Сардор Бердимуҳаммадов президенти Туркманистон субҳи имрӯз, 10-уми май бо як сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни ин сафар мулоқоти сарони ду кишвар баргузор шуда, дар ҷараёни он президентҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин имзои санадҳои нави ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан сафари президенти Туркманистон ба Душанбе рӯзҳои 10-11 апрел пешбинӣ шуда буд, аммо ба далели даргузашти бибии Сардор Бердимуҳаммадов ба таъхир афтод.
Рӯзи 8 май қабл аз сафари Бердимуҳаммадов дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Туркманистону Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он беш аз 20 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид.
Дар робита ба сафари президенти Туркманистон субҳи имрӯз, 10-уми май ҳаракат дар роҳҳои марказии шаҳри Душанбе маҳдуд гардиданд, ки дар натиҷа тамбашавии воситаҳои нақлиётиро ба вуҷуд овард.