Аз соати 23:00-и имрӯз, 15-уми май то 15-уми июни соли ҷорӣ ҳаракати ҳама гуна нақлиёт аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои “Саодат”-и пойтахт муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” бо такя ба маълумоти шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Қатъи ҳаракати нақлиёт ба сохтмон ва навсозии роҳ дар хиёбони Б.Ғафуров (аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои Саодат) рабт дорад, менависад манбаъ.
Дар робита ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои шафати хиёбони Б.Ғафуров истифода баранд.