fbpx

Таҳқиқи дубораи марги як зан дар Файзобод. Ҷасадашро бо 26 зарби корд ёфта буданд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-4
-4 points
Манора духтаре, ки аз фишори хушдоман худкушӣ кардааст

Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Тоҷикистон аз 1 июл оғоз мешаванд

Пагоҳ, 1 июл дар Тоҷикистон имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар оғоз мешавад.

Дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ (ММТ) хабар медиҳад, ки имтиҳонҳо дар 18 шаҳру вилояти кишвар ва 46 маркази тестӣ баргузор мешаванд.

Имтиҳонҳо аз 1-ум то 12-уми июл баргузор шуда, натиҷааш 20-уми июл ва натоиҷи тақсими аввал ба муассисаҳои таълимӣ 25-уми июл эълон мешавад.

Санҷишҳо аз ду қисм иборатанд: Қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Қисми В (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ).

Аз 1 март то 30 апрел дар ММТ 81 ҳазору 881 довталаб барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо сабти ном шудаанд ва нақшаи қабули имсола 95 ҳазору 808 нафарро ташкил медиҳад.  Барои дохил шудан ба омӯзишгоҳҳои миёнаи касбӣ-техникӣ 12 ҳазору 734 нафар довталабон ариза додаанд, ки нақшаи қабул 10 ҳазору 189 нафарро ташкил медиҳад.

ММТ хотиррасон мекунад, ки довталабон ҳангоми супурдани имтиҳон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро бо худ дошта бошанд:

ММТ хотиррасон мекунад, ки довталабон ҳангоми супурдани имтиҳон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро бо худ дошта бошанд:

– шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва акс), ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода шудааст;

– даъватнома ба имтиҳон аз ММТ;

– ду ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар нишондодашуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард нашудааст).

Раванди имтиҳонҳо аз тамоми марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратии онлайн дар Марказ пахш мешавад.  Марказ барои ин ҳама таҷҳизоти заруриро дар ҳар як маркази имтиҳонӣ таъмин кардааст.

Таҳқиқи дубораи марги як зан дар Файзобод. Ҷасадашро бо 26 зарби корд ёфта буданд

Раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон ба таҳқиқи марги баҳсбарангези як зани ҷавон дар Файзобод оғоз кардааст. Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳро бо 26 зарби корд рӯзи 22-юми июни соли 2021 дар манзили иҷорааш дар ноҳияи Файзобод ёфтанд. Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст. Наздиконаш бовар надоранд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора, мегӯяд, як сол боз даҳҳо мактуб навишта, аз мақомот тафтиши одилонаи марги духтарашро хостааст.

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн дар номае ба ӯ гуфтаанд, “ҳама ваҷҳҳои пешниҳодшуда тафтиш хоҳад шуд.”

Падари Манора пойфишорӣ дорад, ки “ҳеч кас наметавонад бо 26 зарби корд худашро бикушад, аз ин рӯ, мақомот инро дақиқ кунанд.”

“Духтари ман аз сӯзандору метарсид. Худаш хоҳари шафқат буд, вале агар як сӯзандору мезад, метарсид. Чӣ хел худаш ба гарданаш 14 кордча задааст? Ду кордча дар тарафи чап, ду кордча дар тарафи рост, ду кордчаи дигар дар шикам, панҷ кордча дар як даст, як кордчаи дигар дар дасти дигар мезанад? Агар худкушӣ мекард, худашро дар ташноб фалақ мекашид,” — гуфт ӯ рӯзи 29-уми июн.

Муфаттишон ба зангҳои мо посух надоданд, то парвандаро шарҳ диҳанд. Мақомот пештар гуфта буданд, ташхисҳои батакрор худкушии зани ҷавонро “дар ҳолати сахти ҳаяҷони рӯҳӣ”-ро собит кардааст ва иддаои кушта шудани ӯ асос надорад. Абдуфаттоҳ Мисоқов мегӯяд, ҳатто барои ба худкушӣ расондан низ касеро ҷавобгар накарданд.

“Ягон чора надиданд. Бар асоси қисми яки моддаи 109, яъне худкушӣ парванда кушоданд, вале касеро гумонбар накарданд,” — гуфт ӯ.

Аз Манора се фарзанд мондааст, ки онҳоро додгоҳ ба хонаводаи шавҳараш супурдааст. Замони ҳодиса шавҳараш дар Русия буд. Хонаводаи шавҳараш аз суҳбат дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон куштор ё худкушӣ дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ зиёд рӯй медиҳанд. Дар бештари маврид мақомот шахсеро барои “ба худкушӣ расонидан” ба ҷавобгарӣ мекашанд. Дар баъзе ҳолати дигар, нафаре, ки худашро куштааст, “бемори равонӣ” номида мешавад.

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми имрӯз бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров тариқи телефон гуфтугӯ кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ин сӯҳбат бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон анҷом шудааст.

Гуфта мешавад, тарафҳо маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин омодагӣ ба мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров ба мувофиқа расидаанд, ки муколамаи сиёсиро, ки ба таҳкими ҳамсоягии неки ду давлат ва мардум нигаронида шудааст, идома диҳанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-4
-4 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend