fbpx

Президент омодагии ҷангии 230 ҳазор нафар афсарон, сарбозон ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбариро санҷид

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Иштироки 230 ҳазор нафар дар “Марз-2021”

Субҳи имрӯз, 22 июли соли 2021, бо фармони президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш  Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ 100 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Ҳамчунин 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд.

Президенти кишвар дар суханронияш қайд намуд, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланд гузашт.

Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор ваксинаи “AstraZeneca” дод

Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор вояи ваксинаи  “AstraZeneca”-ро ҳамчун кӯмаки башардӯстона дастрас кард.

Дар маросими таҳвил ва қабули вояҳои ваксинаи мазкур дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон ва намояндагони вазорати тандурустӣ иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ шуда, дар асоси нақша ба аҳолии мамлакат гузаронида мешаванд.

Дар Тоҷикистон беш аз 447 ҳазор нафар ваксина шуданд

То  санаи 21 июли соли равон дар Тоҷикистон 447 ҳазору 114 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 22 ҳазору 242 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд, хабар медиҳад маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ бар зидди коронавирус, дар кишвар ба ҳама шаҳрвандони аз синни 18-сола гирифтани ваксина ҳатмӣ мебошад.

Кумитаи дин: “Масҷиди нави Душанбе бе ҳузури меҳмонони Қатар кушода намешавад”

Маросими ифтитоҳи Масҷиди нави марказии Душанбе замони ташрифи ҳайати Қатар ба Душанбе боз мешавад. Зимни нишасти матбуотии имрӯз, 22 июл раиси Кумитаи дини ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатзода дар ин робита изҳор намуд, ки бинои масҷид пурра омода буда, маросими расмии ифтитоҳи он бо сабаби вазъи эпидемиологӣ мавқуф гузошта шуд.

“Ин лоиҳаи дуҷонибаи байнулмилалии Тоҷикистону Қатар мебошад, – иброз дошт номбурда. – Мувофиқи таҷрибаи маъмули байнулмилалӣ маросими ифтитоҳ бо иштироки ҳар ду ҷониб доир мегардад”.

Сулаймон Давлатзода зимнан зикр кард, ки бо имконпазир шудани шароити мусоид ин иншоот боз карда мешавад.

Бунёди ин масҷид дар Душанбе моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, 9 сол идома ёфт. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро ҳукумати Қатар ҷудо кард.

Идигул Қосимзода аз коронавирус даргузашт

Идигул Қосимзода, вакили порлумони Тоҷикистон ва раиси собиқи Кумитаи кор бо занон, рӯзи 22-юми июл даргузашт. Ӯ 53 сол дошт.

Баъзе аз ҳамкорони собиқаш ба Озодӣ гуфтанд, Қосимзода тайи чанд рӯзи охир бо нишонаҳои монанд ба бемории ҳамагир дар шифохонаи “Советский 1” дар Душанбе бистарӣ буд.

Як масъули Маркази тиббии рақами яки шаҳри Душанбе, маъруф ба “Советский 1”, рӯзи 22-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “Идигул Қосимзода гирифтори коронавирус шуда буд ва чаҳор рӯз пеш ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона оварданд.”

Ин пизишк ҳамчунин гуфт, ҷасади Идигул Қосимзодаро аз беморхона гирифта, ба зодгоҳаш ноҳияи Вахш бурдаанд. Қосимзода дар баробари дигар вакилони Маҷлиси намояндагон, ваксинаи зидди COVID-19 гирифта буд.

Нуриддин Саид: “мо некрологҳоро манъ накардаем, шумо барномаҳои васеъ дар бораи Камолу Турсунзодаву Лоиқро надидед?”

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш, ба интиқодҳо дар мавриди нашр нашудани хабарҳо дар бораи даргузашти шахсиятҳои маъруфи илмиву фарҳангӣ посух дод.

Ӯ жар нишаст ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҳеч касе дар телевизионҳо нашри хабари марг ё некрологҳоро манъ накардааст.

“Мо дар бораи бузургони гузаштаи худ ҳамеша барномаҳои васеъ омода мекунем. Магар шумо барномаҳои мо дар бораи Камоли Хуҷандӣ, Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода ва бузургони дигарро тамошо накардед? Мо мухолифи барномаҳо дар бораи бузургон нестем, мо мухолифи барномаҳо дар бораи дурӯғбузургон ҳастем”.

Хоҷазода: Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи марз мушкил надоранд

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин хабар дод, ки нишонагузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон тақрибан ба поён расидааст. Ориф Хоҷазода рӯзи 21-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Тоҷикистону Ӯзбекистон 1326 километр марз доранд ва аз он 1319 километраш пурра муайян шудааст.

Хатти сарҳади боқимонда, ба гуфтаи раиси Кумитаи замин, қисматҳое ҳастанд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.

“Нисбат ба ин масъала аз 1 то 3-уми май дар Фарғона вохӯрӣ гузашт. Се кишвар пешниҳодҳои худро барои омӯзиш пешниҳод карданд. Барои ҳамин, агар ин нуқтаҳо муайян шаванд, ба пуррагӣ хатти сарҳад бо Узбекистон муайян мегардад”, — шарҳ дод раиси Кумитаи идораи замини Тоҷикистон.

Ориф Хоҷазода, ҳамчунин гуфт, ки дар минтақаи обанбори “Фарҳод2 як минтақаи хурде мондааст, ки делимитатсия нашудааст. Вале афзуд, “нисбат ба истифодабарӣ байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.”


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend