fbpx

Шикояти қариб 200 мард аз хушунати хонаводагӣ дар соли гузашта дар Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ки дар муқоиса бо соли гузашта теъдоди шикоятҳо коҳиш ёфтааст.


0
Хушунат нисбати мардон
Акс аз интернет.

Соли 2022 Тоҷикистон зиёда аз 1,6 ҳазор шаҳрванд ба Маркази пешгирии хушунат ва баробарии гендерӣ муроҷиат кардаанд. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора маълумот дод.

Ба гуфтаи ӯ аз ин шумора 199 мард ва 1422 зан аз хушунати хонаводагӣ шикоят кардаанд.

Ӯ гуфт, ҳамагӣ дар як сол 3397 муроҷиати шаҳрвандон дар мавриди хушунат дар хонавода санҷида шудааст. Гуфта мешавад, ки дар муқоиса бо соли гузашта теъдоди шикоятҳо коҳиш ёфтааст.

«Бо 1040 нафари онҳо суҳбати телефонӣ ва бо 581 нафарашон мулоқоти инфиродӣ гузаронида шуд. Ба 821 нафар машваратҳои равоншиносӣ ва ба 800 нафар машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуд», – афзуд Ҳилолбӣ Қурбонзода.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend