fbpx

Муҳоҷирони тоҷик пандемияи COVID-19 – ро чӣ гуна паси сар карданд?

Муслимбой Ҷӯраев ният дошт ба донишгоҳ дохил шавад, аммо тиқдир ӯро ба муҳоҷират бурд.


1
1 point

Муслимбой Ҷӯраев ҷавони 25-солаи зодаи Суғдзамин аз соли 2014 инҷониб дар Русия ҳамчун муҳоҷир кору фаъолият дорад. Ӯ аз сабаби мушкилоти зиндагӣ мактаби миёнаро хатм нокарда ба муҳоҷират рафтааст. Пандемия ҳаёти ӯро низ ба мисли ҳама муҳоҷирони дигар тағйир дод. Яке аз пайомадҳои пандемия барои Муслимбой ин пошхӯрии оилааш аст.

Муслимбой ба мо аз ҳаёти талхи муҳоҷирон дар замони пандемияи COVID-19 қисса намуд.

Муслибой пас аз эълони карантин бекор монд ва пас аз чанде гирифтори коронавирус шуд. Ӯ умед надошт, ки зинда мемонад, чун он лаҳзаҳо ҳамаро воҳимаи марг фаро гирифта буд.

“Карантини сартосарӣ дар Русия сар шуд, мушкил болои мушкил меомад. Аз як тараф бекорӣ ва аз ҷониби дигар вазъияти молиявӣ хеле бад мешуд. Ин ҳама бахайр, вале ба коронавирус мубтало шуданам, як балои нав ба сарам буд.

Ду ҳафта дар хона худро табобат кардам, аз ҷоям ҷунбида наметавонистам ва бемориро хеле вазнин сипарӣ намудам, ки ҳатто нафасгирӣ бароям мушкил меафтод. Шукри бародарон, ки дар вақти карантин аз ҳама ҷиҳат дастгирӣ мекарданд”, – мегӯяд, қаҳрамони имрӯзаи мо, муҳоҷир Муслимбой Ҷӯраев.

Чун он замон беморхонаҳо ҳама пур буданду ба муҳоҷирони меҳнатӣ аҳамият намедоданд. Муслибой дар хона табобат гирифт. Тавре ӯ мегӯяд, рафиқонаш аз ночорӣ ба ӯ сӯзандору гузаронидаанд.

Пандемия сабабгори пошхӯрии оила

Зимистони соли 2019 Муслимбой ба ватан барои хонадоршавӣ меравад ва баъди ду моҳи оиладорӣ боз ба Русия бармегардад. Ӯ ният дошт, ки якчанд моҳи дигар кор кунаду боз ба хона баргардад.

Аммо барасари пандемия сарҳадҳо баста мегарданд, он замон ҳазорҳо муҳоҷирон дар фарудгоҳҳои Русия дар монда буданд. Муслимбой қарор медиҳад, ки то замони мӯътадил шудани вазъ дар Русия бимонад.

Аз ҳамин ҷо байни ӯ ва ҳамсараш нофаҳмиҳо оғоз мешаваду ӯ бо ҳамсараш ҷудо мешаванд. Ӯ акнун сари калобаашро гум карда буд, аз як тараф карантини сартосарӣ эълон шудаву бекор хобида буд, аз тарафи дигар пош хӯрдани оилааш ӯро азият медод.

“Он шабу рӯз чизеро пешгӯӣ кардан мумкин набуд, чун ваҳми коронавирус на фақат Русия, балки тамоми ҷаҳонро фаро гирифта буд. Мардум ба воҳима дода шуда буданд, ки бекорӣ сар мешавад ва ҳама ҷоро гуруснагӣ фаро мегирад.

Барои муҳоҷирон он шабу рӯз бе ин ҳам ҳаёти мушкилашон боз ҳам гаронтар афтид ва аз надоштани пул ва баста шудани роҳҳо намедонистем сарамонро ба куҷо занем. Болои ин ҳама бо ҳамсарам ҷудо шудем, ин бароям болои сӯхта намакоб шуд”, – бо алам нақл мекунад, Ҷӯраев.

Тавре қаҳрамони мо мегӯяд, агар роҳҳо баста намешуданду ӯ назди ҳамсараш мерафт шояд байнашон нофаҳмиҳо пеш намеомад ва аз ҳам ҷудо намешуданд.

Ҳудуди шаш моҳ пас воҳимаи коронавирус камтар шуд ва реҷаи карантинӣ низ сартосари Русия оҳиста-оҳиста аз байн мерафт, аммо ҳанӯз роҳи муҳоҷирон ба Тоҷикистон баста буд. Ҷӯраев ҳамроҳи бародараш ва писарамакаш дар сохтмонҳои хусусӣ пас аз ба эътидол омадани вазъ кор мекард.

“Мо ҳар се асосан ба корҳои хусусии хонаҳои баландошёна ва гоҳо берун аз шаҳр машғул мешудем. Деворҳоро ранг мекардем, фарши хонаро мешинонидем, роҳравҳоро сафолак мезадем ва боми хонаҳоро мепӯшонидем. Дар умум корҳои схтмониро анҷом медодем”.

Пас аз муддати кор ва ҷамъшавии маблағ Муслимбой натавонист ба зодгоҳ назди волидон баргардад ва маҷбур корашро то ба кушодашавии сарҳадҳо идома дод.

Орзуи санъаткорӣ ва таҳсили нотамом

Муслимбой бо орзуи дар оянда санъаткор шудан таҳсил мекард, аммо бинобар хоҳиши падараш, ки мехостааст ӯ духтур шавад дар синфи 11-ум ба равияи табиӣ-риёзӣ мепайвандад.

“Ман бисёр орзу доштам санъаткор бошам, аммо рӯзе падарам гуфтанд, ки “бачам духтур шав, касби хуб аст” ва ман “не” нагуфтам ва аз равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва равияи табиӣ-риёзӣ дар синфи 11-уминам таҳсилро оғоз кардам.

Вале орзуи духтур шудан низ дер давом накард, бинобар вазъи зиндагӣ дар моҳи март, ки то тамомшавии мактаб ду моҳ камтар монда буд ба шаҳри Волгогради Русия рахти муҳоҷират бастам”. – мегӯяд, Ҷӯраев.

Тамом накардани таҳсили мактаби миёна ва нагирифтани аттестатсияи маълумоти умумӣ барои қаҳрамони мо мушкилоти зиёдеро ба бор овард.

Пас аз як соли кор дар сохтмонҳо аз вазнинии кор ва ҳаёти сангини муҳоҷирон Муслимбой аз тарки таҳсилаш пушаймон мешавад ва нияти бозгаштан ба Ватан ва гирифтани шаҳодатномаи хатмро мекунад.

Аммо ба ӯ мегӯянд, ки то омада таҳсилро пурра накунаду имтиҳони давлатиро насупорад ба ӯ аттестат намедиҳанд. Бинобарин ӯ қарор медиҳад, ки дар Русия бимонад.

Таҳсил дар донишкадаи Русия

Акнун ӯ бо ноумеди ҳаёти муҳоҷириро паси сар мекард, ки рӯзе як дӯсташ ба вай пешниҳоди таҳсил дар донишкадаи Волгаградро мекунад.

Муслимбой низ таклифи дӯсташро мепазирад ва бо кумаки ӯ соли 2015 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишкадаи коорператии Волгоград бо шаҳодатномаи хатми синфи нуҳум дохил мешавад.

Таҳсил дар донишкада барои Ҷӯраеви муҳоҷир наонқадар вазнин буд, чун аз як тараф забони русиро хуб медонист, аз ҷониби дигар саводи кофиро аз мактаби миёна гирифта буд.

Акнун ӯ ҳам кор карда хароҷотҳои молявии худу пайвандонашро рӯйпуш мекард ва ҳам таҳсил мекард.

“Мо дар гурӯҳ 35-40 нафар донишҷӯ аз миллатҳои гуногун таҳсил менамудем. Дар имтиҳони забони олмонӣ муаллимамон шарт гузошт, ки ҳар касе бали баландтаринро соҳиб шавад, боқӣ имтиҳонҳояшро аз фанҳои дигар ҳамаашро аъло мегузорем.

Хушбахтона ман дар мактаби миёна забони олмонӣ хонда будам, Муаллим натиҷаҳоро як-як эълон мекард ва дар охир ному насаби маро гирифта гуфт, ки “ин бача аз ҳама бали баландро соҳиб шудааст”. Сипас назди ҳамкурсон хеле таъриф кард ва гуфт “ман ҳайронам, аз Тоҷикистон низ ин гуна бачаҳои соҳибистеъдод мебаромадаанд”, – нақл мекунад, Муслимбой.

Баъди ду соли таҳсил дар донишкада бинобар мушкилоти оилавӣ Муслимбой маҷбур мешавад, ки як сол таҳсили академӣ гирифта, донишкада ва муҳоҷиратро партофта ба зодгоҳ баргардад.

Сафар ба Москва ва фиреби тоҷикон

Ӯ ин дафъа рост ба шаҳри Москва меравад, аммо аз дасти қаллобон, ки худ тоҷик буданд фиреб мехӯрад. Онҳо Муслимбойро тӯли чанд моҳ кор мефармоянд, аммо муздашро намедиҳанд.

“Дар Москва аз ҳамватанони худамон – тоҷикон фиреб хӯрдам. Онҳо маро се моҳ ба ҳайси сохтмончӣ дар баландошёнаҳо кор фармуданд, аммо маошамро надоданд, ҳатто рӯзҳои охири кор шабона нони хӯрдан намеёфтам.

Маҷбур шудам, ки ҷойи кори дигар ҷӯям ва пас аз кофтукоби зиёд ба меҳмонхонае ба кор даромадам. Дар меҳмонхона корам хуб барор гирифта ва ҳудуди як сол онҷо кор карда, пас аз ҷамъоварии маблағ боз ба Волгоград барои идомаи таҳсил баргаштам”. – нақл мекунад, муҳоҷир Муслимбой.

Дар Волгоград акнун ӯ ҳам мехонду ҳам кор мекард ва баъди як сол бо пешниҳоди хонавода барои оиладор шудан ба Тоҷикистон бори дувум баргашт.

Бахти нав ва чанд қадам то шаҳрвандии Русия

Баъди боз шудани сарҳадҳо ва ба фаъолият шурӯъ намудани роҳҳои ҳавоӣ Муслимбой барои ёфтани бахти дувум ба Тоҷикистон омаданӣ мешавад.

“Нияти баргаштан доштам, ки дар рӯзҳои ахир бо духтари тоҷике, ки дар шаҳри Екетеринбург кору зиндагӣ мекард, шинос шудам. Бо розигии волидонамон тасмим гирифтем, ки оила барпо кунем, моҳи феврали имсол оиладор шудем. Акнун якҷо бо оилаам ҳоло дар Волгоград кору зиндагӣ мекунем, шукри Худо таҳсилро ҳам тамом кардам ва соҳиби диплом гардидам”, – бо шодӣ мегӯяд, Муслимбой.

Муслимбой акнун нақшаҳои ҷиддиро дар пеш гузоштааст ва барои ба кор даромадан аз рӯйи ихтисос бояд шаҳрвандии Русияро ба даст орад. Ҳоло аз пайи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шаҳрвандӣ аст ва волидонашро то охири сол ба Русия бурданист.

Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend