fbpx

Падари 66 – сола ба то дами марг латукӯб кардани духтари 11 – солааш гумонбар мешавад

Сабаби латукӯб гум шудани маблағи падар шарҳ дода шудааст.


1
1 point
Скриншот аз гузориши "Ахбори ВКД"

Кормандони милитсия як сокини шаҳри Душанберо ба иттиҳоми куштор боздошт кардаанд. Падари 66 – сола духтари 11 – солаи худро латукӯб  карда, ба  ҳалокат расонидааст.

Аз гузориши телевизионии барномаи “Ахбори ВКД” бармеояд, ки ҳодиса рӯзи 28 октябр дар хонаи як сокини ноҳияи Шоҳмансур рух додааст.

Дар ин рӯз Гурезов Саид Шарифовичи 66-сола пулеро, ки барои харидани доруву табобат ҷамъ карда буд, наёфт. Гуфта мешавад, ки солҳои охир ӯ сахт бемор буд.

Номбурда ба дуздии пул духтари хурдии 11 – солааш – Мадина Саидоваро муттаҳам карда, ӯро дар ҳолати шадиди рӯҳӣ бозпурсӣ кардааст.

Гумонбаршуда барои иқрор шудани Мадина дар бораи ба куҷо пинҳон кардани маблағҳо ӯро бо чӯб ва камарбанд сахт латукӯб кардааст. Ин ашё баъдан аз ҷониби милистсия ҳамчун далели шайъӣ дарёфт шудаанд.

Мадина Саидова бар асари латукӯб дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, падараш, ки ӯро то дами марг лату кӯб карда буд, боздошт шудааст.

Суди шаҳри Душанбе алайҳи Гурез Саидов бар асоси моддаи 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда, тафтишот идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend