Пешниҳоди таъсиси Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон рӯзи 26-уми апрел дар Форуми ҷавонон дар мавзӯи “Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ” садо дод. Ин пешниҳодро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон ба миён гузошт.
Дар ин форум беш аз 50 блогери тоҷик, аз ҷумла Беҳрӯз Набиев (дар шабакаҳои иҷтимоӣ Барон), Диловар Сафаров, Дӯстмурод Шарифов (маъруф бо Донжуан), Рафаэл Гулов, Шоира Пӯлотова, Музаффар Бобораҳматов, Саъдӣ Тоирзода, Саъдӣ Исмоилов (Арабшо), Баҳора Рузиева, Беҳруз Ҳафизов ва дигарон ширкат доштанд.
Ба гуфтаи намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон, то имрӯз ҳудуди 50 блогер хоҳиши узвият ба ин Ассотсиатсияро кардаанд.
Блогерони тоҷик ба чӣ умед доранд?
Блогер Рафаэл Гулов бар ин назар аст, ки таъсиси ин иттиҳодия шояд ҳам барои блогерон ва ҳам барои давлат судманд бошад.
“Агар идораҳои масъул бо мо ҳамкорӣ кунанд, ба пешравиҳои зиёд ноил шудан мумкин аст, махсусан дар самти сайёҳии дохилӣ ва берунӣ. Мехостам рӯзи форум дар ин масъала суханронӣ кунам ва пешниҳод ҳам доштам. Аз сабаби он ки як сабти ниҳоят муҳим доштам, ба форум дертар омадам”,- мегӯяд Гулов.
Ба андешаи ӯ, яке аз нақшҳои асосии Ассотсиатсия бояд мудохила ва ҳушдор додани блогероне, ки муҳтавои ғайриахлоқӣ мегузоранд, бошад. Блогер мегӯяд, агар чунин шавад беҳтар аст.
Муаллифи саҳифаи омӯзишии “Забономӯз” Саъдӣ Тоирзода низ мақсад дорад дар оянда узви Ассотсиатя гардад. Ӯ аз ҳоло бо блогероне, ки дар ин ҳамоиш ширкат доштанд, нақшаи эҷоди муҳтавои (контент) муштаракро кашида истодааст.
“То имрӯз ман танҳо бо ду ё се дӯстони блогери худ муҳтавои навро ба нақша мегирифтам. Дигарон низ ҳамин тавр мекарданд. Яъне мо ба кори ҳамдигар бепарво будем. Ҳоло имкон ҳаст якҷоя амал намоем.
Агар тамоми аудиторияамонро якҷо кунем, он ба якчанд миллионҳо мерасад.
Масалан, як блогер муҳтавои омӯзишӣ омода мекунад, дигарӣ бо ҳаҷв ва сеюмӣ бо услуби рэпсароӣ. Аммо мо метавонем бо як мавзӯи марказӣ таъсир ба афкори ҷомеаро тақвият бахшем”,- бовар дорад Тоирзода.
Ба гуфтаи ӯ ниҳодҳои давлатӣ ваъда додаанд, ки блогеронро аз рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон огоҳ хоҳанд кард. Хабарҳои расмӣ, ба ақидаи ӯ, мусоидат мекунанд, то блогерон эътимоди аудиторияи худро ба даст оранд.
Саъдӣ ҳамчунин бар ин назар аст, ки ҳузури ҳуқуқшиносон ва мутахассисони соҳаи андоз дар Ассотсиатсия як бартарии дигари муҳими иттиҳодияи касбӣ хоҳад буд.
Блогер ва муассиси Dfilm company Диловар Сафаров низ нақша дорад ба ин Ассотсиатсия шомил шавад, аммо ҳанӯз намедонад, боз киҳо ин тасмимро доранд. Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳои наздик дар ҷамъомади нахустин маълум хоҳад шуд.
Диловар мегӯяд, таъсиси Ассотсиатсия танҳо ба фоидаи кор аст, аммо дар умум, ба фикри ӯ кор ба одамон вобаста аст.
“Ин беҳтарин имконият барои ҳамаи блогерҳост, зеро ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби ин созмон ҳифз карда мешаванд. Дар ҳар коре, ки коллективона иҷро карда мешавад, натиҷаи аъло ба даст меояд. Монанди як аспе, ки тавони бардоштани 3 тонна борро дорад, агар аспи дигарро ба он ҳамроҳ кунанд, 15 тонна бор мебардоранд”, – мегӯяд Сафаров.
Аммо ба гуфтаи ӯ, кор аз бисёр ҷиҳат ба талоши тамоми аъзоёни иттиҳодия вобаста хоҳад буд.
“Агар бепарво бошанд, иттиҳодия дур намеравад. Пеш ҳам ҳамин гуна қарорхо қабул мешуданд, вале бо гузашти вақт ва бепарвоӣ ҳамаи нақшаҳо фаромӯш шуданд. Як ангушт наметавонад кореро анҷом диҳад, ки онро як даст иҷро мекунад”,- афзуд блогер.
Хоҳишмандон зиёданд
Шоҳхусрав Аюбзода, сухангӯи Кумитаи ҷавонон ва варзиш мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ки ин Ассотсиатсия кай таъсис меёбад. Айни замон, ба гуфтаи ӯ, масъалаҳои ҳуқуқии фаъолияти иттиҳодияро Кумита дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҳал мекунад. Зеро кори Ассотсиатсия танҳо ба Кумита дахл надорад.
Аммо вай бар ин назар аст, ки бояд тамоми блогерон ба Ассотсиатсия таваҷҷуҳ дошта бошанд. Зеро, ба гуфтаи ӯ ин ба онҳо мусоидат мекунад, ки ба натиҷаҳои хуб ноил гарданд, таҷрибаву андешаҳоро мубодила намоянд ва робитаҳои байни онҳо таҳким ёбад.
Ҳоло, ба гуфтаи Аюбзода, 50 блогери маъруф дар Тоҷикистон хоҳиши узвият ба ин иттиҳодияро кардаанд.
Кӯшишҳои қаблии муттаҳид намудани ҷавонон
Мақомоти давлатӣ қаблан низ кӯшиш мекарданд, иттиҳодияҳои ҷавононро таъсис диҳанд, ки ба афкори ҷомеа таъсир расонида тавонад.
Яке аз онҳо ҳаракати ҷавонони “Авангард” буд. Мо муфассал дар ин ҷо дар бораи онҳо навишта будем.
Аммо дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои байни роҳбаронашон фаъолияти авангардиҳо ба охир расид.
Боздошт ва маҳкумкунии блогерон
Тайи як соли ахир дар Тоҷикистон чанд блогери маъруф, аз ҷумла Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ боздошт ва зиндон шуданд. Онҳо бар асоси чанд моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, сарпечӣ аз пардохти андоз аз даромадҳои ба даст овардаашшон аз фаъолияти блогерӣ муттаҳам мешаванд.
Ҳодисаҳои маҳкумкунии оммавии блогероне низ мушоҳида шудааст, ки гӯё матолиби ғайриахлоқиро паҳн мекунанд, ки хилофи арзишҳои фарҳангии мардуми тоҷик аст. Бархе аз онҳоро чанд шабонарӯзӣ паси панҷара карданд.
Масалан, дар охири моҳи ноябр дар сомонаи ВКД дар бораи ба муҳлати 10 рӯз боздошт шудани як сокини 18-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд хабар нашр шуд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки духтар дар раванди фаъолияти блогерии худ ба қонуншиканӣ роҳ додааст – ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ “видеоҳои ғайриахлоқӣ” паҳн кардааст ва ибораҳои таҳқиромезро истифода намудааст, ки “ба урфу одатҳои мардуми тоҷик комилан бегона аст”.
Дар оғози соли 2021 Кумитаи андоз рӯйхати аввалини блогеронеро нашр кард, ки аз ҳисоби муҳтавои худ пул кор мекунанд. Аз онҳо талаб карда шудааст, ки ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном шаванд ва андоз супоранд. Баъдтар, кумита ба нашри мунтазами рӯйхати блогероне шурӯъ кард, ки андоз намесупоранд.
Таблиғи риш ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 26-уми апрел дар Форуми болозикр раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода аз блогерони ришдор интиқод кард. Ӯ изҳор дошт, ки “таблиғи риш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад”.
Бархӯрди манфии мақомоти Тоҷикистон ба ришдорон ба он аст, ки риш як навъ иқдоми ҳамраъйӣ бо гурӯҳҳои террористӣ арзёбӣ мешавад, гуфт Абдулло Раҳмонзода. Навори суханронии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар мулоқот бо блогерон дар интернет нашр шуд.
“Ҳаракати мамнӯи “Толибон”, ки ҳукумати мардумиро дар Афғонистон сарнагун кард, ҳоло фаъолона ришро тарғиб мекунад. Агар як шаҳрванди ҷавони тоҷик мисли Толибон риш мегузорад, пас ин бешак як навъ иқдоми ҳамраъйӣ бо онҳост.
Бо гузоштани риш онҳо паём медиҳанд: мегӯянд, биёед, ақидаҳои шуморо қабул мекунем, дар ин ҷо ҷонибдорони шумо ҳастанд. Ҳамин тариқ, мо ба давлатдории худ хатар эҷод мекунем. Риш ҳам аҳамияти сиёсӣ дорад. Мо бояд ба хотири таъмини амнияти миллӣ ба ин гуна корҳо таваҷҷуҳ зоҳир кунем”,- таъкид кард мансабдор.