Раиси шаҳри Бохтар, Сиҷоуддин Саломзода аз курсии раисӣ барканор шуд. Файзулло Баротзода, ки то ин дам раиси ноҳияи Лахш буд, ба ҷои ӯ таъин гаридааст. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Самӣ Шариф низ аз вазифа озод шудааст.
Ба навиштаи “Азия плюс” тағйироти навбатии кадрӣ имрӯз, 11-уми январи соли равон оғоз шуд.
Гуфта мешавад, муовини раиси ноҳияи Данғара, Киромиддин Холзода, ҳамакнун ба вазифаи раиси ноҳияи Лахш таъин шудааст.
Маълум нест, ки Сиҷоуддин Саломзода ба кадом мансаб таъин гардидааст.
Ҳамчунин, Нурулло Мирзозода, ки то ин дам ҳамчун муовини раиси шаҳри Бохтар кор мекард, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ таъин шудааст. Ӯ аз ин мансаб Бозоралӣ Одиназодаро иваз кардааст. Маълум нест, ки Одиназода ба кадом мансаб таъин шуд.
Ба иттилои манбаъ Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод гардид. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ таъин гардидааст.
Шариф Самӣ моҳи январи соли 2017 раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъин шуда буд. Шариф Самӣ дар гузашта дар мансабҳои муҳиме, ба мисли раиси ширкати “Барқи Тоҷик” ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари ҳозира) кор кардааст.
Гуфта мешавад, ки тағйироти кадрӣ дар сатҳи роҳбарони шаҳру навоҳии дигари кишвар низ ҷой дорад. Вале фармони расмии барканорӣ ва таъини мансабдорони нав ҳоло нашр нашудааст.
Файзулло Баротзода қаблан дар вазифаҳои гуногуни ҳукумати шаҳри Бохтар то муовини аввали раиси шаҳр фаъолият карда буд. То таъинаш ба вазифаи раиси ноҳияи Лахш муовини аввали раиси ноҳияи Рӯдакӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми январи соли равон бо қарори ҳукумат ва фармону амрҳои президенти кишвар чанде аз мансабдорони сатҳи баланд аз вазифа озод ва чандеи дигар ба вазифаҳои нав таъин гардида буданд.
Аз ҷумла, Қурбон Ҳакимзода, ки чор соли охир раиси вилояти Хатлон буд, аз вазифа озод гардид. Ба ҷои ӯ, ҳамакнун собиқ муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид раиси вилоят таъйин гардид.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, ҳамакнун раиси собиқи Агентии омори Тоҷикистон вазири меҳнат таъин гардид.
Ба ҷои Ҳасанзода Гулнора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз вазифа озод гардида буд, таъйин шудааст.