fbpx

Шаҳрвандони Тоҷикистон 24, 7%-и музди худро ба хидматрасониҳои коммуналӣ сарф мекунанд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи sever-press.ru

Дастоварди хонандагон тоҷик дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ да Амрико

Дар Осорхонаи фановарии шаҳри Хюстони Штати Техаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзҳои 8-16-уми январи соли ҷорӣ дуюмин Олимпиадаи байналмилалии фаннӣ – COPERNICUS аз фанҳои физика ва астрономия бо иштироки 2000 довталаб бо намояндагӣ аз 50 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ва Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Хонандагони тоҷик дар қатори хонандагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса, Италия, Амрико, Бразилия, Чин, Федератсияи Россия, Аргентина, Канада, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Африқои Ҷанубӣ, Миср, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ғайра аввалин маротиба дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуданд.

“9 нафар хонандаи Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе дар ин олимпиада аз фанни биология иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, – омадааст дар хабари Вазорат. – Аз ҷумла, Маъруф Исомиддинов – хонандаи синфи 8 ва Томирис Миралибекова – хонандаи синфи 5 соҳиби ҷойи 2, Бенёмин Зуҳурзода – хонандаи синфи 6, Салман Саминов – хонандаи синфи 5, Юсуф Салимзода – хонандаи синфи 5, Абдуҷамил Холиқов – хонандаи синфи 5, Умар Ҳафизов – хонандаи синфи 8, Бибиоиша Қодирова – хонандаи синфи 7 ва Мирзоқобил Бадиев – хонандаи синфи 8 соҳиби ҷойи 3 мебошанд”.

Гуфта мешавад, ҳамзамон, 6 нафар хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи мазкур иштирок намуда, як медали нуқра, панҷ медали биринҷӣ ва Ҷоми даставиро аз фанни физика ба даст оварданд, ки инҳо Фаррухи Шералӣ – хонандаи синфи 8, ҷойи дуюм аз фанни табиатшиносӣ, Амир Абдуллозода – хонандаи синфи 9, ҷойи сеюм аз фанни физика, Меҳрангез Абдуллоева – хонандаи синфи 11, ҷойи сеюм аз фанни физика ва астрономия, Ардашерхоҷа Ботурхоҷаев – хонандаи синфи 11, ҷойи сеюм аз фанни физика ва астрономия, Шараф Муқумов – хонандаи синфи 8, ҷойи сеюм аз фанни табиатшиносӣ ва Акрамхоҷа Мамуров – хонандаи синфи 8, ҷойи сеюм аз фанни табиатштносӣ мебошанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон 24, 7%-и музди худро ба хидматрасониҳои коммуналӣ сарф мекунанд

Шаҳрвандони Тоҷикистон 24,7%-и музди меҳнати худро ба пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ аз қабли истифодаи барқу об ва баровардани партов сарф мекунанд. Агар алоқаву интернет ва нақлиётро ҳам ба ҳисоб гирем, хароҷот боз якчанд фоизи дигар афзуда, метавонад нисфи пулҳои коркардаро дар давоми моҳ ташкил диҳад.

Пойгоҳи онлайнӣ дар бораи шароит ва сатҳи зиндагӣ дар ҷаҳон – Numbeo аз рӯйи натиҷаҳои соли 2021 маълумоташро нав кард. Мувофиқи ин маълумот, сокинони Тоҷикистон барои хидматрасониҳои коммуналӣ ба ҳисоби миёна 375,23 сомонӣ (33,2 доллар бо қурби рӯзи 18 январи соли 2022) пардохт мекунанд. Дар асл ин рақам дар байни 225-600 сомонӣ (20-53 доллар) чарх мезанад.

Ба хидматрасониҳои коммуналӣ пардохти маблағи истифодаи барқу об ва баровардани партовҳо дохил мешавад. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, музди меҳнати миёнаи расмӣ ба 1520,6 сомонӣ (134,62 бо қурби рӯзи 18 январи соли 2022) баробар аст.

Ба ин тариқ, барои пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ сокинони Тоҷикистон қариб чоряк ҳиссаи маоши худ – 24,7%-ашро сарф мекунанд. Ин нишондиҳандаи баландтарини дар паҳнои пасошӯравӣ аст.

Дар Қирғизистон хароҷот ба хидматрасониҳои коммуналӣ 37,8 доллар (17% аз маоши миёна), Ӯзбекистон – 32 доллар (13%) ва Қазоқистон – 48,29 доллар (7,52%) аз маошро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, дар дигар кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба хидматрасониҳои коммуналӣ аз 10 то 15%-и маош сарф мешавад.

Зимни таҳқиқот таҳлилгарон арзиши хидматрасониҳои коммуналӣ (барқу гармидиҳӣ, таъминот бо об, баровардани партов) дар хонаи масоҳаташ 85 метри мураббаъ дар пойтахти кишварҳоро арзёбӣ кардаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 1928 дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ягонаи пардохти пули манзил ҷорӣ шуд. Таърифаҳо солҳои тӯлонӣ тағйир наёфта, шаҳрвандон барои хидматрасониҳои коммуналӣ аз 5 то 10%-и маошашонро харҷ мекарданд.

Ба Тоҷикистон боз 1 млн воя воксинаи “Moderna”-и амрикоӣ оварда шуд

Дар чаҳорчӯби барномаи “COVAX”, 17 январ ба Тоҷикистон 1 млн воя (доза) воксин аз ширкати “Moderna”-и ИМА ворид карда шуд.

Гуфта мешавад, ин аввалин мавриди ворид кардани воксин алайҳи COVID-19 ба Тоҷикистон  дар соли 2022 аст.

“Мо ба шарикони худ барои талошҳои пайвастаашон дар таъмини дастрасии баробар ба воксинаҳои зидди коронавирус ба шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори сипос мекунем”, – омадааст дар изҳороти намояндагӣ.

Гуфта мешавад, ки ҳоло дар кишвар бар зидди коронавирус ваксинаҳои «Sputnik V», «AstraZeneca», «CoronaVac», «Moderna» ва «Pfizer» мавҷуд аст ва мардум воксин зада мешаванд.

Мувофиқи маълумоти охирин, дар ҷумҳурӣ 68,6 фоизи аҳолии аз 18-сола боло вояи якуми ваксина ва 57 фоиз вояи дуюмро гирифтаанд.

Шумораи умумии гирифторони COVID-19 дар кишвар 17,95 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои расмӣ, аз оғози пандемия дар кишвар 124 нафар фавтидаанд.

Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ аз ҳарду самт барқарор шуд

Дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ҳар ду самт барқарор шуд, айним ҳол танҳо барои автомашинаҳои сабукрав.

Субҳи имрӯз ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ” пас аз ду рӯзи мамнуъият танҳо аз як масир, дигарбора барқарор шуда буд, вале танҳо аз масири Хуҷанд ба сӯйи Душанбе. Ҳоло бошад барои мусофирон бо мошинҳои сабукрав аз ҳарду самт роҳ боз аст.

Бояд гуфт, ки ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз 16-уми январ бар пайи фаромадани тармаҳо баста шуда буд.

Дар як шабонарӯз дар километри 48-ум то 73-ум 13 тарма бо баландии аз 3 то 14 ва паҳноии 200 метр тоза карда шуданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend