Радиожурналист Саидэҳсон Солиевро ҳангоми рӯ ба рӯ вохӯрдан, қисми ками шунавандагон мешиносанд. Аммо вақте садояшро мешунаванд, дарҳол мегӯянд, ки ин Саидэҳсон аст. Натанҳо Саидэҳсон, балки радио “Имрӯз”-ро низ бо услуби ӯ мешиносанд, чун ӯ ҳангоми хондани хабарҳо сабки хосси худро дорад.
Бо Саидэҳсон оиди вуҷуд надоштани радиоҳои иттилоотӣ дар кишвар ва рушд накардани радиоҳое, ки бо формати мусиқӣ ва барномаиҳои фароғатӣ фаъолият доранд, суҳбат кардем.
Саидэҳсон рушди журналистика ва радиоро танҳо дар кофӣ будани маблағ медонад.
Ӯ мегӯянд, бояд радиожурналистони касбӣ ва нафароне, ки дар радио кор мекунанд, маоши кофӣ гиранд, то дар фикри даромади иловагӣ набошанду, касби худро рушд диҳанд.
Подкаст дар доираи лоиҳаи IWPR «Giving Voices – Driving Change: from the Borderland to Steppes» таҳия шудааст. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани зарфияти насли нави таҳлилгарон ва рӯзноманигорон аст, ки таҳлили босифат ва дастрасро ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунанд. Муҳтавои подкаст, назарот ва дидгоҳҳо танҳо ба муаллифон марбут буда, метавонанд ба мавқеи расмии IWPR мухолифат дошта бошанд.