fbpx

Барбер Шамил. Чӣ тавр ҷавони тоҷик барбери рақами 1 шуд?

Тавре худи Шамил мегӯяд, барои ба дараҷаи мехостааш расидан талошҳои зиёд кардааст.


6
6 points

Шамил Ҷалилов яке аз муваффақтарин барбер ё худ сартарош дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ 28 сол дорад ва ин касб аз гузаштагонаш ба ин сартарош мерос мондааст. Як бартарияти Шамил аз барберони дигар ин кор бо кӯдакони дорои маъюбият, махсусан онҳое, ки аутизм доранду аз қайчиву садои мошинаи сартарошӣ меҳаросанд, мебошад.

Шамил ба Your.tj  дар бораи интихоби ин касб ва кор бо кӯдакони дорои маъюбият нақл кард.

Аз авлоди сартарош

Дар асл Шамил аз кӯдакӣ орзу дошт, ки барномасоз шавад. Ҳатто муддате дар донишгоҳ аз рӯйи ин ихтисос таҳсил кард, аммо баъдан онро тарк кард. Ӯ якбора қарор дод, ки касби авлодиашонро идома хоҳад дод. Ҳама гузаштагони Шамил сартарош будаанд ва ӯ дар аввал ин касбро аз падараш омӯхтааст.

“Ин касб дар оилаи мо меросӣ аст, зеро қариб ҳамаи хешу табори падарам бо сартарошӣ машғул буданд ва ҳастанд. Падари марҳуми ман, бобоям ва бобокалонам низ сартарош будаанд. Кӣ медонад, шояд ҳафт пушти мо сартарош буданд? Аз ин рӯ ман низ касби онҳоро идома медиҳам, танҳо ба таври замонавӣ” , –  мегӯяд, Шамил.

Ба ин кор Шамил аз соли 2015 оғоз кард. Тавре худи ӯ мегӯяд, барои ба дараҷаи мехостааш расидан талошҳои зиёд кардааст. Ӯ барои такмили малакаи худ ҳамасола аз мастер – классҳои барберони маъруфи хориҷӣ мегузарад, то аз мӯд ва навгониҳои касбаш бехабар намонад. Айни ҳол ӯ барбершопи шахсии худро дорад, ки онро “Barbar Barber Shop” унвон кардааст.

Корҳои шогирдона

Шамил мегӯяд, ки гарчанде, ки ин касб касби авлодиашон аст, аввали кор барояш мушкил буд. Мешуданд ҳолатҳое, ки ороиши Шамил ба мизоҷон тамоман писанд намеафтод. Дар чунин ҳолатҳо ӯ аз мизоҷ узр мепурсиду пули корашро намегирифт.

“Албатта аввали ҳама кор мушкил мешавад ва бо ман низ дар оғоз ҳаргуна мушкилиҳо пеш меомад. Як рӯз ришу мӯйи сари як мардро ба тартиб овардам, аммо на он тарзе, ки ӯ мехост. Ӯ норозигӣ баён карду хост бо ман даъво кунанд. Ман бошам боадабона аз вай узр пурсида, гуфтам, ки корам маҳқул нашуда бошад, метавонад муздамро надиҳад. Ҳамин тавр бо ҳама нафароне, ки корам писандашон намеомад забон меёфтам”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Шамилро чунин ҳолатҳо асло руҳафтода намекарданд, баръакс ба ӯ кӯмак меркарданд ва роҳҳои наверо боз мекарданд. Ӯ пас аз ин гуна ҳолатҳо боз ҳам кӯшиш мекарду малакаи худро такмил медод ва ҳарчӣ бештар машқ мекард, то мизоҷони худро қаноатманд кунад.

“Бо гузашти солҳо ҳар кас устои кори худ мешавад. Ман то ҳадди имкон ҳаракат кардам, ки мутахассиси беҳтарини кори интихоб кардаам шавам ва чунин ҳам шуд. Имрӯзҳо ҳар як мизоҷам аз хизматрасонии ман қонеъ аст ва дигар бо он гуна ҳолатҳо рӯ ба рӯ намешавам”, – мегӯяд, Шамил.

Кор бо кӯдакони дорои АУТИЗМ

Дар баробари он, ки Шамил барбери рақами 1 маҳсуб меёбад, боз ӯ бо кӯдакони дорои маъюбият кор мекунад, ки ин кор аз барбери ҷавон масъулияти бештареро талаб мекунад. Бори аввал вақте ба наздаш навраси дорои аутизмро оварданд, ӯ бе чуну чаро онро қабул кард, то мӯйҳояшро ба тартиб орад.

“Ман мехостам, ки ин наврасон низ мӯйи сари ба таври замонавӣ ороишёфта дошта бошанд. Ба нақли волидонашон онҳоро пештар доим кал мекардаанд, чун онҳо аз 10 дақиқа зиёд дар як ҷо нишаста наметавонанд. Ҳамчунин аз қайчӣ ва садои мошинаи сартарошӣ метарсанд.

Чӣ гӯям, дар аввал ҳаяҷоновар буд, аммо ман кӯшиш кардам онҳоро омӯзам ва забонашонро ёбам. Ман тамоми қувватамро ба кор мебарам то дар 10 дақиқа мӯйи онҳоро ба тартиб дарорам”, – нақл мекунад, Шамил.

Ду сол аст, ки Шамил бо кӯдакони дорои аутизм кор мекунад ва мизиҷони доимии худро дорад. Ӯ дар ҳамкорӣ бо ТҶ “ИРОДА” ба кӯдакони дорои аутизм ройгон хизмат мерасонад. Шамил ягона ва аввалин барберест, ки дар Душанбе ба чунин кӯдакон хизмат мерасонад.

“Намехоҳам духтарам сартарош шавад”

Шамил барои хоҳишмандон курсҳои омӯзишӣ низ таҳти унвони “Барбер с нуля” (Сартарошӣ аз сифр)  ташкил кардааст. Курсҳо аввали ҳар моҳ оғоз мешаванд ва ӯ алакай шогирдони зиёдеро тарбият намудааст.Шамил мегӯяд, ки дар курсҳои ӯ занону духтарон низ таҳсил мекунанд.

“Бовар кунед, дар ин касб занон нисбати мардон муваффақтаранд. Онҳоро бештар ба барбершопҳои маъруф даъват менамоянд.

Мақсад аз ташкили курс ин додани ҳунари худ ба насли оянда ва дигар хоҳимандон аст. Ҳамчунин ӯ барои барбершопи худ, ки он ҷо чанд нафар барберони ҷавон фаъолият мекунанд, кадрҳои нав омода месозад. То ки дар ҳолати аз кор рафтани яке кадри мувофиқ дошта бошад”, – мегӯяд Шамил.

Барои Шамил обрӯи “Barbar Barber Shop” дар мадди аввал меситад. Аз ин рӯ, ӯ кӯшиш мекунад, ки хизматрасонӣ дар коргоҳаш дар сатҳи байнлмиллалӣ бошад. Ҳамин аст, ки ҳар меҳмони маъруфе ба Тоҷикистон ташриф орад, ҳатман барои батартиб овардани мӯйи сараш ба назди Шамил меравад.

Хизматрасонии барбершопи Шамил нисбат ба дигар барбершопҳои тоҷик гаронтар аст. Ӯ сабаби инро дар сифати баланди корӣ медонад. Шамил барои барбери беҳтарин шудан, хеле зиёд меҳнат кард ва пайваста аз пайи омӯзиш буд.

Шамил оиладор ва соҳиби як фарзанд аст. Вале ӯ намехоҳад, ки касби меросиро ба духтараш бидиҳад. Орзу дорад, ки ӯ намояндаи соҳаи тиб бошад.

Нодира Собирзод


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

6
6 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
13
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
6
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
3
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend