fbpx

Беш аз 7 млн сомонӣ кӯмакпулӣ ба ҷавононе, ки дар артиши Тоҷикистон адои хидмат кардаанд

Дар соли 2023 ба маблағи 17,5 млн сомонӣ кӯмакпулӣ пешбинӣ гардидааст.


0
Хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Беш аз 11 ҳазор нафар ҷавон, ки хидмати ҳарбиро адо намудаанд, дар соли 2022 зиёда аз 7,150 млн сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба омори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон менависад.

Давлат Носирзода, муовини аввали директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, кӯмакпулӣ ба шаҳрвандоне, ки аз сафи Нерӯҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ё дигар сохторҳои низомӣ рухсат шудаанд, ба маблағи 600 сомонӣ тӯли се моҳ пардохт карда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ дар соли 2023 барои шаҳрвандоне, ки аз хидмати ҳарбӣ рухсат мешаванд ва аз муассисаҳои иҷрои ҷиноӣ озод мешаванд, ба маблағи 17,5 млн сомонӣ кӯмакпулӣ пешбинӣ гардидааст. Барои дарёфти кӯмакпулӣ пешниҳоди билети ҳарбӣ ва барои шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ озод шудаанд, маълумотномаи озодшавӣ зарур аст.

Ба таъкиди номбурда дар сурати пурра пешниҳод намудани асноди лозима аз ба шаҳрванд аз рӯйи ихтисос ҷойи кор пешниҳод карда мешавад. Агар шаҳрванд соҳиби ихтисос ва ё касб набошад, бо касбомӯзии ройгон бо пардохти стипендия фаро гирифта мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон соли 2022 ба 13 ҳазор нафар ба маблағи 9,6 млн сомонӣ кӯмакпулӣ барои давраи бекорӣ таъйин ва пардохт гардид, ки ин ба 121,1 дарсади нақшаи солонаи барнома баробар аст.

Ба иттилои ин ниҳод шаҳрвандоне, ки аз корхона, ташкилоту муассисаҳо бо сабаби барҳамхӯрӣ ва ё ихтисор намудани ҳайати корӣ аз кор озод шудаанд, барои бекорӣ дар моҳи аввал дар ҳаҷми 50% музди миёнаи меҳнат аз ҷойи кори охирин, моҳи дуюм дар ҳаҷми 40% ва моҳи сеюм дар ҳаҷми 30% музди миёнаи меҳнат кӯмакпулӣ пардохт карда мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend