fbpx

Дар Панҷакент падару духтар дар сӯхтори манзилашон ҷон доданд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-1
-1 points
Сӯхтор дар шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон
Акс аз сомонаҳои интернетӣ

Дар ҷануби Тоҷикистон президент корхонаи кимиёвиро дубора ба кор даровард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 25-уми апрел зимни сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар маросими ифтитоҳи корхонаи кимиёвии “Азот” иштирок кард.

Корхонаи кимиёвӣ дар Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” пас аз навсозӣ ба кор даромад. Ин калонтарин корхонаи кимиёвӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президент корхонаи номбурда ба рушди кишоварзии кишвар мусоидат хоҳад кард. Бо фаъол гардидани корхонаи “Азот” зиёда аз 1000 шаҳрванди кишвар, бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар “Азот” асосан истеҳсоли карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ ба роҳ монда шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар марҳилаи аввал 90 ҳазор тонна нурии минералиро ташкил медиҳад. Дар сурати пурра ба кор андохтани хатҳои технологӣ имкон аст, ки солона 123,6 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид истеҳсол карда шавад.

Талаботи солона ба нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон қариб 550 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” собиқ корхонаи нуриҳои азотии Вахш (ВАТЗ) мебошад. Он соли 1967 таъсис ёфтааст. Баъди аз фаъолият бозмондани ин корхона солҳои зиёд хоҷагидорони  мамлакат нуриҳои минералиро  пурра аз кишваҳои хориҷ бо нархҳои гарон ворид мекунанд. Ин раванд барои таъмини саривақтии соҳаи кишоварзӣ бо нуриҳои зарурӣ мушкил пеш оварда, ба рушди муназзами соҳа таъсир мегузорад.

Солҳои 2020 — 2022 ба мамлакат дар ҳаҷми 602 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид карда шудааст.

Ин нишондиҳанда дар 3 моҳи соли равон зиёда аз 23 ҳазор тонна дар ҳаҷми 10,6 миллион доллар мебошад.

Сдама дар назди “Шарқи озод”. Пиёдагард ба ҳалокат расид

Дар назди бинои “Шарқи Озод”, садамаи нақлиётӣ рух дод. Дар натиҷаи он як пиёдагарди шахсияташ номаълум ба ҳалокат расид. Дар ин бора ВКД иттилоъ додааст.

Садама дар Тоҷикистон

Ҳодиса шоми 23-юми апрел ба амал омадааст. Автомашинаи тамғаи “Лексус-АС 250”, таҳти идораи сокини шаҳри Душанбе Қувватов Анушервон, соли таваллудаш 2002, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Айнӣ ба кӯчаи Н. Қарабоев, дар рӯ ба рӯи бинои “Шарқи Озод” (ГЖК) пиёдагарди шахсияташ номаълумро пахш намудааст. Аз рӯи тахмин пиёдагард 50-55-сола менамояд.

“Дар натиҷа, пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,- омадааст дар хабар.

ВКД тафтишотро аз рӯи ин ҳодиса идома медиҳад.

Падару духтар дар сӯхтори манзилашон дар Панҷакент ҷон доданд

Дар натиҷаи сӯхторе, ки шаби 23 ба 24-уми апрел дар деҳаи Пули Гирдоби ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент ба амал омад, як марди 43-сола ва духтари нуҳсолааш ба ҳалокат расиданд. Аз рӯи нақли сокинони деҳа Шоҳрух Ҳамроев барои наҷоти духтараш худро ба коми оташ андохтааст.

Сӯхтор
Акс: Pixabay

Мақомот расман ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Вале аз рӯи нақли шоҳидони ҳодиса манзили зисти Шоҳрух Ҳамроев пурра ба коми оташ рафтааст. Ҳатто ба хонаи истиқоматии ҳамсояҳо низ хисорот овардааст.

Ба гуфтаи яке аз шоҳидон сӯхтор тахминан соатҳои дувоздаҳ ё яки шаб оғоз шудааст. Шоҳрух ҳамсар ва се фарзандашро аз дохили оташ халос мекунад. Вале духтари хурдиашро берун бароварда наметавонад.

“Бинобар ин, худро дубора ба дохили оташ зад. Афсӯс, ки падару духтар ҳар ду фавтиданд”,- нақл мекунад ӯ.

Вале аз рӯи навиштаи сокинони дигари Моғиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ Шоҳрух духтари нӯҳсолаашро низ аз коми оташ наҷот дода, рӯйи ҳавлӣ мебарорад. Вале аз сабаби нафас кашидани дуди зиёд ва сӯхтани қисми зиёди баданашон ҳар ду дар назди мардум ҷон медиҳанд.

“Ин ҳодиса хеле даҳшатнок ва риққатовар аст. Падар қарзи хешро иҷро кард, фарзандашро аз коми оташ берун овард, вале насибу рӯзиашон марг будааст”,- навиштааст корбари “Фейсбук” Акмал Юсуфов.

Сокинони дигари деҳа сабаби калон шудани масоҳати сӯхтор ва марги ду нафарро дар набудани мошини сӯхторхомӯшкунӣ дар ҷамоат ва мошини ёрии таъҷилӣ медонанд.

“Агар мошини оташнишон дар лаҳзаи зарурӣ меомад, шояд сӯхтор ин қадар калон намешуд. Бо зӯри мардум хомӯш кардани чунин оташи бузург ғайриимкон буд. Ёрии таъҷилӣ ҳам вақте аз Панҷакент расид, ки манаҳи Шоҳруху духтарашро баста будем”,- мегӯяд ин яке аз онҳо.

Ҳанӯз мақомоти шаҳри Панҷакент дар мавриди ин сӯхтор ва маблағи зарари расида маълумот надодаанд.

Навори муноқишаи хонандагони мактаб таҳқиқ шуд

Наворе, ки дирӯз, 24-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, ва дар он ҳолати муноқишаи хонандагони мактаб дида мешуд аз ҷониби РВКД дар шаҳри Душанбе таҳқиқ шудааст. Гуфта мешавад, ноболиғон хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Душанбе будаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки ҳодисаи мазкур санаи 24-уми апрел, тақрибан соати 12:40 дақиқа дар саҳни мактаб рух додааст. Хонандагони синфи 8 бо сабабҳои ночизе як нафар хонандаи синфи 7-и муассисаи мазкурро латукӯб кардаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур кормандони милитсия бо хонандагон суҳбату мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, масъулони муассисаи мазкур барои беаҳамиятӣ огоҳонида шудаанд.

Ҳамзамон, нисбати волидайни 3 нафар хонанда тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол карда шудааст.

Як кӯчаи пойтахт муваққатан баста мешавад

Ба иттилои шаҳрдории Душанбе шуруъ аз 28-уми апрели соли равон ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Соҳилии пойтахт манъ мешавад. Ин ҳолат ба корҳои таъмирӣ дар ин роҳ рабт дода мешавад.

Роҳ дар Душанбе

Сабаби роҳбандӣ гузаронидани корҳои таъмирӣ ва васли шабакаҳои муҳандисӣ дар роҳи автомобилгарди ин кӯча ба масофаи 700 метр хондаст.

Ба иттилои манбаъ, мувақатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари ин масир тағйирот ворид мешавад.

Дар феҳрасти мусофирбарҳое, ки хатти ҳаракаташон тағйир хоҳад ёфт, аз ҷумла хатсайри автобусии №81, микроавтобусҳои рақами 1, 3, 5А, 30, 42, 52, 57, 58, 81 ва 88 зикр гардиданд.

Тавзеҳ дода шуд, ки мусофирбарҳо таҳти рақамҳои номбаршуда, то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ, М.Қосимов, Фирдавсӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад.

“Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Соҳилӣ истифода баранд”, – омадааст дар иттилоия.

Маврид ба зикр аст, ки бо мурури зиёд шудани теъдоди худравҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳрдорӣ ҳамасола таҷдиду бунёди роҳҳоро амалӣ мекунад. Ба бунёди роҳҳои нав дар Тоҷикистон аз ҷумла соҳибкорон низ ҷалб мешаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend