fbpx

Кӯдаки навзодро дуздиданд – модараш ҳанӯз бехабар

Мухтасари хабарҳои рӯз


-2
-2 points

Маҳдудияти барқ оғоз шуд? “Барқи тоҷик”: “Таъмир  рафта истодаааст”

Як ҳафтаи ахир сокинон аз чанд минтақа, Турсунзода, Панҷакент ва Кӯлоб шикоят карданд, ки шабона ва рӯзона аз чор то шаш соат интиқоли барқ ба хонаҳояшон қатъ мешавад. Намояндагони ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ нашудааст ва моҳҳои оянда низ “лимит” дар назар нест.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 30-уми сентябр изҳор доштааст, ки ҳеҷ навъ лимит ҷорӣ нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияҳое, ки барқ барои чанд соат қатъ мешавад, он барои корҳои таъмирӣ дар системаи барқрасонӣ сурат мегирад.

Ин масъули “Барқи тоҷик” афзудааст, дар бархе ноҳияҳо зеристгоҳҳо ва симчӯбҳоро таъмир мекунанд ва дар бархе навоҳии дигар шохи дарахтонеро, ки ба симҳо мерасанд, мебуранд. Аз ин рӯ, ба қавли ӯ, барои чанд соат интиқоли барқ қатъ мешавад.

Дар Тоҷикистон панҷ соли ахир расман лимит ё маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ намекунанд, вале ҳар сол дар фасли сармо сокинон аз қатъи барқ шикоят мекунанд. Мақомот набуди барқ ба хонаи сокинонро ҳамеша ба “корҳои таъмирӣ” рабт медиҳанд.

Кӯдаки навзодро дуздиданд – модараш ҳанӯз бехабар

Кӯдаки навзодеро аз таваллудхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дуздидаанд. Ба иттилои як корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, ҳодиса шоми 23-юми сентябр рух дода ва мақомот дар пайи таҳқиқи ҳодиса ҳастанд. Волидони кӯдак сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳия буда, ин нахустин тифли онҳост. Таҳқиқи ин қазия шурӯъ шудааст.

Ба нақли корманди шуъбаи корҳои дохилӣ, падари кӯдак дар муҳоҷирати меҳнатист ва модари кӯдак, ки ҳангоми таваллуди бисёр азоб кашидааст, ҳамоно аз рабуда шудани писараш хабар надорад. Ба иттилои корманди милиса, ҳодиса замоне рух додааст, ки модари кӯдакро баъд аз ҷарроҳӣ ба шуъбаи эҳёи таваллудхона интиқол доданд.

Як манбаи дигар ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, “ҳамон рӯзе, ки ин тифл таваллуд шуд, маҳз дар ҳамин таваллудхона 16 кӯдаки дигар ба дунё омад, вале маълум нест, чаро маҳз ин кӯдак рабуда шудааст”. Дуздидани тифл дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст.

Моҳи марти имсол Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як занро бо гуноҳи одамрабоӣ ба бештар аз нӯҳ соли зиндон маҳкум кард, ки аз роҳи фиреб фарзанди думоҳаи зани дигарро дуздида буд.

Шавкат Бобозода баъди боздошт аз вазифаи директори Агентии содирот озод шудааст

Дирӯз, 29 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат Шавкат Бобозодаро аз вазифаи директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуд.

Шавкат Бобозода яке аз мансабдорони собиқадори ҳукумат буда, аз соли 2013 то 2019 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буд.

Бо фарқ аз матни қарорҳои дигари ҳукумат, ин навбат сабаби аз вазифа сабукдӯш кардани Шавкат Бобозода гуфта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки “Шавкат Бобозода ду ҳафта пеш боздошт шуда, зидди ӯ бар пояи банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда кушодаанд. Шавкат Бобозода ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳдорӣ шуда, парвандаашро муфаттишони Додситонии кул таҳқиқ мекунанд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин банди қонун ҷарима ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад

Наздикон ва ҳамкорони Шавкат Бобозода қазияро шарҳ надодаанд.

Соли 2019 аз мансаби  вазирӣ озод ва директори сохтори навтаъсиси  Агентии содироти Тоҷикистон таъйин шуда буд. Ин ниҳод соли 2018 таъсис шуда, содироти маҳсулотро аз кишвар назорат мекунад.

Эълони беш аз 2,6 ҳазор ҷойҳои корӣ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун»

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар доираи ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо намояндагони ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» мулоқот намуд.

Тавре аз маркази матбуотии вазорати меҳнат хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои фиристодани мутахассисон ба ширкатҳои сохтмонии нерӯгоҳи Роғун, музди меҳнати онҳо ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.

Зарурати таҷдиди назар кардани механизми ҷалби коргарон ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун, аз ҷумла тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ба кор ҷалб намудани коргарон ва ғайра таъкид шуд.

Ба иттилои вазорати меҳнат, ширкатҳои сохтмонӣ, ки дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун кор мекунанд, 2677 ҷойи корӣ бо маоши аз 2700 то 4100 сомонӣ, се вақт хӯроки гарм ва ҷойи хоб пешниҳод мекунанд.

Ба таври хусусӣ ширкатҳои «Тоҷикгидроэлектромонтаж», «Туннели Садди Ориёно», «Фарроб», «Нуроб – Сохтмон», «Сохтмони асосӣ», «Элитстрой» ва заводи механикии озмоишии шаҳри Норак чойҳои кории холӣ пешниҳод кардаанд.

Хоҳишмандон метавонанд аз намоишгоҳҳои ҷойҳои кории холӣ, ки ҳар ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мешаванд ва ё бевосита дар ҶСК «НБО Роғун» дидан намоянд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend