Шурӯъ аз 10 ноябр нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони шаҳри Душанбе гаронтар мешавад. Масъулин гароншавии нархро ба болоравии нархи сӯзишворӣ рабт медиҳанд медиҳанд.
Чунин қарорро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо муроҷиати Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” қабул кардааст.
Акнун, ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе аз 10 ноябр барои як мусофир тавассути автобусҳо 1,80 сомонӣ бо корт ва 2,5 сомони бо пули нақд, троллейбусҳо 1,50 сомонӣ бо корт ва 2 сомонӣ ба таври нақдӣ, микроавтобусҳо 2,50 сомонӣ ва як километр роҳ тавассути таксиҳо 3,00 сомонӣ муқаррар шудааст.
Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” сабаби гарон шудани роҳкироро ба болоравии нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ рабт медиҳад. Гуфта мешавад, ки нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе бори охир соли 2011 бозбинӣ шуда буд.
“Дар ин муддат болоравии арзиши нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 110%, қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибии воситаҳои нақлиёт 90-110%, қувваи барқ 300%, нархи воситаҳои нақлиёт инчунин пардохти андозу фондҳо ва маоши миёнаи амалкунандаи кормандон нисбат ба соли 2011 ба маротиб зиёд гардидааст, ки корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷотҳои худро рўйпуш карда наметавонанд ва боиси қарздории онҳо гардида истодааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи “Душанбенақлиётхадамотрасон”.
Гуфта мешавад, ки ҳарчанд корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ҷиҳати муътадил гардонидани вазъи молиявиашон мунтазам таи солҳои охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи имкониятҳои ҷойдошта маблағгузорӣ карда мешаванд вале басанда набуда, зарурияти тағйир додани нархномаи роҳкиро ба миён омадааст.
Айни ҳол ҳаққи роҳкиро дар автобусҳо барои як мусофир 1,20 сомонӣ, троллейбусҳо 1 сомонӣ, микроавтобусҳо 1,6 сомониро ташкил медиҳад.