Саидэҳсон Ҷалолиён (Солиев), журналисти радиои “Тоҷикистон” дар Конфронси миллии бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар соли 2023 Ҷоизаи “Эътимод”-ро ба даст овард. Чорабинии мазкур имрӯз, 3-юми май дар меҳмонхонаи “Hilton”-и пойтахт баргузор гардид.
Пешбарии номзадҳо ба Ҷоизаи “Эътимод” аз 3-юми апрел оғоз гардида буд. Дар он номзадии чор нафар журналист пешниҳод гардида буд.
Ҷоизаи «Эътимод»–и Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон барои қадрдонии журналистони Тоҷикистон, ки дар воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, новобаста аз шакли моликияташон фаъолият доранд, таъсис дода шудааст.
Он соле як маротиба дар чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот – 3 май ба як нафар тақдим мегардад. Раёсати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аъзои Комиссияи Ҷоизаи «Эътимод» ва меъёрҳои баҳодиҳиро муайян мекунад.
Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон маблағ дорад, ки миқдори онро ҳамасола Раёсати Шӯрои ВАО муайян мекунад. Он ҳамчунин бо рамзи Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон диплом дорад.
Як журналист танҳо як маротиба метавонад ҷоизадори Ҷоизаи «Эътимод» гардад.
Соли гузашта ин ҷоизаро Далер Имомалӣ – рӯзноманигор ва блогери зиндонишудаи тоҷик гирифта буд.