Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёинажод аст. Ба ақидаи муаррихон он таърихи беш аз 5 ҳазорсола дорад. Дар гузашта Садаро ҳамчун нишона аз поёни сардиҳои шадид ва пешвози баҳору гармӣ дар оғози шоми 10 – уми моҳи Баҳман ҷашн мегирифтанд.
Аз таҷлили Сада то ҷашни Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мемонад. Ба ақидае номи Сада низ аз ҳамин шумора бармеояд. Имсол ҷашни Сада дар Боғи ба номи Фирдавсии пойтахт рӯзи 28-уми январ таҷлил мегардад.
Сада чӣ гуна ҷашн аст?
Ба андешаи пажӯҳишгарони тоҷик, ҷашни Сада бо пайдоиши оташ иртибот дорад. Дар баъзе аз маъхазҳои бостонӣ омадааст, ки бо пайдо шудани оташ мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб кардаанд.
Ин, аз як тараф, ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед аст. Аз тарафи дигар, ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Маҳз ҷашни Сада барои арҷгузорӣ ба Хуршед ва нуру рӯшноӣ асос гузоштааст. Ин боис бар он гаштааст, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намуда, онҳоро ситоиш кунанд.
Аз таърихи пайдоиши Сада
Нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада марбут ба замони меҳрпарастӣ аст. Таърихи он ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Ин ҷашн ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад.
Аз замонҳои қадим Иди Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, яъне рӯзи 10 – уми баҳманмоҳ, мувофиқ ба санаи 30 – юми январ ҷашн гирифта мешуд.
Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3 – ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.
Ба таъкиди фолклоршиносони тоҷик, он дар фарҳанги шифоҳӣ ва устураҳо арзи ҳастӣ намудааст. Маҳз тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Ҳарчанд дар ин маврид назарҳо мухталиф бошанд ҳам, ин ҷашн аз қавми ориёиҳо сарчашма гирифтааст. Рамзи асосии он Хуршед ва оташ аст, ки ба табиат рӯшноӣ ва зиндагӣ ато мекунад.
Сада – поёни сардиҳо ва наздикшавии баҳору гармӣ
Тибқи маъхазҳои таърихӣ, ориёиҳо ҷашни Садаро дар замоне баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим, дар ин вақт сармо ба авҷи баланди худ мерасид. Сипас ҳаво тадриҷан ба самти гармӣ майл мекард.
Барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвояшон аз сардӣ эмин бимонад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмуз меафрӯхтанд. Бо ин роҳ гӯё дар он қувваҳои бадиро сӯхта нобуд месохтанд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштааст. Нармию гармӣ аз нав вориди рӯзгори мардум шудааст.
Аз Сада то Наврӯз
Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он маъмул будааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, бавижа славянтаборон ҳамчун ҷашни “Масленница” роиҷ будааст.
Мардуми ориёитабор бошанд, чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми Баҳман, чун Сада ҷашн мегирифтанд. Пас аз 50 рӯз, яъне 21 – уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври оммавӣ ҷашн мегирифтаанд, ки он рӯз Наврӯз аст.
Барои ҳамин ҳам дар шарҳи ин мафҳуми Сада асосан калимаи “сад” – ро ба ёд меоранд. Он фосилаи аз замони таҷлили ин ҷашни бостонӣ то иди Наврӯзро ифода мекунад.
Оинҳои ҷашни Сада
Мардуми ориёӣ замоне ба ойини Меҳр ё Митро гаравида буд. Таҷлили Сада низ аз ҳамон ойин сарчашма мегирад. Таърихи пайдоиши онро аз 3 то 5 ҳазор сол пеш аз оини Зардуштӣ медонанд. Дар мазҳаби Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд ва то замони мо расид.
Гузаштагони мо дар ин рӯз ҷашн меоростанд. Тамоми шаб гулхан афрӯхта, дар гирди он рақс мекарданду суруд мехонданд. Ҷашни Садаро мардуми ориёинажод гуногун пешвоз мегирифтанд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст.
Дар даҳумин рӯзи баҳманмоҳ бо оташ афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ аз боми хонаи худ ё аз баландии кӯҳистон ҷамъ меоварданд, ин ид оғоз меёфт. Маросими ҷашнӣ ҳамеша бо ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо бо оташафрӯзии бузурге баргузор мегардид. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум ба якдигар кӯмак мекарданд. Ба ҳамин тартиб ҷашни Сада барпо мегардид.
Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он анъана будааст. Имрӯз дар саросари Тоҷикистон, ҳамчунин дар Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Узбекистон, Қирғизистон ва ҳар он ҷойе, ки тоҷикон ва форсизабонон зиндагӣ мекунанд, ин ҷашн таҷлил мешавад.
Таҷлили Сада дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон солҳои истиқлолияти давлатӣ чандин анъана ва ҷашну маросимҳои қадима, аз ҷумла иди Сада аз нав эҳё гардид. Он ҳамасола 30 –юми январ ба таври оммавӣ дар саросари мамлакат таҷлил мешавад. Аз соли 2018 ҳамчун иди расмӣ эълон шудааст.
Дар ин рӯз боғҳои фарҳангию фароғатии тамоми минтақаҳои кишвар намои идона мегирад. Таҷлили бошаҳомати ҷашни Сада дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ намояндагони касбу кори гуногун ва дастаҳои ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои кишвар ҷамъ меоянд.
Ин ҷо намоиши ниҳолҳо, тухмии зироат, анвои гуногуни таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои фарҳангию бозиҳои миллӣ баргузор мешавад. Оташи рамзӣ афрӯхта мешавад.
Ба хотири ин ҷашн дастархони идона ороста мешавад. Дастархони идонаи Сада аз таомҳои зимистона, анвои меваҳои хушк ва шириниҳои суннатӣ иборат мебошад. Дар он танҳо маҳсулоти хӯроквории анъанавӣ гузошта мешаванд.
Ба таомҳои зимистонии маъмул оши палав, ширбиринҷ, қурутоб, равғанҷӯш, бат ва ғайра дохил мешаванд. Меваҳои хушк, аз қабили мавиз, ғулинг, донашӯрак, бодому писта, чормағз, олучаи хушк, тутмавиз ва ғайра унсурҳои дастархони ҷашни Сада ба шумор мераванд.
Ниёгони мо пас аз гузаронидани ҷашни Сада ба ниҳолшинонӣ, шохчабурӣ, ба тартиб овардани дарахтону буттаҳо ва гулҳо машғул мешуданд. Ин анъана имрӯз ҳам идома меёбад.
Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки ҷашни Сада ва Меҳргонро барои сабти ном ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Созмони илм, маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кунад.
Ҷашни Сада дар Эрон
Дар Эрон Сада хеле муҳим ва густурда ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн соли 2011 ба феҳристи мероси маънавии Эрон ва соли 2018 ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии Эрон дохил шудааст.
Ҳар сол бошукӯҳтарин ҷашни Садаро зардуштиёни Кирмон дар маконе бо номи Боғи Будоғобод бо ҳузури оммаи васеъ барпо мекунанд.
Ин ҷашн барои гиромидошти оташ ва ҳифзи одамон аз қувваҳои зулмот ва сармо маънидод мешавад. Шоми таҷлили Сада мардум дар кӯчаҳо ҷамъ мешаванд. Оташ афрӯхта, суруд мехонанд ва рақсу бозӣ барпо мекунанд. Дар баъзе ҷойҳо, инчунин намоишҳои мусиқӣ ё театрӣ низ баргузор мешаванд. Имрӯзҳо дар саросари Эрон, ба хусус дар Кирмон, Язд, Теҳрон, Шероз ва Исфаҳон Сада ҷашн гирифта мешавад.
Қурбоной Муқим