fbpx

Гуруҳи аспбозони “Сомон”. Чӣ тавр ҷавони тоҷик дар сирки Хитой ҳунарнамоӣ мекунад?

Дар ин гуруҳи аспбозон панҷ нафар ҷавонони тоҷик фаъолият мекунанд.


0
Ин ва дигар аксҳо аз бойгонии шахсии Беҳрӯз Убайдов.

Беҳрӯз Убайдови 25-сола аз ҷумлаи ҷавонони тоҷик аст, ки берун аз кишвар мавқеи худро пайдо кардаастт.  Ӯ баъди хатми мактаб ба Хитой рафт ва инак 6 сол мешавад, ки дар сирки “Sunac”дар шаҳри Гуанҷоу фаъолият дорад.

Беҳрӯз ба Your.tj  дар бораи фаъолияташ дар сирки Чин нақл кард.

Кор дар кишвари хориҷа

Дар аввал барои Беҳрӯз дар кишвари хориҷ кору зиндагӣ кардан мушкил буд. Новобаста аз он, ки кори муайян дошт, вале доимо ёди ватан ва ёру дӯстонашро мекард.

“Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки дар берун аз кишвар кору зиндагияш бе душворӣ мегузарад, вале ба ҳар ҳол ман бисёр шукр мекунам, ки ҳоло дар ин ҷо кори дӯстдоштаамро анҷом медиҳам. Табъи мардумро хуш мегардонам ва бо мушкилоти молию пулӣ дучор намеоям” – мегӯяд, Беҳрӯз.

Беҳрӯзро ба Хитой бародарш мебарад. Ӯ чанд сол пеш барои иштирок дар намоиши сиркӣ меравад ва ҳамон ҷо мемонад. Фирӯз тасмим мегирад, ки як гуруҳи аспбозонро ташкил кунад ва барои ин бародараш Беҳрӯз ва се ҷавони тоҷику як духтари украинро ба кор ҷалб мекунад.

Ҳоло ҳунарманди ҷавон дар Сирки Хитой ҳамроҳи ҳамкоронаш дар як хафта 4 маротиба тамрин мекунад, ки ҳар тамринашон тақрибан 3 соат тӯл мекашад. Ҳамчунин дар ин муддат, беш аз 11-12 намоиш ба мардум нишон медихад.

“Рӯзам дар сирк аз соати 11:00 оғоз мешавад. То соати 15 бо асп тамрин мекунам ва аз соати 17 то 18 барномаҳои омода кардаамонро намоиш медиҳем. Инҷо тамошобин ҳамавақт зиёд аст ва ман шодам, ки ҳунарам хуб қабул мекунанд, инро аз қарсакҳои дарози онҳо ҳангоми баромадҳоям дарк мекунам”, – мегӯяд Беҳрӯз.

Барномаи Беҳрӯз бозӣ бо асп аст, ӯ бо як маҳорати баланд гоҳе танҳо ва гоҳе бо аҳли гуруҳ дар гирди саҳна асптозӣ мекунад. Ҳангоми давидани асп болои он рост истода, бо ашёҳои гуногун бозӣ мекунад, ки барои тамошобин махсусан кӯдакон хеле ҷолиб ва шавқовар аст. Беҳрӯз дар ҳар барномааш бо аспҳои гуногун баромад мекунад. Барои ин ӯ бо 7 асп тамрин мекунад ва бо навбат дар барномаҳо бо онҳо мебарояд.

Орзуи кӯдакӣ…

Беҳрӯз Убайдов дар оилаи муҳоҷир дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.  Дили ӯро ба дунёи сирк бародараш, ки аз ӯ 4 сол бузург асту ҳунарманди Сирки давлатии Точикистон мебошад, гарм намуд.

Ӯ аз хурдӣ ба аспсаворӣ шавқ дошт. Баромадҳои бародарашро дида, ҳавас мехӯрд ва дар тахайюлаш худро дар ҷои ӯ мегузошт. Беҳрӯз низ мехост мисли бародараш аспбози ҳирфаӣ шавад.

Ҳамин буд, ки ӯ пас аз хатми мактаб рост ба коргоҳи бародараш рафту ба омӯзиш машғул шуд. Беҳрӯз дар муддати як моҳ бо роҳбариву роҳнамоии бародараш ҳунари аспбозиро омӯхту ба Хитой рафт.

“Ростӣ, аз хурдӣ ба ҷуз аспдӯстиву аспбозӣ дигар шуғлу касбе доштан намехостам, вақте мактабро хатм кардам, имкони ба донишгоҳ дохил шуданро надоштам, чун шароити иқтисодӣ иҷозат намедод. Шукр, мекунам, ки ба орзуҳои кӯдакиам расидам ва инак бо дастгириҳои бародарам 6 сол мешавад, ки аспсавор ҳастаму дар сирк аспбозӣ мекунам”, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Касби хатарнок

Ӯ иқрор мешавад, ки гарчанде касбашро аз таҳти дил дӯст медорад, ҳолатҳое мешаванд, ки  дар дилаш тарс пайдо мешавад. Чун гап сари на як аспи доимӣ, балки 7 аспи гуногун меравад.

“Кор бо асп бисёр мушкил аст. Агар аз болои асп ногаҳон афтӣ, ҳатман ягон узви баданат осеби сахт мебинад, вале як чизе ҳаст, ки онро меҳр мегӯянд, ки ман фидои асптозиву аспбозӣ кардаам.

Як маротиба дар намоише як элементро иҷро кардани шудам, ки ногаҳон аз асп афтидам. Хушбахтона асп маро зер накарда аз болоям парида гузашт, вагарна аҳволам бад мешуд. Ин меҳрубонии асп дили маро ба ин намуди ҷонвар боз ҳам гармтар намуд”, – нақл мекунад, Беҳрӯз.

Беҳрӯз мехоҳад, ки пас аз анҷоми шартномааш бо сирк ба ягон донишгоҳи олӣ дохил шавад ва агар имконят шавад, ки дар Хитой таҳсил бикунад, ҳамонҷо дар баробари таҳсил корашро низ идома медиҳад.

“Дар баробари касб доштан маълумоти олӣ низ барои шахс муҳим аст, аз ин рӯ ман талош дорам, ки ба ягон донишгоҳ дохил шаваму соҳибмаълумот гардам”, – мегӯяд, Беҳрӯз.

Наворҳои ҷолиб аз намоишҳои гуруҳи аспбозони “Сомон” дар Хитойро метавонед дар саҳифаи Инстаграми онҳо тамошо кунед.

Фирдавс Тоҳиров


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend