fbpx

Ноболиғи 13 соларо дар Истаравшан ду мард таҷовуз кардаанд, ки ӯ ҳомиладор шудааст

Яке аз таҷовузкорон падарандари ноболиғ будааст.


-3
-3 points
Гумонбаршаванда Ҳасан Аҳмадов, падарандари духтараки ноболиғ

Дар Истаравшан ба номуси як духтараки ноболиғи 13 сола дастдарозӣ кардаанд, ки дар натиҷа ӯ ҳомиладор шуда, исқоти ҳамл кардааст. Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ду шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Спитаменро ҳамчун гумонбар дастгир кардаанд.

Дар ин бора мақомоти милиса дар гузориши махсуси телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додаанд. Тибқи иттилоъ падарандари 31-солаи ин ноболиғ Ҳасан Аҳмадов ва Азизҷон Уралови 34-сола аз ноҳияи Спитамен дар ин ҷинояти мудҳиш гумонбар дониста мешаванд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Ҳасан Аҳмадов, сокини ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан соли 2020 бо модари ноболиғи ҷабрдида, ки аз никоҳи аввал як духтар ва як писар доштааст, тариқи никоҳи мусулмони издивоҷ кардааст.

“Гумонбаршаванда Ҳасан Аҳмадов моҳи декабри соли 2020 дар манзили истиқоматияш, воқеъ дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан бо истифода аз тобеияти ноболиғи дар тарбияаш қарор дошта, ки муқобилият нишон дода наметавонад ва оқибати амалу рафтори худро сарфаҳм намеравад алоқаи ҷинсӣ намудааст”, – гуфта мешавад, дар гузориши телевизионӣ.

Гумонбари дуюми ҷинояти мазкур Азизҷон Уралов бошад аз моҳи июл то августи соли 2021 дар шаҳри Бӯстон бо духтарак зиндагӣ карда, бо ӯ муносибатҳои шаҳвонӣ анҷом додааст. Дар натиҷа духтарак ҳомиладор шуда, исқоти ҳамл кардааст. Маълум нест, ки чаро духтарак тӯли як моҳ бо гумонбаршуда Уралов ҳамзистӣ кардааст.

Гумонбари ҳодиса Азизҷон Уралови 34-сола аз ноҳияи Спитамен

Айни ҳол нисбати ин ду мард тибқи  моддаи 138 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноӣ боз шуда гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Бар асоси модаи мазкур гумонбаршудагонро маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20 сол ё  ҳабси якумра таҳдид мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-3
-3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
28
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
6
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend