fbpx

Аз 18-сола боло: Дар Тоҷикистон ваксиназании оммавӣ оғоз шуд


0

Аз фардо, 28-уми июли соли ҷорӣ дар ҳама манотиқи ҷумҳурӣ ваксинатсияи сартосарӣ оғоз мешавад. Сокинон бо ваксинаи амрикоии “Модерна” эм хоҳанд шуд, хабар доданд аз вазорати тандурустӣ ба Your.tj.

“Имрӯз масъулони вазорати тандурустӣ ваксинаи Moderna-ро ба ҳама манотиқи кишвар дастрас карданд. Акнун шаҳрвандони аз 18-сола боло метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд. Гузаронидани ваксина комилан ройгон мебошад. Пас аз гирифтани он сокинон аз марказҳои тиббӣ гувоҳномаи ваксинатсияро талаб намоянд”, – гуфтанд дар вазорат.

Ҳамчунин дар вазорат гуфтанд, ки пагоҳ, 28-уми июл ворид шудани 2 млн вояи ваксинаи чинии CoronoVac дар назар аст.

“Мо танҳо бо роҳи ваксиназании умумӣ метавонем ба ин беморӣ ғолиб оем. Бинобар ин аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки ба марказҳои тиббӣ ҳозир шуда ваксина гиранд”,- иброз доштанд дар вазорат.

Ёдовар мешавем, ки 26-уми июл Тоҷикистон аз Амрико дар доираи кӯмаки башардӯстона 1,5 млн воя ваксина Moderna гирифт.

Ваксинаҳо ба Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX ворид карда шуданд, ки тибқи он ҷумҳурӣ дар моҳи марти соли равон бо истифода аз маблағҳое, ​​ки аз ҷониби ҳукумати ИМА низ қисман дода шудааст, 192,000 воя ваксинаи AstraZeneca гирифтааст.

Аз вазорати тандурустӣ гуфтанд, ки 1,5 миллион воя ваксина барои эм кардани 750 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст, ки тақрибан 13%-и шаҳрвандони кишварро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар охири моҳи июн 300 ҳазор вояи ваксинаи чинии CoronaVac низ аз Чин ба Душанбе ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид шуда буд. Инчунин рӯзи 22-юми июл Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор дона ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон AstraZeneca-ро ҳамчун кумаки башардӯстона тақдим кард.

Барои гирифтани маълумоти парра оиди ваксинаи Moderna матлаби бахши русии сомонаи моро мутолиа намоед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend