fbpx

Расман: Ёдгор Файзов аз вазифааш барканор шуд. Раиси нави ВМКБ кист?

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point
Акс аз сомонаи vecherka.tj

Президент гуфт, Тоҷикистон ба ҳамлу нақли кумакҳо ба Афғонистон мусоидат мекунад

Тоҷикистон омода аст, имкониятҳои логистикии худро барои расонидани кумакҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ ба Афғонистон пешниҳод кунад. Дар ин бора президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 3-юми ноябр изҳор дошт.

“Буҳрони амиқи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст, шиддатҳоро дар минтақа ба бор меорад”, – гуфт президенти Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ҳудуди Афғонистон ҳамоно манбаи паҳншавии хатарҳои муосир монда, Тоҷикистон, ки марзи дарозе бо Афғонистон дорад, дар хатти аввали хатарҳои мазкур қарор гирифтааст.

Тоҷикистон ягона кишвар аз шумори ҳамсояҳои Афғонистон аст, ки дар баробари ҳаракати “Толибон” мавқеи оштинопазир гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон “Толибон”-ро ба хотири нодида гирифтани ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон танқид кардааст.

Расман: Ёдгор Файзов аз вазифааш барканор шуд. Раиси нави ВМКБ кист?

Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат бо суруди як фармон, раиси ВМКБ, Файзов Ёдгорро аз вазифа сабукдӯш намуд.

Котиботи сарвари давлат ҳарчанд фармони аз вазифа барканор шудани Файзовро нашр намудааст, вале сабаби аз вазифа гирифтани ӯро зикр накард. Дар матни фармон омадааст: “Файзов Ёдгор Доёрович аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад”.

Зимнан, бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки дар вазифаи раиси шаҳри Хоруғ ифои вазифа мекард, низ барканор шуда, бо фармони дигари роҳбари давлат, иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин карда шуд.

Тағйироти кадрӣ дар ВМКБ бо барканор шудани Файзов ва Мирзонабот анҷом наёфта, Назира Амирбекзода, ки муовини Файзов буд, низ барканор гардиду ҷойгузини ӯ Нилуфар Асламшоева интихоб гардид.

Ҳамчунин Назарзода Ризо Шодӣ бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъйин гардид

Дастгоҳи президенти Қирғизистон: Муколамаҳои сиёсӣ бо Тоҷикистон идома доранд

Сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон, Жээнбек Кулубоев, раванди гуфтугӯҳои марзиро бо Тоҷикистон шарҳ додааст.

Ӯ дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, гуруҳҳои кории топографии ду кишвар дар мавриди таъйин ва нишонагузории марзҳои давлатӣ моҳе ду бор мулоқот мекунанд. Кулубоев афзуд, “баъди ба поён расидани кори гуруҳҳо, гуфтугӯҳо дар сатҳи раҳбарони давлатҳо идома хоҳад кард.”

“Мо мехоҳем як саҳифаро пӯшида, саҳифаи наверо оғоз кунем. Муҳим манфиатҳои ҳар ду кишвар ба инобат гирифта шаванд. Ҳеч тарафе набояд бибозад. Бигзор, коршиносони ду кишвар баррасӣ кунанд ва вақте онҳо ба созиш расиданд, гуфтугӯҳо дар сатҳи байниҳукуматӣ оғоз мешаванд. Раҳбарони минтақаҳои марзӣ низ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ дар сатҳи худ кор мекунанд. Ин муҳим аст.

Мо дар Бишкек ё Душанбе нишаста, намедонем, ки дар онҷо чӣ гап аст. Сокинони маҳаллӣ хубтар медонанд. Вазифаи давлат ҳам ташкили шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон аст. Бинобар ин, ҳоло ҳамаи ниҳодҳои марбут ба марзҳои давлатӣ фаъолона кор мекунанд. Мо пешравиро мунтазир ҳастем”, – изҳор дошт Кулубоев.

Таъсиси 229 корхонаву коргоҳи саноатӣ дар Тоҷикистон давоми 9 моҳ

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2021 дар ҷумҳурӣ 229 корхонаву коргоҳи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре дар гузориши Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар зикр мегардад, дар онҳо ба маблағи 363 млн сомонӣ (зиёда аз 30 млн доллар) маҳсулот истеҳсол шудааст.

Дар ҳисоботи Вазорат гуфта мешавад, дар корхонаву коргоҳҳои зикргардида 2067 ҷойи корӣ фароҳам оварда шудааст.

Вуруди сармоягузорӣ ба соҳаи саноат дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми зиёда аз 3,8 млрд сомонӣ (340 млн доллар) зикр мешавад.

Дар Вазорат таъкид мекунанд, ки имсол истеҳсоли 35 навъи нави маҳсулот ба роҳ монда шудааст, ки қаблан дар ҷумҳурӣ истеҳсол намешу


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend