fbpx

Дар Тоҷикистон се наврас ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд

КҲФ ба волидон тавсия медиҳад, ки фарзандонашонро шиноварӣ омӯзанд ва таъкид мекунад, ки ҳанӯз мавсими шиноварӣ фаро нарасидааст.


0
Ғарқшавӣ дар Тоҷикистон

Давоми шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ се ҳолати ба ҳалокат расидани наврасон дар обанборҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҶТ хабар медиҳад.

“23 апрел ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда сокинони 12, 13 ва 14-солаи ноҳияи Варзоб, Ёвони вилояти Хатлон ва шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ғарқ шуда, ҷон бохтанд”,- омадааст дар хабар.

Ҷасади сокини 14-солаи шаҳраки Бӯстонро Раёсати КҲФ дар ноҳия ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ пайдо ва аз об берун оварда, ба наздиконаш супурда шуд.

Наҷотдиҳандагони Кумита ҷустуҷӯи ҷасади ду ноболиғ – сокинони ноҳияҳои Варзоб ва Ёвонро идома медиҳанд.

Илова бар ин, КҲФ қайд мекунад, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрор оид ба риояи чораҳои ҷиддии бехатарӣ ҳангоми қарор доштан дар минтақаҳои кӯҳӣ, на ҳама шаҳрвандон ин тавсияҳоро риоя мекунанд, ки боиси фоҷиа мегардад.

Сокини 21-солаи деҳаи Асбоби ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода, ки бо се дӯсташ дар мавзеи кӯҳии Чинордара истироҳат мекард, дар натиҷаи лағжиш аз баландӣ сарозер шуд. Номбурда аз ҷароҳатҳои бардоштааш ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидааст, менависад дафтари матбуоти КҲФ.

Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар хотиррасон мекунад, ки мавсими шиноварӣ ҳанӯз фаро нарасидааст.

Кумита ба волидон тавсия медиҳад, ки ба фарзандони худ дар бораи қоидаҳои бехатарӣ ва манъи шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда маълумот диҳанд.

“Ба кӯдакон шиноварӣ омӯзед! Дар ҳоли ҳозир об дар обанборҳо 13-14 дараҷа гарм аст, ки барои саломатӣ хатарнок аст”,- омадааст дар хабар.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend