш мушкил дошт. Ӯ се фарзанди хурдсол дорад, ки пас аз маргаш ба тарбияи шавҳараш супурда шудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend