fbpx

11 шаҳрванди Тоҷикистон ба Қирғизистон товон додаанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0

Амволи роҳбарони ғайрирасмии Бадахшон “ҳанӯз мусодира нашудааст”

Мақомот мегӯянд, амволи шахсони бонуфуз дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки бо номи “раҳбарони ғайрирасмӣ” машҳуранд, “то ҳол мусодира нашудааст
Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷро, рӯзи 20-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, пас аз воқеаҳои охир дар ВМКБ вобаста ба мусодираи молу амвол аз додгоҳҳо “санади иҷро нагирифтаанд.”
Хонум Саидвализода гуфт, “мумкин аст, тафтиши ин қазияҳо идома дорад.”
Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, Хадамоти иҷро танҳо баъд аз қувваи қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ онро иҷро мекунад.
Пештар пайвандони Амриддин Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохта дар миёни зодагони Бадахшон, гуфтанд, манзили ӯ баъди 18 сол зиндон шуданаш вайрон карда шудааст. Сардори Хадамоти иҷро дар бораи ин қазия изҳори бехабарӣ кард.

Додситонии Хатлон сабаби худкушии ду мансабдори Шаҳритусро шарҳ дод

Дар ҳар ду ҳолат сабаби худкушии мансабдорон нофаҳмии оилавӣ будааст. Дар ин бора Валӣ Ваҳҳобов, муовини Додситонии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ,  хабар дод ва гуфт, дар ҳар ду ҳолат бинобар набудани таркиби ҷиноят аз оғози парвандаи ҷиноятӣ худдорӣ карданд.
“Ин ҳодиса дар ноҳияи Шаҳритус набуд. Хушназар Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаров дар ноҳияи Қубодиён даст ба худкушӣ зад. Додситони вилоят ин ҳолатро мавриди санҷиш қарор дода, бинобар сабаби набудани таркиби ҷиноят аз оғози парвандаи ҷиноятӣ худдорӣ кард”, – иброз дошт Ваҳҳобов.
Ба гуфтаи ӯ, худкушии Фирӯз Ҳурматов, сармутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳритус низ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
“Сабаби даст ба худкуши задани ӯ нофаҳмӣ дар оила буд. Аз ин хотир, оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шуд, – гуфт ӯ.
Номбурда таъкид намуд, ки чунин ҳодисаҳо мавриди таваҷҷуҳи додситонии вилоят аст ва танҳо баъди санҷиши ҳаматарафа қарори дахлдор қабул карда мешавад.

Озарбойҷон як фирории таҳти таъқибро ба Тоҷикистон супурд

Мақомоти Озарбойҷон як шахси мавриди ҷустуҷӯро дар Тоҷикистон ба ин кишвар супурдаанд. Хабаргузории “Тренд” рӯзи 19-уми июл бо такя ба дафтари матбуоти Додситонии кулли Озарбойҷон дар ин бора иттилоъ дод.
Манбаъ навишт, Додситонии кулли Тоҷикистон ба ҷониби Озарбойҷон дар робита ба истирдоди Маҳбуба Мирзоғоева, ки “дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир кардааст”, дархост фиристода буд.
Мирзоғоева ба гумони “қаллобӣ” ва “расонидани зарар дар ҳаҷми калон” мавриди пайгард қарор доштааст.
Дафтари матбуоти Додситонии кулли Озарбойҷон гуфтааст, Маҳбуба Мирзоғоева рӯзи 19-уми июл бо ҳамроҳии як ҳайати махсуси Хадамоти махсуси Вазорати адлияи Озарбойҷон ба Тоҷикистон расонда шуд.

11 шаҳрванди Тоҷикистон ба Қирғизистон товон додаанд

11 сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд пас аз пардохти товон ё ҷарима ба Қирғизистон, аз он кишвар ба хонаҳои худ баргаштаанд. Пештар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд онҳоро ба гузашти ғайриқонунӣ аз сарҳад гунаҳкор кард.
Намояндагони ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфтанд, ин гуруҳи сокинонро як соҳибкор аз Қирғизистон ба кор бурда, ҷаримаашонро низ ӯ пардохтааст.
“Мо баъди боздошт ва раҳоияшон якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷамоату ноҳия рафта, ҳамроҳашон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидем,” – гуфт Нодир Усмонзода, раиси ҷамоати Ҳаёти Нав дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 18-уми июл.
Ин сокинон аввали моҳи майи имсол ҳангоми кор дар кони ангишти шаҳраки Сулуктаи Қирғизистон, ҳаммарз бо деҳаи Қӯрғончаи Тоҷикистон, боздошт ва 3-юми июн дар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон муҳокима шуданд.
Дафтари матбуоти Додгоҳи Бодканд рӯзи 6-уми июн ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон (ҳар кадом) ба пардохти 50 ҳазор сомӣ, муодили 7 ҳазор сомонӣ маҳкум шудаанд.
Мусофиргирии барзиёд дар Душанбе аз байн меравад?
Дар марҳалаи аввал дар 250 автобус ва 100 троллейбуси шаҳри Душанбе таҷҳизоти “GPS  tracker” насб гардид, ки фаъолияти онҳо дар хатсайрҳо тариқи электронӣ назорат мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Таҷҳизоти муосир ҳаракати автобусу троллейбусҳоро дар хатсайр, хароҷоти сӯзишворӣ ва шумораи мусофиронро дар нақлиёт назорат хоҳад кард.
Ин ниҳод мегӯяд, дирӯз, 19 июл дар асоси қарори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ “Маркази ягонаи танзимгарӣ оид ба назорати электронии фаъолияти автобусу троллейбусҳо дар хатсайрҳо дар шаҳри Душанбе” рӯнамоӣ шуд ва он дар назди шуъбаи танзими МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” фаъолият хоҳад кард
Масъулин гуфтаанд, ки ба фаъолият оғоз намудани ин марказ сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва назоратро болои ронандагон пурзӯртар мекунад.
Фирдавс Саидзода, муовини раиси шаҳри Душанбе афзудааст, ки амалишавии барномаи мазкур ҳаракати мунтазами автобусу троллейбусҳоро дар хатсайрҳои пойтахт таъмин мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend