Аз сабабе COVID-19 ва пайомадҳои ӯ то ҳол ба пурраги омӯхта нашудааст, духтурон ба занҳо тавсия медиҳанд, ки то гузашти шаш моҳ ё беҳтараш як сол пас аз гирифторӣ ба бемории COVID-19, аз ҳомилдоршавӣ худдорӣ кунанд. Зеро он метавонад ба саломатии кӯдак ва ҳам модар таъсири манфӣ расонад.
Тавре гинекологи Маркази тиббии Форобӣ Маргарита Давлатмамадова мегӯяд, аз рӯи мушоҳидаҳояш пас аз омади пандемия шумораи потологияҳои ҳомиладорӣ хеле зиёд шуданд, махсусан ҷанини инкишофнаёфта ва бачапартоӣ.
Ҳомиладоршавӣ дар организми зан ивазшавии пурраро ба вуҷуд меорад, аз ин рӯ пеш аз банақшагирии ҳомиладорӣ организми модар бояд пурра ба он омода бошад.
Маргарита Давлатмамадова мегӯяд, ки муштариёнаш, ки ҳомиладориро ба нақша гирифта буданд, ҳомиладориашон ноком анҷом ёфт. Тавре ӯ мегӯяд ин яке аз пайомадҳои COVID-19 аст.
“Махсусан охирҳои баҳори соли 2020 бо муштариёне, ки мо дар якчоягӣ ҳомиладоршавиро ба нақша гирифтем ва онҳое, ки бе нақша ҳомиладор шуданд, паёмадҳои нохуб дошт. Дар қисми зиёди онҳо ё ҷанин инкишоф наёфт ё бачапартоӣ ба амал омад. Ҳамаи ин нафарон бемории коронавирусро аз сар гузаронида буданд”, – мегӯяд, Маргарита Давлатмамадова.
“Ҳомиладориро бо тавсияи духтурон қатъ кардам”
Мадина Қосимова (ном иваз шудааст) як сокини Душанбе, дар суҳбат бо Your.tj гуфт, ки ӯ бехабар аз пайомадҳои коронавирус пас аз ду моҳи шифоёбӣ ҳомиладор шуд, аммо дар моҳи сеюми ҳомиладорӣ бо тавсияи духтурон исқоти ҳамл кард.
“Тамоман намедонистам, ки коронавирус метавонад ба кӯдаки оянда зарар расонад. Инро вақте фаҳмидам, ки алакай духтурон қатъ кардани ҳомиладориро ба ман тавсия доданд.
Ҳангоми ташхиси ултрасадоӣ маълум шуд, ки кӯдак нуқсон дорад. Маро барои супоридани ташхиси скрининги биохимявии хун равон карданд. Натиҷаи ташхис нишон дод, ки эҳтимоли бо синдроми Дауна таваллуд шудани кӯдак зиёд аст. Пас аз машварат бо духтури ирсӣ ҳомиладориро қатъ кардам”, – нақл мекунад, Мадина.
Ӯ мегӯяд, ки дар “Маркази исқоти ҳамл” духтурон аз вай пурсидаанд, ки оё ӯ пеш аз ҳомиладоршавӣ ба коронавирус гирифтор шуда буд ё на.
“Дар он ҷо аз ман пурсиданд, ки кай ба коронавирус гирифтор шуда будам ва бемориро чӣ гуна паси сар кардам. Баъди муайян кардани он, ки на дар авлоди ман ва на аз шавҳарам касе ба ягон намуди бемории ирсӣ гирифтор нест, гуфтанд, ки ин яке аз оқибатҳои коронавирус аст”, – мегӯяд, ӯ.
Гинеколог Маргарита Давлатмамадова мегӯяд, ки занҳое, ки пас аз гирифторӣ ба коронавирус ҳомиладориро ба нақша гирифтаанд, ҳади ақал то шаш моҳ бояд нақшаашонро ба таъхир гузоранд.
“Беҳтар мешуд, ки модарони оянда нақшаи ҳомиладориро пас аз ковид камаш то шаш моҳ ба қафо гузоранд. Ба ақидаи ман дурустараш пас аз як сол аст, чун дар ин муддат организми зан метавонад ба пуррагӣ барқарор шавад.
Чун дар таҷриба мо дидем, ки ин бемори аз худ асарҳои манфии зиёде боқӣ мемонад ва барои табобату бартарафии онҳо барои инсон вақти зиёд лозим мешавад”, – шарҳ медиҳад, гинеколог.
Шакли пурраи суҳбати моро бо Маргарита Давлатмамадова оиди саломатии занҳо метавонед дар подкасти мо бо забони русӣ тамошо кунед.