fbpx

Ба як подполковник низ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Илова дар матни вокуниши Прокуратураи генералӣ

Ӯ сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ будааст ва ҳоло ба ҳабс гирифта шудааст.


-1
-1 points
Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Акси марбута аз бойгонии DW

Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба вокуниши худ дар бораи навори латукӯби сарбозон илова ворид кард. Мувофиқи он нисбати подполковник Лазуриев Нузхат низ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Ҳамчунин гуфта мешавад ин қисми ҳарбӣ дар минтақаи Ворух, сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон қарор доштааст.

Тибқи иттилои нав, 25-уми апрел нисбати сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ, подполковник Лазуриев Нузхат Хиззатович бо дастрасии моддаи 391 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда низ ба ҳабс гирифта шудааст.

Дирӯз, 24-уми апрел дар матни вокуниш дар бораи кушодани парвандаи ҷиноятӣ нисбати панҷ сарбози қисми ҳарбии 0215 Кӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумхурии Тоҷикистон навишта шуда буд.

“Нисбати гунаҳгорони номбурда бо дастрасии моддаи 373 қисми 2 бандҳои “б,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо ба ҳабс гирифта шуданд”,- омадааст дар иттилои сомонаи прокуратура.

Тибқи иттилои манбаъ, 15 декабри соли 2022 сержант Қосимзода Ҷ.А. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ – қаториҳо Азимов Ф.Б., Камолов А.Ш., Нозимов М.Б. ва Сайфуллоев Ҳ.Ҳ. қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров М.С., қаториҳо Чориев Б.Т., Каримзода З.Р., Амиров Н.Ф. ва Мусоев А.Т.-ро мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Гуфта мешавад, тафтиши пешакӣ бо парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Навори дилхароши латукӯби сарбозон 24-уми апрел дар фазои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Он вокуниши шадид ва хашми корбарони интернетро ба миён овард. Аз мақомот талаб карда шуд, ки гунаҳгорон дастгир ва ҷазои сазовор дода шаванд. Зоҳиран саҳнаи навор ҳамон ҳолати “дедавшина”-е буд, ки мақомот мавҷудияти онро ҳамеша рад мекарданд.

Дар навор дида мешуд, ки якчанд сарбоз чи тавр наваскаронро қатор карда бо мушту лагад, шаппотӣ ва тахта ба қисмҳои гуногуни баданашон мезаданд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Вазорати мудофиа ҷасади Ибодулло Додови 18-сола, сарбози ин вазоратро ба наздиконаш дар ноҳияи Восеъ супорида буд. Ӯ моҳи ноябри соли гузашта ба хизмат рафт ва ба гуфтаи наздиконаш, ҳангоми шустани ҷасад дидаанд, ки “аз пушти сараш зарб хӯрда буд”.

Дар ҳамин ҳол, аз 1-уми апрел дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ идома дорад, ки охири моҳи май анҷом меёбад. Мақомот то ҳол аз иҷрои 40 фоизи нақшаи даъват иттилоъ додаанд. Ба гуфтаи онҳо даъватшавандагон бо хоҳиши худ ба хизмат мераванд. Даҳҳо далели мавҷудияти “облава”, шеваи маҷбурӣ бурдан ба хизмати ҳарбӣ рад карда мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend