fbpx

Заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод

Дар Душанбе замин ба муддати тақрибан 20-25 сония ларзид.


2
2 points
Заминларза дар Тоҷикистон
Иллюстрационное фото

Дар қаламрави Тоҷикистон субҳи панҷшанбеи 23-юми феврал заминларзаи шадид эҳсос шуд.

Ҳодиса соати 5:40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рух дод. Дар Душанбе замин ба муддати тақрибан 20-25 сония ларзид.

Сокинони дигар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ шиддати зилзиларо ҳис карданд.

Зилзила дар Чин, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳам ҳис шудааст

Ба гуфтаи Маркази зилзилашиносии Амрико, маркази зилзила дар 47-километрии Аличури Мурғоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон мебошад. Қувваи зилзила дар маркази он 6,8 балл будааст.

Хабаргузории “Рейтерз” ба нақл аз телевизиони давлатии Чин шиддати ин зилзиларо 7,2 дараҷа гузориш додааст.

То ба ҳол дар мавриди хисороти ин заминҷунбӣ маълумоте ба даст нарасидааст.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад. Дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend