fbpx

Сурхакони маймун – “хатари нав”. Ин чӣ гуна беморӣ аст ва одам ба он чӣ тавр гирифтор мешавад

Дар 13 кишвари африқоӣ наздики 17 ҳазор ҳолати сироят ба сурхакони маймун ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 517 ҳолат бо марг анҷомидааст.


2
2 points
Фото aussiedlerbote.de

Пас аз хуруҷи дубора дар Ҷумҳурии демократии Конго ва паҳншавӣ ба кишварҳои ҳамсоя, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бори дуввум дар ду соли охир бемории сурхакони маймунро “ҳолати фавқулоддаи сатҳи ҷаҳонӣ” эълон кард.

Вируси сурхакони маймун, ки аз одам ба одам тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузарад, баҳори соли 2022 дар беш аз 16 кишвар ҷаҳон паҳн шуда буд.

Оё сурхакони маймун  низ ба пандемия мубадал мешавад, аломатҳои он кадомҳоянд ва одам чӣ гуна ба ин вирус сироят меёбад, дар маводи мо бихонед.

Барои мубориза бо мавҷи нави ин беморӣ СУТ аллакай 15 млн. доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Дар умум барои нақшаи омодакардаи созмон бар зидди сурхакони маймун 15 млн. доллар харҷ мешавад, менависад Би-би-си.

Аз оғози сол дар 13 кишвари африқоӣ наздики 17 ҳазор ҳолати сироят ба сурхакони маймун ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 517 ҳолат бо марг анҷомидааст. Ин шумора аз ҳамин давраи соли гузашта , баробар зиёдтар будааст.

Сурхакони маймун чӣ гуна бемори аст?

Сурхакони маймун як бемории сироятист, ки аз одам ба одам мегузарад. Он, дар байни дигар аломатҳо, дар шакли доғ – блистерҳои ранги сиёҳ, ки бо моеъ пур шудаанд, зоҳир мешавад. Дар гузашта ва то ҳол ягон маводе барои тавлиди масуният бар зидди ин бемории пайдо нашудааст, он дар саросари ҷаҳон паҳн шуда буд. Сурхакони маймун як бемории мавсимӣ ҳисобида мешуд, зеро дар зимистон ва аввали баҳор шумораи беморон зиёд мешуд.

Ин вирус бори аввал дар соли 1958 дар маймунҳо пайдо шудааст. Номаш ҳам аз ҳамин ҷост, гарчанде ки хояндаҳо ҳоло манбаи асосии интиқоли вирус ҳисобида мешаванд.

Ин бемориро асосан дар Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ вохӯрдан мумкин. Вале он баъзан дар кишварҳои дигар низ паҳн мешавад.

Вируси сурхакони маймун

Аломатҳои сурхакони маймун?

Табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, васеъшавии гиреҳҳои лимфа ва хастагӣ аз аломатҳои бемории сурхакони маймун мебошанд.

Ҳангоми ин беморӣ дар бештари маврид обилаҳо пайдо мешаванд, ки дар рӯй оғоз шуда, баъд ба дигар узвҳои бадан, аз ҷумла узвҳои таносул паҳн мешавад.

Обилаҳо марҳилаҳои гуногунро аз сар мегузаронад ва пеш аз он ки дар ниҳоят пӯси нав ба вуҷуд ояд, метавонад ба бемории мурғ ё сифилис монанд бошад. Бо мурури замон он тадриҷан нест мешавад ва аз ҳамон лаҳза бемор дигар сирояткунанда ҳисобида намешавад.

Давраи инкубатсионӣ одатан аз 6 то 16 рӯз ва баъзан то 21 рӯз аст.

Шахси солим чӣ гуна ба ин беморӣ сироят меёбад?

Сироят одатан тавассути тамоси зич бо ҳайвоноти интиқолдиҳанда ё тамоси хеле наздик бо шахси сироятёфта рух медиҳад. Хатари интиқол ҳангоми алоқаи ҷинсӣ хеле баланд ва дар ҳама ҳолатҳои дигар кам ҳисобида мешавад.

Интиқоли бемории сурхакони маймун дар байни одамон асосан тавассути қатраҳои ҳаво ё тавассути моеъҳо (нутфа (сперма), оби даҳон) ба амал меояд. Азбаски қатраҳо ба масофаҳои дур паҳн шуда наметавонанд, қисми асосии сироятҳо ҳангоми тамоси наздики шахс бо шахси аллакай бемор рух медиҳанд.

Агар ин беморӣ куҳна бошад, чаро яку якбора сироятёбӣ ба он авҷ гирифт?

Ду сол пеш, пас аз пандемия, Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ шарҳ дода буд, ки як сабаби эҳтимолии афзоиши сурхакони маймун, зиёд шудани сафарҳо бо сабаби лағви маҳдудиятҳои COVID-19 бошад.

Олимон интизор надоранд, ки “сурхакони маймун” ба монанди коронавируси нав ба пандемия табдил ёбад, зеро ба гуфтаи онҳо “зуду осон паҳн намешавад”.

Акс: Рейтерс

Оё сурхакони маймун табобатшаванда аст?

Бемории сурхакони маймун аз одам ба одам ба осонӣ интиқол намеёбад. Тибқи иттилои Хадамоти тандурустии Бритониё, беморӣ одатан сабук мегузарад ва аксари одамон дар тӯли чанд ҳафта шифо меёбанд.

Гарчанде, ки ваксинаи махсус аз бемории сурхакони маймун вуҷуд надорад, дар як қатор кишварҳо ваксина барои пешгирии сироят аз сурхакони одиро захира мекунанд, ки тақрибан 85% дар пешгирии сироятёбӣ ба сурхакони маймун кӯмак мекунад, зеро ин ду вирус ба ҳам монанданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
4
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
3
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend