Заррина Қосимова, зани 38 сола аз ноҳияи Темурмалик то синфи 9 дар мактаби миёна таҳсил кардааст. Ҳанӯз маълумоти иловагие нагирифта, бо тасмими хонавода зуд ба шавҳар баромадааст. Баъди 4 соли зиндагӣ шавҳари Заррина мефавтад ва ӯ бо як писараш ба хонаи волидон меояд.
Бадбахона, ӯ дертар падарашро ҳам аз даст медиҳад. Соли 2009 ду бародари 20 ва 25 солааш аз дуди генератори барқӣ мефавтанд. Акнун дар оилаи онҳо касе аз мардҳо боқӣ намонд. Танҳо Заррина модар ва фарзанду 8 хоҳари дигараш.
Сабақ аз рӯзгори сангин
Маълум аст, ки барои чунин хонавода зиндагӣ душвор мешавад. Заррина ҳамчун фарзанди калонӣ мебоист оиларо таъмин намояд. Азбаски маълумоти олӣ надошт, кор пайдо намекард.
“Ман дар ҳамин раванд пай бурдам, ки таҳсил накардани духтарон воқеан ҳам барои онҳо мушкилӣ меорад. Бахусус, дар минтақаҳои дурдаст, ки қариб корхонаҳои саноатӣ надоранд”,- мегӯяд Зарина.
Аммо зиндагии ӯ барои дигар хоҳаронаш сабақ шуд. Хоҳаронашро аввал соҳиби маълумот намуда, баъд ба шавҳар доданд. Дар натиҷа хоҳаронаш ҳоло соҳиби ихтисос буда, дар бахшҳои гуногун фаъолият доранд.
Мудири шӯъбаи шуғли аҳолии ноҳияи Темурмалик Музафар Мирзоев низ мегӯяд, солҳои охир муроҷиати занон барои пайдо кардани ҷойи кор хеле зиёд шудааст.
“Мо онҳоро рӯйхат карда, дар вақти муносиб даъват мекунем. Ба мо борҳо аз корхонаҳои ноҳияи Данғара рӯйхати ҷои кори холӣ пешниҳод намуданд. Мутаассифона на ҳама мехоҳанд ба ноҳияи дуртар раванд”,- афзуд Мирзоев.
Албатта Заррина ҳам бекор намонд. Ӯ як муддат ҳамчун пешхидмат кор кард. Ҳоло дар беморхонаи бемориҳои сили ноҳияи Темурмалик ба сифати фаррош кор мекунад. Писараш Сулаймон ҳоло дар синфи 7-ум таҳсил дорад. Ба мактаби мусиқӣ меравад. Дар баробари таҳсили хуб мехоҳад навохтани асбобҳои мусиқиро ёд гирад. Ӯ боварӣ дорад, ки бо ин васила метавонад маблағи иловагӣ пайдо кунад.
“Писарам аллакай дарк кардааст, ки зиндагии имрӯза осон нест. Ӯ мехоҳад табиб шуда, модараш ва дигар беморони камбизоатро табобат кунад. Чунки ӯ медид, ки ман борҳо бемор шуда, дорувориро бо нархи гарон мехаридам. Баъзан, бо сабаби дасттангӣ табобатро нимкора мемондам”,– бо таассуф нақл мекунад Заррина Қосимова.
Зану мард ба таҳсил ҳақи баробар доранд
Модари Сулаймон асоси нокомии хешро дар зиндагӣ бо сабаби аз таҳсил дур монданаш мебинад. Ба гуфтаи ӯ агар дар вақташ ӯро волидонаш иҷозати таҳсил медоданд, шояд ҳоло барои пайдо кардани ҷойи кор азоб намекашид.
Сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Темурмалик Абдулвадуд Доробов зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ки дини мубини Ислом ҳам донишро барои марду зани мусалмон яксон фарз гардонидааст. Ӯ аз ҷумла аз ҳадиси Паёмбари акрам (с) мисол овард, ки мефармоянд: “Талаби илм барои марди мусалмон ва зани мусалмон фарз аст”.
Омори соли 2022 нишон медиҳад, ки тайи як соли охир дар ноҳияи Темурмалик 41 ҳолати бекор гардидани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам аз соли гузашта қариб, ки фарқият надорад.
Пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон меафзояд
Аз мушоҳидаҳои дигар бармеояд, ки шумораи заноне, ки баъди ҷудошавӣ ба таҳсили олӣ рӯ меоранд, афзудааст. Зеро аксарияти онҳо дарк намуданд, ки бе доштани ихтисос зиндагиро пеш бурдан мушкил аст. Барои ҳамин бештари бонувони хонавайроншуда, ҳатто аз бонкҳо қарз гирифта, шартномаи коллеҷу донишгоҳоро месупоранд.
“Ман бо пайдо кардани имкони мувофиқ дарҳол ба ягон муассисаи олӣ дохил шуда, таҳсил мекунам. Бовар дорам, донишгоҳ бароям ҳам ихтисос медиҳад, ҳам дӯстони нав ва ҳам ҷаҳонбинии дигар. Барои ҳамин аз ҳамаи духтарони ҷавон даъват менамоям, ки пеш аз издивоҷ ҳатман соҳибкасб шаванд”,- изҳори умед кард Заррина Қосимова.
Тибқи омор соли 2022 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 876 оила расман ақди никоҳи худро бекор карданд, ки нисбат ба соли 2021 (13 ҳазору 714 ақди никоҳ расман бекор карда шуд) 162 ҳолат бештар аст.
Ин дар ҳолест, ки дар вилояти Хатлон давоми соли гузашта зиёда аз 3 ҳазор ақди никоҳ бекор карда шудааст. Дар соли 2022 дар ин вилоят зиёда аз 21 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.
Сабабҳои пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон шарҳи гуногун дорад. Тибқи маълумоти оморӣ ин ҳолат сол аз сол меафзояд. Дар ин раванд занони зиёде баъди ҷудошавӣ зиндагии хеле мушкилро пушти сар мекунанд. Зеро қисми зиёдашон маълумоти олӣ надоранд. Аз ин сабаб наметавонанд кори муносибе пайдо карда, рӯзгорашонро мустақилона пеш баранд.
Шералӣ Давлатов, барои Your.tj