fbpx

Рӯзноманигорон аз Рустами Эмомалӣ хостанд, ба қазияи Далеру Абдулло расидагӣ кунад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Бозори “Фаровон”-и Бохтар: Соҳибкорон то 6 моҳ аз пардохти ҳама хизматрасониҳо озод хоҳанд шуд

Ҳамаи мағоза ва нуқтаҳои савдое, ки шаби 1 июни соли 2022 оташ гирифтанд, аз ҳисоби соҳибмулки ҶДММ “Фаровон-Қӯрғонтеппа” барқарор карда мешаванд.

Ҳайдар Шерхонзода директори ҶДММ “Фаровон-Қӯрғонтеппа” ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки аз ҳисоби соҳибмулки ширкат ҳамаи мағозаву нуқтаҳои савдое, ки аз сӯхтор зарар дидаанд ба таври замонавӣ бозсозӣ шуда, ба соҳибкорон супурда мешаванд.

“Барои бартараф кардани оқибатҳои сӯхтор ҳам аз ҳисоби мақомоти иҷроияи шаҳри Бохтар ва ҳам аз ҳисоби худи ҷамъият ситод ташкил шуда, шабонарӯзӣ кор карда истодаанд. Мо мувофиқи нақшаи корие, ки тартиб додем, марҳилаи аввал тоза кардани мавзеъи зарардида аз партовҳо ва масолеҳи сохтмонии сӯхта, марҳилаи дуюм тахту ҳамвор карданро аллакай ба анҷом расонидем. Корҳои сохтмонӣ алакай оғоз ёфтааст. Ҳозир сохтмони ду ҳавзи об барои пешгирӣ аз сӯхтор оғоз шудааст.

Нуқтаҳои савдо ё ба қавле прилавкаҳоро мо аз бозори “Султони Кабир” харидорӣ хоҳем кард. Бозори “Султони Кабир” қисме аз болопӯшҳои оҳание, ки дошт ба фурӯш гузошта буд. Мо онҳоро харидорӣ кардем ва бо яке аз ширкатҳои сохтмонӣ шартнома бастем, ки ин болопӯшҳои оҳаниро аз бозори “Султони Кабир” кушода дар бозори мо васл мекунад.

Қисмати бинои ду ошёна, ки бештар мағозаҳо буданд аз ташхиси мутахассисон гузаронда шуд. Мувофиқи хулосаи ин ташхис қисмати сахт зарардидаашро иваз мекунем ва боқимондаашро барқарор карда ба соҳибкорон месупорем”, – Ҳайдар Шерхонзода.

Ба гуфти Ҳайдар Шерхонзода, алангаи сӯхтор аз ҶДММ “Ганҷина-3”, ки дар ҳамшафати бозор буд, сар задааст ва баъдан ба бозори “Фаровон-Қӯрғонтеппа” гузаштааст.

Барои соҳибкорон дар баробари барқарор кардани нуқтаҳои савдо ва мағозаҳояшон имтиёзи дигар ин аст, ки давоми 6-моҳ аз пардохти ҳама хизматрасониҳои бозор озод карда мешаванд.

“Дар ҷои мағозаҳои кӯҳнае, ки дар ин сӯхтор зарар диданд, яъне аз тарафи даромадгоҳи асосии бозор бинои замонавӣ сохта хоҳад шуд. Дар корҳои сохтмонӣ 20 адад техникаҳои зарурӣ аз ҳисоби ширкатҳои “Исмоили Сомонӣ асри 21”, ширкати “Рушди Хатлон” ва “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” кор карда истодаанд.

Рӯзноманигорон аз Рустами Эмомалӣ хостанд, ба қазияи Далеру Абдулло расидагӣ кунад

Раҷаб Мирзо, журналисти мустақил, бо нашри як мyроҷиатнома аз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хост, ки ба қазияи рӯзноманигор ва блогнависи мустақил Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ расидагӣ кунад.

Дар ин муроҷиатнома, ки дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” нашр шудааст, дархост мешавад, ки назорати қазияи мазкурро шахсан шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба зимма бигирад, то “шахсони манфиатдор”, ки обрӯи худро аз давлат ва ҳукумат бештар медонанд, махсусан дар ҳоли ҳозир, ки минтақаи мо зери бархӯрдҳои ноаён, аммо шадиди геополитикиву геостратегӣ қарор дорад, суистифода карда натавонанд.

“Тамоми ҳафтаи гузаштаро хабари мавриди шиканҷа қарор гирифтани Далери Эмомалӣ аз ҷониби яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пур кард, – омадааст дар муроҷиатнома. – Мардум аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ин амалкардро маҳкум намуда, дархост доштанд, ки ин мавзӯъ бояд мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор бигирад”.

Ӯ афзудааст: “Қаблан созмонҳои журналистӣ ҳам аз мақомоти давлатӣ хостанд, ки ба ин қазия баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Мутаассифона ба ин муроҷиат то имрӯз вокунише сурат нагирифт.”

Рӯзноманигор илова намудааст, ки “дирӯз хабари дигаре расид, ки аввал Далери Эмомалиро аз роҳ ба сӯи вилояти Суғд боздошт намуда, дертар Абдуллоҳи Ғурбатиро ҳам мақомот ба сӯҳбат даъват намудаанд. Бо гузашти чанд соат мақомот мавқеи расмии худро дар ин маврид нагуфтаанд, ки ин ду шахси ҷамъиятӣ бо чӣ иттиҳомоте муттаҳам мешаванд.”

Муассиси гурӯҳи “Ахбор барои афкор” гуфтааст, ки хабарҳое то мо расид, ки Далери Эмомалиро барои насупоридани андоз ва фирор аз масъулият, Абдуллоҳи Ғурбатиро тахминан “барои муқобилият ба намояндаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ” гунаҳкор кардан мехоҳанд.

“Агар мавқеи мақомот ҳамин бошад, мо мутмаинем, ки ҳарду ҳолат  дур аз воқеият аст. Зеро, Далери Эмомалӣ ҷое фирор накардааст. Пас аз ин қазияҳо низ аз кӯчаҳои Душанбе ва навоҳии дигари Тоҷикистон видеогузориш мекард. Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ ончунон тануманд нест, ки тавонад бо корманди милиса сар ба сар шавад. Ин бар иловаи оне, ки ахлоқи хуб дошта, аз ҳуқуқҳои худу дигарон хуб огоҳӣ дорад.”- зикр шудааст дар муроҷиатнома.

Раҷаб Мирзо таъкид кардааст, ки натиҷаи, чунин мавқеъгириҳои мақомот, ки мутмаинем аз бедалелии онҳо бармеояд, обрӯи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хоса шаҳри Душанберо, ки Шумо барои имиҷи мусбати он талош доред, коҳиш хоҳад ёфт.

“Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе аз гурӯҳҳои мухолифи дар хориҷ қарордошта фаъолиятҳои Далери Эмомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва чанд журналисти мустақили дигарро “проекти Рустами Эмомалӣ” “ба хотири нишон додани демократия дар Тоҷикистон” арзёбӣ карда, ба фаъолияти онҳо нобоварона баҳо медоданд. Яъне онҳо мардуми дохилу хориҷи мамлакатро “бовар кунонидан” мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна нишонаҳое аз демократия ва озодии сухан вуҷуд надорад. Мо ба ин назарем, ки ин ду нафар самимонаву содиқона ва беғаразона рисолати касбии худро иҷро мекарданд ва исбот менамуданд, ки дар дохили кишвар ҳоло ҳам василаҳои гуфтани воқеиятҳо вуҷуд дораду барои гуфтани “ҳақиқат” набояд ба гурӯҳҳои иртиҷоиву мухолиф рӯ овард.”-омадааст дар муроҷиатномаи Раҷаб Мирзо.

Ӯ илова намудааст, ки дар сурати ниқорталабона муносибат кардани мақомоти Тоҷикистон ба ин ду нафар, танҳо онҳо ба нерӯҳои беруна далел хоҳанд доду бас.

“Мо гуфтан намехоҳем, ки ин ду нафар иштибоҳе дар фаъолият надоранд. Аммо вазифаи давлат ва ниҳодҳояш, ҳамон тавре медонед, танҳо аз муҷозот кардани шаҳрвандон иборат нест. Робитаи хуб, тавсияҳои барои ҷомеа муҳиму муфид ҳатман кори босифат натиҷа медиҳад. Далери Эмомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ низ аз шинохте, ки дорем, он нафароне нестанд, ки аз ҳамкорӣ саркашӣ намоянд.”-навиштааст рӯзноманигор.

Дар охир ӯ ёдовар шудааст, ки хабари боздошти ин ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ норозигии зиёд ва ноумедиро ба бор овардааст, ки метавонад аз ин ҳолат ҳар нерӯи манфиатхоҳу ғаразкор суистифода намояд. Бовар дорем масъала то ин ҳад нахоҳад рафт…

Раҷаб Мирзо дар поёни муроҷиатномааш дархост кардааст, ки танҳо шахсу шахсиятҳои мушаххас, созмонҳои мудофеи инсон ва журналистӣ, ки бо ӯ ҳамназаранд, имзои худро бо аломати “+” ё нишон додани ному насабу самти кориашон гузоранд.

Домоде, ки дар Ӯзбекистон дар тӯй ба сари арӯс мушт бардошта буд, ҷазо мегирад

Ба домоде, ки дар вақти тӯй ба пушти гардани арӯс зарба зада буд, мутобиқи моддаи 183 (Майдаавбошӣ”)-и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ӯзбекистон ҷазо таъин карда мешавад.

Тавре ки хабаргузории Фергана бо истинод ба Прокуратураи генералии ин кишвар хабар медиҳад, дар ин моддаи Кодекс аз 3 то 5 нишондиҳандаи барои ҳисоб ( 1 нишондиҳанда 300 ҳазор сӯм ё 27 доллар) ҷарима ё ҳабси маъмурӣ то 15 шабонарӯз ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ин ҳодиса дар як тӯй рӯзи 6 июн дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё рух дода, пас аз нашри навори видеои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳои зиёде ба бор овард.

Баррасии ин воқеъа ба берун аз ҳудуди Ӯзбекистон роҳ ёфта, аз ҷумла он мавриди таваҷҷуҳи маҷалллаи маъруфи Bild-и Олмон қарор гирифт.

“Барои бархе ин рӯзи хушбахтӣ ва оғози ҳаёти оилавӣ аст. Лекин барои аксарияти занони ҷаҳон ин танҳо ҳушдори оғози сафар ба дӯзахи ҳаёти оилавист”, – навиштааст ин нашрия рӯзи 14 июн дар робита ба ин ҳодиса.

Пештар хабар дода будем, ки ин ҳодиса ду сол пеш рух дода, пас аз ин кор волидони арӯс духтарашонро ҳамон лаҳза аз тӯй мегиранд ва маросими издивоҷро бекор мекунанд. Инчунин зикр шуда буд, ки ҳозир ҳар ду қаҳрамонони навор бо оилаҳои нави худ зиндагӣ доранд.

Лекин аксҳои аз ҷониби хадамоти матбуоти Прокуратураи генералӣ нашршуда маълумотҳои дар ВАО нашршударо дар бораи аз ҳам ҷудо шудани навхонадорон рад мекунанд. Бо навхонадорон ва волидонашон суҳбатҳо гузаронида шудааст.

Тоҷикистон ва ИМА густариши ҳамкориҳои низомиро баррасӣ карданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 июн дар Қасри миллат бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус ҳамкориҳои низомиву амниятӣ баррасӣ гардиданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин, атрофи вазъи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, масъалаҳои мубориза алайҳи терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар бораи дигар ҷузъиёти дидору гуфтушунид маълумот дода намешавад.

Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла сеюмин мансабдори воломақоми амрикоӣ аст, ки тайи моҳи ахир аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Аввали моҳи июн намояндаи вижаи ИМА оид ба Афғонистон Томас Вэст зимни сафари нахустини худ ба Тоҷикистон дар ин вазифа бо раҳбарияти кишвар гуфтушунид анҷом дод.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва Томас Вэст “вазъ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ карданд”.

Охири моҳи май ёвари котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу аз чор кишвари Осиёи Марказӣ – Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон боздид намуда, ҳадафи сафар “таҳкими муносибатҳои ИМА бо минтақа ва пешбурди талошҳои муштарак баҳри рушди ҳамкориҳо, таъмини амният ва ба минтақаи шукуфо табдил додани Осиёи Марказӣ” унвон шуда буд.

Бино ба маълумоти расмӣ, шурӯъ аз соли 1992 ИМА ба Тоҷикистон дар бахши амният ба маблағи зиёда аз 330 млн доллар кумак кардааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend