fbpx

14-соли ғарибӣ, коронавирус ва қиссаи ба кор даровардани осиёби аҷдоди як муҳоҷири тоҷик

Пандемия ва баста шудани роҳҳо ба Русия сабаб шуд, то осиёби аҷдодӣ ба кор дарояд.


0

Соли гузашта Комил Солеҳов аз сабаби баста будани роҳҳо натавонист ба Русия равад. Ӯ барои идомаи зиндагӣ ва пешбурди он осиёби обии аҷдодиашро, ки солхои охир бекор мехобид, ба кор даровард. Ин осиёб, ки наздики сад сол дорад, аҷдодони гузаштаи ӯро хӯрондаву пӯшондааст.

Имрӯз Your.tj дар бораи муҳоҷире қисса мекунад, ки пандемияи коронавирус ба ҳаёти ӯ таъсир расонида, зиндагияшро комилан дигар кардааст.

Комил Солеҳов 14 сол ба муҳоҷират рафта меомад ва зиндагиашро бо пули он пеш мебурд. Ӯ солҳои зиёд дар яке аз сохтмонҳои Русияя ба ҳайси устои барқ кор мекард, аммо соли гузашта баъди бозгашт ба ватан дигарбора барои идомаи кор ба Русия рафта наметавонад ва ба коре даст мезанад, ки ҳеҷ дар гӯшаи хаёлаш набуд.

“Аввалҳо дар колхоз ба ҳайси устои оҳангар кор мекардам. Баъди он аз соли 2006 ба Русия рафтам ва пас аз 2-3 сол як бор ба Тоҷикистон меомадам ва ду ё се моҳ мемондам. Дар Русия ҷойи корам хуб буд ва маош хуб ҳам ба даст меовардам. Аз соли 2006 инҷониб, яъне тули 14 сол зиндагиям аз пули муҳоҷират пеш мерафт” – нақл кард Комил Солеҳов.

Аз оҳангарӣ то муҳоҷират

Комил Солеҳови 49 сола дар деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1989 мактаби миёнаро хатм карда, назди худ мақсад мегузорад, ки табиб мешавад. Аз ин рӯ, ҳуҷҷатҳояшро ба донишгҳи тиббӣ месупорад ва ба бахши пулакии донишгоҳ роҳ меёбад. Аз сабаби он ки вазъи зиндагияшон чандон хуб набуд ва дар он давра ба макотиби олӣ дохил шудан бисёр мушкил буд, аз таҳсил дар донишгоҳ даст мекашад.

Солҳои 1989 – 1991 ба хизмати ҳарбӣ рафта, онро дар шаҳри Санкт – Петербурги Русия ба итмом мерасонад. Баъди бозгашт як муддат дар корҳои осиёб ба падараш кӯмак мерасонад. Баъдан бо маслиҳати падар дар собиқ колхози ба номи Шаталови вилояти Кӯлоб ба ҳайси устои оҳангар ба кор медарояд. Дар он давра талабот ба ин кор зиёд буд ва маоши хуб низ дошт. Ӯ муддати 10 сол дар устохона кор карда, таҷрибаи хуби оҳангарӣ низ мегирад. Баъди оиладор шуданаш зиндагӣ то рафт мушкилтар мешавад ва роҳ пеш мегирад сӯйи муҳоҷират.

“Моҳи январи соли 2020 бо нияти оиладор кардани фарзандам ба ватан омадаму баъди ду моҳ сарҳадҳо маҳкам шуданд ва дигарбора рафта натавонистам. Як муддат ба мусофиркашонӣ мағул шудам, лекин бемории коронавирус авҷ гирифт ва ман низ мубталои он гаштаму пас аз табобати он маҷбур шудам, ки аз ин кор ҳам даст кашам. Ба мақсаде омадам, ки осиёби обӣ, яъне мероси падариро, ки якчанд сол вайрон буд, дубора таъмир намуда, ба кор дарорам” – мегӯяд усто Комил.

Таърихи пайдоиши осиёб ва ба кор даровардани он

Қаҳрамони мо мегӯяд, осиёби мазкур таърихи тулонӣ дошта, то ҳол доир ба оғози фаъолияти он касе чизе гуфта наметавонад. Ин осиёб аз бобо ва падар ба Комил Солеҳов мерос мондааст. Аввалҳо осиёб ба ҳайати колхоз дохил мешуд. Пас аз он чандин сол аз фаъолият бозмемонад. Аммо дар соли 1992 аз ҷониби Бобои Мурод (амаки усто Комил) ва падари эшон таъмир шуда, ба кор медарояд. Аслан, ки осиёб обӣ аст, аз ин рӯ масрафи зиёдро талаб намекунад. Дар муддати 5-10 сол як маротиба санги он иваз карда мешавад ва асоси фаъолияташро об ташкил медиҳад.

Комил Солеҳов баъди бозгашт аз муҳоҷират ва надоштани шуғли доимӣ дар ватан ягона роҳи пешбурди зиндагияшро ба кор даровардани осиёбе, ки аз падар мерос монда буд, медонад.

“Замони пандемия зиндагии мо аз рӯйи ҳамин осиёб буд. Ҳар рӯз 4-5 линга гандумро орд мекардам ва панҷоҳ, шаст сомонӣ даромад ба даст меовардам. Дар кори он ба ман бештар писарам кӯмак мерасонд, ки айни ҳол ӯ дар он фаъолият дорад. Ӯ аз уҳдаи идораи кори осиёб ба хубӣ баромада метавонад. Ният мекардам, ки агар имкон шаваду ман дубора ба Русия баргардам, он гоҳ писарам ин корро идома медиҳад ва намегузорад, ки осиёб бекор монад. Насиб будаасту ман ба Русия омадам ва фарзандам кори маро идома дода истодааст” – мегӯяд акои Комил.

Обёрӣ ба осиёб ва фарқи лаззати орд

То гардон кардани осиёб Усто Комил бо ҳамроҳии бародарон ва писараш канале, ки обаш осиёбро гардон мекард, аз маҳаллаи боло тоза карда, ба осиёб об меорад. Гарчанде ки имрӯз осиёбҳои замонавӣ зиёд шуда бошанд ҳам, талабот нисбат ба орди осиёби обӣ хеле зиёд аст. Ҳамин аст, ки осиёби усто Комил ҳар рӯз беист кор мекунад. Суръати кори осиёби обӣ аз ҷараёни об вобаста буда, дар ҳолати беҳтар будани ҳаракати он осиёби мазкур дар як соат то 5 линга гандумро орд мекунад.

Усто Комил мегӯяд, имрӯз ҷараёни кор дар осиёб қонеъкунанда буда, аз давраи эълон кардани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ талабот ба он бештар шудааст. Аллакай мардум кӯшиш доранд, ки гандуми худро бештар дар осиёби обӣ орд кунанд. Чунки тамъ ва лаззати нон аз осиёби обӣ дигар буда, ба саломатии инсон низ фоидаовар аст.

Хизмат ба мизоҷон ва қаноат аз он

“Осиёб баъд азнавсозӣ қариб 2 сол аст, ки фаъолият мекунад. Аввалҳо танҳо мардуми ҳамин маҳалла медонистанд, ки он кор мекунад. Аз ин рӯ, мизоҷон камтар буд. Ҳоло бошад, берун аз шаҳри Кӯлоб мардум барои орд кардан меоянд. Мо низ бо хушнудӣ ва бо нархи дастрас хизматашонро баҷо меорем” – қисса мекунад усто Комил.

Ҳоло бошад, Усто Комил дар Русия қарор дорад. Ӯро фирмае, ки дар он фаъолият мекард ба кор даъват кардааст.

“Айни ҳол шукри Худованд, ки дар Русия ҳастам ва барои пешбурди зиндагиям нони ҳалол кор карда истодаам. Пас аз кушода шудани роҳҳо, фирмае, ки дар он кор мекардам, маро ба кор даъват кард. Маоши хуб ва шароити зиндагиро муҳайё кардаанд. Худоро шукр, ҳоло фарзандам кори осиёбро идома дода истодааст, ки он низ барои зиндагӣ каме ҳам бошад кӯмак мекунад”- мегӯяд, усто Комил.

Умедҷони Каримхон

Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend