fbpx

Тоҷикистон ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз сафар ба Қазоқистон худдорӣ кунанд


0
Акс аз сомонаи РИА Новости

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар пайи даргириҳо дар Қазоқистон ба тоҷикистониён тавсия додааст, ки аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд. Инчунин дар муроҷиат ба тоҷикистониёни дар Қазоқистонбуда гуфтааст, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи низоми фавқулоддаро дар қаламрави Қазоқистон қатъиян риоя намоянд.

Вазорат дар иттилоияе, ки имрӯз, 6-уми январ нашр кард, гуфтааст, ки Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон ва Консулгарии генералии кишвар дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба таври муқаррарӣ фаъолият менамоянд.

“Бо дарназардошти амалҳои ғайриқонуние, ки дар баъзе аз шаҳру вилоятҳои Қазоқистон дида мешаванд, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави он кишвар қарор доранд, хоҳиш мегардад, то ҳушёриро аз даст надода, аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоянд”,- омадааст дар хабар.

Инчунин вазорат аз шаҳрвандон даъват ба мал овардааст, ки дар сурати ба мушкилӣ дучор гардидан, фавран ба телефони шабонарӯзии сафорат дар шаҳри Нур-Султон +77172240929 хабар диҳанд.

“Ҳамзамон аз шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори хоҳиш мегардад, ки аз сафар ба Қазоқистон, то пурра ба эътидол омадани вазъ худдорӣ намоянд”,- гуфта мешавад дар хабар.

Акс аз сомонаи dp.ru

“Роҳбарияти Қазоқистонро ҷонибдорӣ менамоем”

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷӣ изҳороте пахнш намуда, ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба мардуми осоишта ва намояндагони қувваҳои ҳифзи ҳуқуқ, ғасби мақомоти давлатӣ ва ғоратгариро маҳкум намудааст.

“Дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ пайдо шудани гурӯҳҳои яроқноки ғайриқонунӣ, ки соҳиби аслиҳаи марговар ва техникаи махсус гаштаанд, боиси нигаронии амиқ мебошад.  Ташвиши роҳбарияти Қазоқистонро аз кӯшишҳои ноором кардани вазъ дар кишвар тавассути барангехтани рӯҳияи эътирозӣ комилан ҷонибдорӣ менамоем”,- омадааст дар изҳорот.

Вазорат бо итминони комил гуфтааст, ки мардуми хирадманди Қазоқистон ва роҳбарияти он дар фурсати кутоҳтарин бо роҳи муколама ба хушунатҳо хотима мебахшанд.

“Бо пойбандӣ ба дӯстии чандинасра ва принсипи шарокати стратегӣ, талошҳои Қазоқистонро барои барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар дастгирӣ мекунем. Бо риояи уҳдадориҳои ҳампаймонӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ният дорем дар амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ барои расонидани кумак ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатари бамиёномада ширкат намоем”, – гуфта мешавад дар матни изҳорот.

Дар охир вазорат ба наздикону пайвандони фавтидагон дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ тасаллият баён намудааст.

Акс аз сомонаи РИА Новости

Дар Қазоқистон чӣ мегузарад?

Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд. Дар натиҷаи эътирозҳо чанд тан кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Айни замон дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.

Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев дар пайи бад шудани вазъият аз роҳбарони кишварҳои узви СААД кумаки низомӣ дархост намуд. Феълан кишварҳои узви СААД – Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон омодабошии худро барои фиристодани низомиён ба Қазоқистон баён карданд.

Маврид ба зикр аст, ки аллакай бархе аз аъзоёни созмон аллакай нируҳои худро ба Қазоқистон интиқол доданд.

Дар робита ба эълони вазъи изтирорӣ дар Қазоқистон мақомот вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба кишвар қатъ кардаанд. Дар ин бора ба РИА Новости аз сафорати Қазоқистон дар Тошканд иттилоъ доданд.

“Дар робита ба эълони вазъияти изтирорӣ, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Қазоқистон манъ шудааст. Аз ҷумла бо роҳи заминӣ, ҳавоӣ ва дигар намуди нақлиёт”, – гуфт намояндаи сафорат.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend