fbpx

Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе интиқоли об муваққатан қатъ мешавад

Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки об захира намоянд.


0

Дар робита ба корҳои таъмирӣ аз соати 23:00-и 12 октябр то 00:00-и 13 октябр интиқоли об қатъ карда мешавад.

Дар ноҳияи И.Сомонӣ:

Дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва Хуҷамбиёи поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, К.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибй, У.Хайём ва Сари Осиё.

Дар кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамова, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз чорроҳаи кӯчаи Умари Хайём то кӯчаи Самад Ғанӣ).

Ҳамчунин, дар ҳудуди боғи ба номи С.Айнӣ ва “Шаҳраки шифобахш” об қатъ мегардад.

Дар ноҳияи Шоҳмансур:

Дар маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон – 1 ва 2

Дар кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзигулов, А.Раҷабов ва С.Айнӣ (биноҳои аз 1 то 77).

Дар ноҳияи Сино:

Дар маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшони 1 ва 2, Испечак.

Дар маҳаллаҳои Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи Боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон – 1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Карамишикор ва Бобо Ҳамдам.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ:

Дар кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, аз кӯчаи Н. Қарабоев то Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24.

Инчунин дар маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор.

Аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва Директори корхонаи “Обу корези Душанбе” муваззаф гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии корхонаи “Обу корези Душанбе” бо қарори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 маҳдудияти интиқоли оби нӯшокӣ дар дигар маҳаллаҳо то 3 ноябр идома меёбад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0
Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend