fbpx

24 мавриди фавти зани ҳомиладор дар Хатлон давоми як соли охир

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0

Масҷиди калон эҳтимол то нимаи сол ифтитоҳ шавад

Масҷиди нави Душанбе, ки бо маблағгузории давлати Қатар сохта шудааст, эҳтимол дар семоҳаи дуввум (апрел-июн)-и соли равон кушода шавад.

 

Масҷиди калонтарин дар Тоҷикистон

Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин хабар дод ва гуфт, дар ин вақт як сафари расмии ҳайати давлатии Қатар низ дар назар аст.

“Эҳтимол бо ширкати ҳамин ҳайат масҷиди нави Душанбе расман боз шавад”-, гуфт Давлатзода дар нишасти хабарии имрӯза.

Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон  бо мусоидати раисҷумҳури Тоҷикистон амалӣ шуд. Ӯ моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони он санги асос гузошта буд.

Бунёди ин масҷид дар Душанбе моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, 9 сол идома ёфт. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро ҳукумати Қатар ҷудо кард.

Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин иборат аст.

Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра, ҳамчунин боз 20 манораи хурду калон иборат аст.

Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти динии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Марги афсари тоҷик дар Ишкошим тасодуфӣ будааст

Сабаби марги як фармондеҳи марзбонӣ дар Ишкошим расман аз тарафи мақомот тасодуф эълон шудааст.

Ҷасади Бахтовар Хоҷамаликови 29-сола, майор ва фармондеҳи як бахши марзбонӣ дар ноҳияи Ишкошимро рӯзи 12-уми декабри соли гузашта ба наздиконаш дар ноҳияи Айнӣ супурданд.

Ниёзмалик Хоҷамаликов, падари афсар, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, мақомот сабаби марги ӯро дар садама “беэҳтиётии як сарбоз номидаанд, ки ҳангоми ба қафо рондани мошин фармондеҳи худро зер кардааст.”

Ба гуфтаи падари марзбон, писараш зери чархи мошин монда, дилаш кафидааст.

Бахтовар Хоҷамаликов як бахши марзбониро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон фармондеҳӣ мекард. Аз ӯ чаҳор кӯдак мондааст.

24 мавриди фавти зани ҳомиладор дар Хатлон давоми як соли охир

Дар як соли охир дар вилояти Хатлон 24 марвиди марги занони ҳомила ҳангоми таваллуд сабт шудааст.

Ба гуфтаи масъулони Раёсати тандурустии Хатлон зимни нишасти хабарӣ ин рақам дар муқоиса ба соли 2021 чаҳор ҳолат зиёд аст.

Шаидулло Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, гуфт, марги навзодон назар ба солҳои пеш кам шудааст.

Дар гузашта марги шаш зан бо тифли батнашон дар ноҳияи Қубодиён боис ба барканории ду масъули соҳаи тандурустӣ дар минтақа шуда буд.

Як сабаби марги занон ҳангоми таваллуд бемории камхунӣ ва мушкили иқтисодиву набудани ғизои солим гуфта мешавад.

Дар Дубай тоҷикеро ҷустуҷӯ доранд, ки дар лотерея 1 млн доллар бурд кардааст

Зодаи Тоҷикистон бо номи Абдувалӣ Аҳмадалӣ (Abduvali Akhmad Ali) дар бозии навбатии 143-юми лотереяи Dubai Duty Free Millennium Millionaire, ки рӯзи 1 феврал дар терминали 2-юми фурудгоҳи байнулмилалии Дубай – бузургтарин майдони ҳавоии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, 1 миллион доллар бурд кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории Фергана бо истинод ба дафтари матбуоти фурудгоҳ.

Доллар
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Нашрияи Gulf News-и Аморот иттилоъ медиҳад, ки Аҳмадалӣ ҳоло аз худ хабар надодааст, лекин барои гирифтани бурд метавонад ба маъмурияти баргузории бозии лотерея муроҷиат кунад.

Ба иттилои нашрия, билети бурдкардаи лотереяро бо арзиши 1 ҳазор доллар таҳти рақами 4226 Абдувалӣ тариқи Интернет 16 январи соли равон харидааст. Ӯ аввалин зодаи Тоҷикистон аст, ки дар бозии лотереяи фурудгоҳи Дубай 1 млн доллар бурд кардааст.

Зодаи Шри-Ланка Ясас Налин Патирана (Yasas Nalin Pathirana), ки бо билеташ зери рақами 0906 дар силсилаи “Туҳфаҳои ҷолиб” (Прекрасные сюрпризы) ба сифати ҷоиза мотосикли тамғаи BMW R nineT Pure-ро бурд кард, низ ҳоло аз худ хабар надодааст.

Аммо хабарнигорони Gulf News тавонистаанд дар бораи зодаи 48-солаи Ҳиндустон Амит Сараф (Amit Saraf), ки дар ҳамон силсилаи “Туҳфаҳои ҷолиб” бо билети лотереяи рақами 0115 мошини Mercedes Benz S500-ро бурд кард, маълумоти кофӣ ба даст оранд.

Сараф гуфтааст, рӯзи 12 январ дар роҳ ба пойтахти Ҳиндустон Ню-Дели 6 билети лотерея харидааст. Қобили зикр аст, ки ӯ аллакай якчанд сол дар бозии лотереяи Dubai Duty Free Millennium Millionaire иштирок карда, 20 январи соли 2021 ҷоизаи асосии 1 млн долларро бурд кардаст. Пас аз гирифтани маблағи бурдкардааш Сараф аз Бангалор ба Дубай омада, ширкати савдои худ тариқи интернетро низ ба ин ҷо кӯчонидааст.

“Замоне бурд дар ин лотерея ба ман имкон дод, ки аз Ҳиндустон ба Дубай кӯчам. Ин бозии лотереяро яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон медонам ва он имрӯз ба ман бори дуюм хушбахтӣ меорад”, – изҳор доштааст Сараф ба рӯзноманигорон.

Лотереяи Dubai Duty Free Millennium Millionaire аз соли 1999 баргузор мешавад. То имрӯз намояндагони аллакай 49 кишвар ҷоизаи асосии он – 1 млн долларро бурд кардаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend