Мусофирони ширкати ҳавопаймоии русии S7 Airlines, ки шурӯъ аз 5-уми март парвозҳояшро бо Тоҷикистон қатъ кард, намедонанд пулҳояҳонро аз куҷо баргардонанд ё ба куҷо муроҷиат кунанд. Намояндагони ширкат мегӯянд, ки ҳама мусофирон маблағҳояшонро бозпас хоҳанд гирифт, ширкат ҳеҷ касро фиреб намекунад.
Намояндаи ширкати ҳавопаймоии S7 Airlines дар Тоҷикистон Фазлиддин Ҳасанов дар суҳбат бо Your.tj гуфт, мусофирон аз куҷо ва чӣ тавр метавонанд маблағҳояшонро баргардонанд.
“Бояд фавран ба Русия равам”
Як сокини шаҳри Исфара бо номи Хадича, ки бояд бо ду фарзанди хурдсолаш ба шаҳри Новосибирск пас аз 15-уми март парвоз мекард, акнун намедонад, маблағи барои билетҳо сарф намудаашро аз куҷо баргардонад.
“Мо бояд пас аз 15-уми март ба Новосибирск ба назди шавҳарам мерафтем. Вале аз расонаҳо хабар ёфтем, ки ин ширкат ҳама парвозҳояшро пурра қатъ кардааст. Барои бозгардонидани маблағ ба авиакасса рафтем, он ҷо гуфтанд, ки то ҳол аз ширкат ягон дархосте барои бозгардонидани маблағи мусофирон нагирифтаанд. Акнун, намедонам, ки маблағҳоямро аз куҷо баргардонам”, – мегӯяд Хадича.
Ин зан мегӯяд, ки бояд маблағҳояшро аз авиакасса гирифта, аз ширкати дигар барои ба Русия рафтан билет харидорӣ намояд, чун ҳуҷҷатҳои худу фарзандонашро барои гирифтани шаҳрвандии Русия бояд бисупорад.
“Ширкат ҳеҷ касро фиреб намедиҳад”
Намояндаи ширкати мазкур дар Тоҷикистон Фазлиддин Ҳасанов мегӯяд, ки ҳама бидуни истисно маблағҳои барои билет сарфкардаашонро хоҳанд гирифт.
“Нафарони аз хазинаҳои билетфурӯшӣ чипта харидаро лозим меояд, ки барои баргардонидани маблағ ба маҳалли хариди чипта муроҷиат намоянд. Чун онҳо бо ширкат созишномаи мустақил доранд ва намояндагӣ ба онҳо ҳеҷ кӯмаке карда наметавонад. Раванди баргардонидани маблағ аз ҷониби ширкат ба мусофирон оғоз ёфтааст ва он то пурра баргардонидани маблағи ҳама мусофирони чиптахарида давом хоҳад кард. Ширкат ҳеҷ касро фиреб намедиҳад”, – мегӯяд Фазлиддин.
Ба гуфтаи ӯ, баъзе аз хазинаҳои чиптафурӯшӣ мусофиронро барои бозпас гирифтани маблағҳояшон ба намояндагӣ равон мекунанд, ки ин кори нодуруст аст, онҳо бояд худашон масъалаи баргардонидани маблағро баррасӣ кунанд, чун бо ширкат созишномаи мустақил доранд.
Фазлиддин Ҳасанов ҳамчунин гуфт, ки нафарони аз сомонаи ширкат билет харидорӣ карда, бояд ба сомона муроҷиат намоянд.
“Мусофироне, ки мустақиман аз сомонаи ширкат билет хариданд, метавонанд маблағи барои чиптахаридорӣ шударо дар бахши «Бронкуниҳои ман» дар сомонаи расмии ширкат www.s7.ru ё дар барномаи S7 Airlines бозпас гиранд. Маблағ ба корти шахси билетро харидорӣ намуда бармегардад”, – қайд кард Ҳасанов.
Сабаби боздоштани парвозҳоро аз Тоҷикистон ин роҳбари намояндагӣ ба таҳримҳои ғарбӣ вобаста донист.
“Билет қимат мешавад”
Як мутахассиси соҳаи авиатсионии кишвар, ки нахост номашро зикр намоем ба Your.tj гуфт, ки бар пайи таҳримҳои ғарбӣ, ки инчунин ба соҳаи авиатсионии Русия нигаронида шудаасту баъзе аз ширкатҳои ҳавопаймосоз низ онро дастгирӣ доранд, дар Тоҷикистон имкони боло рафтани нархи чиптаҳои ҳавоӣ ба Русия вуҷуд дорад”.
“Чуноне дидед, дар пайи таҳримҳои ғарбӣ, ширкати ҳавопаймоии S7 Airlines аллакай парвозҳои байналмиллалии худ, аз ҷумла аз/ба Тоҷикистонро пурра қатъ кард. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки таҳримҳои ширкатҳои ҳавопаймосозии аврупоиву амрикоӣ метавонанд ба дигар ширкатҳои русӣ низ таъсири худро расонад. Агар ин таҳримҳо ширкати “Уралские авиалинии”-ро, ки зиёда аз 85% парвозҳои Тоҷикистон ба Русияро анҷом медиҳад, фаро гирад, пас дар бозори кишвар танҳо ширкати яккатоз “Сомон Эйр” мемонад, ки он метавонад ба майли худ нархи чиптаҳоро боло ё поин кунад”, – мегӯяд ин муттахассис.
Ин коршинос ҳадс зад, ки дер ё зуд таҳримҳо ҳама ширкатҳои русиеро, ки ҳавопаймоҳоро ба таври лизингӣ дастрас кардаанд, фаро мегирад, аз ҷумла ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон бозори авиатсиониро дар даст доранд.
“Таҳримҳо ба “Сомон Эйр” таъсир расонида наметавонанд, чун ин ширкат ҳавопаймоҳои худро аз худи ширкатҳои аврупоӣ дастрас кардааст, на аз дафтарҳои ин ширкатҳо, ки дар Русия қарор доштанд. Аз ин рӯ, ин ширкат дар ҳарими ҳавоии кишвар яккатоз мегардад, чун ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” дар ҳоли муфлисшавӣ қарор дорад”, – гуфт коршинос.