Аз имрӯз роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе гарон шуд. Расман
Аз имрӯз, 10 ноябр роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе қимат шуд. Ҳарчанд бархе аз сокинони шаҳр шикоят карда буданд, ки пулчинакҳо ҳанӯз як ҳафта пеш бо нархи нав пардохтро талаб мекарданд.
Тарифҳои нав барои нақлиёти ҷамъиятӣ чунинанд:
– дар микроавтобусҳо (маршруткаҳо) – 2,5 сомонӣ;
– як километри роҳкиро дар такси – 3 сомонӣ;
– дар автобус – 1,80 сомонӣ бо пардохт тариқи корт (тариқи кортҳои яксафара ва QR-codе – 2,5 сомонӣ. Кортҳои яксафараро аз дӯкони истгоҳҳо ва аз ронанда дастрас кардан мумкин аст);
– дар троллейбус – 1,50 сомонӣ бо корт (тариқи кортҳои яксафара ва QR-codе – 2 сомонӣ. Кортҳои яксафараро аз дӯкони истгоҳҳо ва аз ронанда дастрас кардан мумкин аст).
Сафорати ИМА: Нуқтаи охири сафари халабонҳои афғон Амрико аст
Як гурӯҳи беш аз 190 нафараи афғонҳоро дирӯз аз Тоҷикистон ба Аморати Муттаҳидаи Араб бурданд, аз он ҷо ба Амрико сафар мекунанд.
“Дирӯз, 9 ноябр, як гурӯҳи тахминин 191 нафараи афғонҳо, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карда буданд, тавассути парвози чартерии ҳукумати ИМА аз фурудгоҳи Душанбе ба Аморати Муттаҳидаи Араб парвоз карданд”, – хабар доданд аз сафорати Амрико дар Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳавопаймо ба ғайр аз халобонҳо, инчунин нафарони касбу кори гуногуни афғон низ аз Тоҷикистон ба АМА парвоз карданд.
“Онҳо то омода шудани ҳуҷҷатгузорӣ ва расмиёт дар Аморат мемонанд ва баъдан ба Амрико интиқол меёбанд”, илова намуданд дар сафорат.
Расонаҳои байналмилалӣ хабар медиҳанд, ки аз ин гурӯҳи тахминан 191 нафара, 143 нафар халобони афғон буданд. Дар миёни онҳо, ду зан низ ҳастанд, ки яке ҳомиладор ва зери назорати пизишкони тоҷик буд.
Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон гуфтааст, ба Белорус парвоз накунад
Мақомоти Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, даҳ кишвар, аз ҷумла ба Тоҷикистон фишор овардаанд, ки парвозҳо ба Белорусро маҳдуд кунанд.
Ин вазъ дар пайи ба вуҷуд омадани бӯҳрони муҳоҷират ба вуқуъ пайвастааст ва Иттиҳоди Аврупо Белорусро барои ирсоли селаи муҳоҷирон ба ҳудуди кишварҳои аврупоӣ айбдор мекунад.
Иттиҳоди Аврупо рузи 9-уми ноябр гуфт, ки беш аз даҳ кишварро фишор оварданд, ки парвозҳо ба самти Белорусро маҳдуд кунанд. Дар миёни ин кишварҳо Ироқ, Урдун, Қазоқистон, Лубнон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия ва Гурҷистон ҳастанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд ва маълум нест, ки Тоҷикистон парвозҳо ба Белорусро қатъ кардааст ё не.
Пешниҳоди ҷорӣ кардани виза миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна
Дар Русия пешниҳод доранд, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон виза ҷорӣ шавад. Дар ин бора Сергей Миронов, раҳбари ҳизби “Справедливая Россия” ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Думаи давлатӣ баён доштааст.
Ба гуфтаи Миронов, ин иқдом барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои муҳоҷирон ба шаҳрвандони Русия зарур аст. Гузашта аз ин, ба қавли Миронов, тарҳи қонуни дахлдорро вакилон баррасӣ хоҳанд кард.
Миронов таъкид кард, ки вакилони парлумон мехоҳанд ба Кодекси ҷиноии Русия тағйирот ворид намоянд. Аз ҷумла, барои латукӯби гурӯҳӣ, ҳатто агар ҷабрдида ҳеҷ ҷароҳати ҷисмонӣ набинад ва танҳо тарсида бошад, барои ҳамлаварон панҷ соли зиндон пешниҳод хоҳад шуд.
Сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ генерал шуд
Рустам Мирзомуродзода, сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ба ифтихори таҷлили Рӯзи милиса рутбаи генерал-майори корҳои дохилиро соҳиб шуд. Дар баробари Мирзомуродзода, ҳамчунин ду нафари дигар ҳам рутбаи генералӣ дарёфт карданд.
Мирзомуродзода аз моҳи майи соли 2020 дар мақоми сардори раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият дорад.
Ӯ 52 сол дошта, дар мақомоти умури дохилӣ аз соли 1991 фаъолият дорад.
Дар Тоҷикистон ду бемори нави COVID-19 сабт шудааст
Вазорати тандурустии Тоҷикистон баъди қариб як моҳ аз ошкор шудани ҳолатҳои нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар дод. Бори ахир мақомот рӯзи 15-уми октябр дар бораи сабт шудани сироят ба коронавирус гузориш дода буданд.
Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ шоми 9-уми ноябр дар хабарномае гуфт, ду ҳолати нави сироят ба коронавирусро сабт карда, ду нафари дигар аз ин беморӣ сиҳат шудаанд. Вале вазорат шарҳ надодааст, ки ду бемори нав дар кадом шаҳр сабт шудаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, аз оғози пандемия дар кишвар 17 ҳазору 88 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 124 нафари онҳо фавтидаанд.
Маълум шуд, Рӯзи Президент дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомотро дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Президент тасдиқ кард, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ.
Гуфта мешавад, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин рӯз, дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, баргузории конференсияҳои илмӣ – назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, барои сокинону меҳмонони пойтахт мусобиқаҳои варзишӣ низ дар назар дошта шудааст.