fbpx

Ба мисли Уқёнуси яхбастаи Шимолӣ. Яхбандии обанбори “Баҳри тоҷик”

Дар болои баҳр аз лаби соҳил қариб 100-150 метр дур рафтан мумкин аст.


1
1 point

Оби обанбори Қайроқум, ё худ “Баҳри тоҷик” ҳадде ях бастааст, ки дар болои он роҳ ратфан имкон дорад.

Дар Хуҷанд имрӯз, 16 январ ҳарорати ҳаво мисли дигар минтақаҳои кишвар каме боло рафт. Давоми рӯз Офтоб нурпошӣ мекард. Аммо ҳанӯз ҳам сатҳи обанбори Қайроқум яхпӯш аст.

Муаллифи Your.tj ба ду нуқтаи “Баҳри тоҷик” рафт ва бо сокинони шаҳри Гулистон, ки  дар наздикии обанбор зиндагӣ мекунанд,  ҳамсуҳбат шуд.

Яхбандии обанбори Қайроққум
Соҳил. Наздикии минтақаи “Боғи тошкандӣ” (дача Ташкентский)

“Ҳама ҷои баҳр ях накардааст”

Лола ном бонуи 50 – сола дар дорухонаи шафати Маркази ташхисӣ – табобатии шаҳри Гулистон кор мекунад. Ӯ мегӯяд,  ки дирӯз яхбандии оби баҳрро мушоҳида кардааст. Аз вақте ки вай дар шаҳри Гулистон корро сар кард, ҳанӯз 10 сол сипарӣ нашудааст. Холаи Лола ёд надорад,  ки кай охирон бор оби баҳр ях карда бошад.

“Фикр мекунам, яхҳо як – ду рӯзи оянда бояд об шаванд. Чунки нури Офтоб баромад. Ҳавои хунук ба дили ҳама зад. Ҷумак (кран) – и оби дорухона ях кард. Як ҳафта боз ҳол чунин аст.

Ёд надорам, ки кай чунин яхбандӣ шуда буд. Хайрият, ки ҳама ҷои баҳр ях накардааст. Агар баҳр ба пуррагӣ ях мекард, шояд дар кори истеҳсоли барқ низ мушкилӣ пеш меомад. Хайр, пагоҳ ё пасфардо ҳаво гарм шуда, яхҳо об мешудагист”, – умед дорад Лола.

Соҳили "Баҳри тоҷик"
Соҳили “Баҳри тоҷик”

“15 сол пеш баҳр ях карда буд”

Моҳира – холаи 58 – сола  сокини кӯчаи Комсомолскийи шаҳри Гулистон аст. Кӯчаи онҳо низ дар наздикии соҳили баҳр аст. Вай аз хотираҳои худ гуфт,  ки тахминан 15 сол пеш оби баҳр ях баста буд. Бачаҳои хурдияш, ки он вақт наврас буданд,  болои оби яхкардаи баҳр яхмолак бозӣ мекарданд.

“Имсол ҳаво  хунуки сахт шуд. Ях кардани оби баҳр ҳам беҳуда нест. Ҷумаки оби даруни хона ях кард, чӣ расад ба оби баҳр. Дирӯз ҳангоми ба осоишгоҳ рафтанам, дидам, ки баҳр ях кардааст. Баъди чандин солҳо боз ин ҳолатро дидам.

Аслан, қариб 15 сол боз ин хел хунукӣ нашуда буд. Зимистон кори худашро карда истодааст”, – афзуд холаи Моҳира.

Яхбандии обанбор
Сатҳи яхбастаи баҳр

“Аввалин бор ях кардани баҳрро мебинем!”

Бежан ва Шаҳбоз ҷавонони 17 сола буда, дар мактаби  рақами 1 – и шаҳри Гулистон мехонанд. Хонаи онҳо назди минтақаи “Боғи Тошканд” (дача Ташкентский), ки дар назди соҳил аст, ҷойгир мебошад.

Онҳо дар болои оби яхкардаи баҳр қадам мезаданд. Аз лаби соҳил қариб 100-150 метр дур рафта буданд. Мо низ онҳоро пайгир шуда, болои оби баҳр, ки қабати ғафси ях пӯшонидааст, қадам задем. Бежану Шаҳбоз дар ҳаяҷон буданд, чун аввалин бор болои баҳр истодаанд.

Аз соҳил дуртар
Дуртар аз соҳил, дар болои баҳр

“Мо пештар аз волидони худ мешунидем, ки оби баҳр ях мекард. Дар болои он яхмолакбозӣ ва хоккей бозӣ мекардаанд. Ин барои мо афсона буд. Имрӯз мо низ дар болои ях қадам задем ва ба нақлҳои калонсолон бовар кардем. Мо барои он болои оби яхкарда қадам задем, то бинем, ки оё дар таги ях моҳиро мушоҳида мекунем ё не. Мутаассифона, моҳиро надидем, чун ях ғафс аст. Кай ях об мешавад, намедонем”, – гуфтанд онҳо.

Аксгирӣ дар соҳили баҳр
Аксгирии одамон дар соҳил

Тавре мушоҳида шуд, дар наздикиҳои соҳил бархе сокинони ҷавону миёнсол аз нақлиёти шахсӣ фаромада, дар болои  оби яхкардаи баҳр сурату навор мегиранд. Чун онҳо  бори нахуст бо чашми сар ях кардани оби баҳрро мебинанд.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
8
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend