Як марзбони тоҷик дар тирпаронии имрӯза дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон кушта ва 5 нафари дигар бо ҷароҳати гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар ин бора манбаъ аз беморхонаи ҷомоати деҳоти Ворух итиилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, тақрибан соати 07:15 дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонони Қирғизистон ба сарҳадбонони тоҷик ҳамла сурат гирифт.
“Аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст”, – омадааст дар иттилоияи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон.
Расонаҳои қирғизӣ хабар медиҳанд, ки айни ҳол вазъ дар марз муташанниҷ буда, аз ҷониби марзбонони қирғиз касе осеб надидааст.
Айни ҳол роҳҳои Ворух бастаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марзӣ мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Ёдовар мешавем, ки бузургтарин задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади ду кишвар аз 28 то 30 апрели соли гузашта ба вуқӯъ пайваста буд, ки дар натиҷа ҳарду ҷониб талафоти зиёди ҷонию молӣ диданд.