fbpx

Ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ китоб ба китобхонаҳои ВМКБ фиристода шуд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Акс аз Вазорати фарҳанг

22 кушта ва 80 захмӣ. Сели маргбор дар Афғонистон

Мақомоту сокинони Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи борони сахт ва сел дар шарқи ин кишвар 22 нафар кушта ва 80 каси дигар захмӣ шудаанд.

Фалокати табиӣ киштзорҳои мардумро вайрон карда, ҳамчунин, чорвои онҳоро аз байн бурдааст.

Сел дар вилояти Ғазнӣ, Нангарҳор ва Лағмон омадааст, вале бештар аз ҳама ноҳияи Хушӣ дар вилояти Лугар осеб дидааст.

Дар ин бора мақомоти ҳукумати Толибон рӯзи 21-уми август хабар доданд.

Абдулло Муфаккир, яке аз раҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи Лугар, гуфтааст, ҳоло теъдоди қурбониён маълум нест, чун мардум ба берун кашидани ҷасадҳо аз зери вайронаҳо идома медиҳанд.

Дилоғо, яке аз сокинони ноҳияи Хушӣ, гуфтааст, сел хонаву киштзор ва чорвои мардумро нобуд кард.

Ҳафтаи гузашта сел дар Афғонистон камаш 31 нафарро кушт.

Ба китобхонаҳои ВМКБ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ китоб фиристода шуд

Ба Китобхонаҳои марказии ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон китобҳои нав тақдим карда шуданд.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ба китобхонаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии минтақава дар маҷмӯъ ҳудуди 3 ҳазору 440 нусха китобҳои тозанашр дода шуданд.

Гуфта мешавад, арзиши умумии китобҳои тозанашри тақдимшуда 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи амалисозии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”рӯзи 19 август ба маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ Корвони фарҳангии китоб ворид гардида, ҳамзамон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар намоиш-фурӯши китоб зиёда аз 530 номгӯй адабиётҳои илмӣ, соҳавӣ, сиёсӣ, тиббӣ, бадеӣ, бачагона аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон пешниҳод гардид.

Размикорони навраси тоҷик дар чемпионати ҷаҳон 7 медали тилло ба даст оварданд

Дар чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта IMMAF байни ҷавонон дар Амороти Муттаҳидаи Араб мунтахаби Тоҷикистон зинаи 3-юмро ишғол намуд.

Дар рӯзи охирини мумсобиқа Ислом Саидов дар вазни 52,2 кг байни варзишгарони синни 16-17-сола медали тилло ба даст овард, ки медали 7-уми тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар ин чемпионат аст.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои умумидаставӣ байни 42 кишвар мунтахаби Тоҷикистон мақоми 3-юмро касб кард.

Намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти 7 медали тилло, 5 – нуқра ва 9 – медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Дар ду рӯзи аввали мусобиқа байни варзишгарони синни 12-13-сола Хуршедҷон Шокиров дар вазни 37 кг, Суннатулло Наврӯзов дар вазни 34 кг ва Хайёмҷон Чӯянов дар вазни 31 кг, байни варзишгарон синни 14-15-сола Фарҳоди Давлаталӣ дар вазни 40 кг, Муҳаммад Саидзода дар вазни 52 кг ва Абӯбакр Алиҷонзода дар вазни 57 кг ба унвони қаҳрамони ҷаҳон соҳиб шуда буданд.

Кормандони тиббии Тоҷикистон бори 4-ум аз COVID-19 ваксина мегиранд

Дар қаламрави ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус идома доранд.

Бо назардошти афзоишии ҳолатҳои сирояти аҳолӣ аз коронавирус дар як қатор кишварҳо, аз 16 август дар Тоҷикистон маъракаи ваксинзании кормандони тиббии ҷумҳурӣ оғоз гардид, ки маротиба чорум аст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то 19 август зиёда аз 5,3 млн нафар бо вояи 1-ум, 5,22 млн нафар – бо вояи 2-юм ва беш аз 4,9 млн нафар – бо вояи 3-юми ваксинаи зидди коронавирус фаро гирифта шудаанд.

Гуфта мешавад, ҷиҳати бо ваксинаи зидди коронавирус фаро гирифтани шаҳрвандон 18,29 млн вояи ваксина равона шудааст.

Дар Вазорат илова намуданд, ки ҳолати охирини сироят аз коронавирус дар Тоҷикистон 20 феврали соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуда, вазъи марбут ба ин бемори дар қаламрави кишвар дар “сатҳи мусоид” қарор дорад.

Обуҳаво дар Тоҷикистон каме хунук мешавад

То 24 август обуҳаво дар Тоҷикистон нисбатан хунук мешавад. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон 5-7 дараҷа поинравии ҳароратро дар ин рӯзҳо пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқи кишвар борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ин рӯзҳо дар Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 16-18 ва рӯзона 34-36 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ обуҳавои камабри тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорат шабона дар водиҳо 14-19 ва рӯзона 31-31 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона 8-13 ва рӯзона 26-31 дараҷа гармро ташкил хоҳад дод.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳарорат шабона 15-17 ва рӯзона 33-35 дараҷа гарм шуда, ба сурати умум дар водиҳои вилояти Суғд ҳарорат 12-17 ва рӯзона 30-35 дараҷа, дар кӯҳҳо шабона 5-10 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ин минтақа ҳавои бебориш ва абрнок пешбинӣ мешавад.

Дар шаҳри Бохтар ҳаво гармтар – шабона 17-19 ва рӯзона 35-37 дараҷа гарм мешавад. Ба сурати умум дар водиҳои вилояти Суғд обуҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷа, дар доманакӯҳҳо шабона 13-18 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар ин минтақаи ҷануб чангу ғубор ба мушоҳида мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, обҳавошиносон имрӯз, 22 август борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мекунанд. Рӯзҳои дигар ҳам боришот дар назар аст, лекин начандон ба таври назаррас.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend