fbpx

Чӣ тавр тоҷикдухтар 2 карат қаҳрамони ҷаҳон ва устоди варзиш шуд

Анора Қурбонова аз синни 5 солагӣ ба варзиши таэквондо машғул аст.


-1
-1 points

Анора Қурбонова ҳамагӣ 2-карата қаҳрамони ҷоми ҷаҳон, 5-карата қаҳрамони Тоҷикистон, 2-карата қаҳрамони Осиё, қаҳрамони мутлақи Осиёи Миёна, устоди варзиши Тоҷикистон ва дорандаи камарбанди сиёҳ дар риштаи таэквондо ITF мебошад.

Ӯ ба мо қисса кард, ки чӣ ӯро ба дунёи варзиш овардааст, дар ҳоле, ки касе аз аъзоёни оилаашон варзишгар нестанд.

“Варзиш ба духтар обрӯ меорад”

Анора ба он ақида аст, ки варзиш барои духтар обрӯву эҳтироми хоса меорад. Писарон ҷуръат намекунанд, ки ба ӯ сухани ноҷое гӯянд, хусусан вақте ӯ бо либосу ҷувздони варзишиаш бошад.

“Рӯзе ба тамрин андармон шуда, гузашти вақтро нафаҳмидам. Як ба соат нигоҳ кардам, ки алакай 9 – и шаб шудааст. Зуд ҷувздонамро гирифта ба сӯи хона шитофтам. Аз кӯчаи торике мегузаштам, ки як гурӯҳ писарон нишаста сӯҳбат карда истодаанд.

Чашмашон ба ман афтоду якеашон хост пеши роҳамро гирад. Маро каме ҳисси тарс фаро гирифт. Аммо вақте дид, ки ман ҷувздони варзишӣ дорам пурсид, “варзишгар ҳастӣ?”, “бале гуфтам”. Писар аз кораш шарм дашта, ман узр пурсид, шумо парчамбардори моед гуфта ба назди рафиқонаш рафт. Ман бошам роҳамро идома додам “, – нақл мекунад, Анора.

“Дар панҷсолагиам ба толори варзишӣ рафтам”

Анора зодаи шаҳри Душанбе аст. Ӯ аз хӯрдӣ ба ҷои лӯхтакбозӣ мошинчабозӣ мекард. Тамоман ба бозиҳои духтарона завқ надошт. Хуллас ҳар чизе, ки хоси писарон буд, Анораро ба худ ҷалб мекард. Аз ин рӯ падараш тасмим мегирад, ки ӯро ба толори таэквондо барад.

“Вақте чорсола будам, фақат дар хона филмҳоеро тамошо мекардам, ки рӯйдодҳои варзишӣ дар онҳо инъикос мешуд ва ман ҳам кӯшиш мекардам, ки мисли персонажҳои филм амалҳои онҳоро иҷро кунам. Ман мисли дигар духтарон лӯхтакбозӣ намекардаму турник мекашидам, ҷанг мекардам, мошинча бозӣ мекардам. Ин ҳама корҳои маро волидонам мушоҳида карда, ба хулосае омаданд, ки маро ба толори варзишӣ баранд”, – мегӯяд, Анора.

Анора ҳамагӣ 5 сол дошт, ки ба толори варзишӣ мерафт. Бори аввал вақте Анора дар мусобиқаи шаҳрӣ дар Душанбе мағлуб мешавад, бехабар аз он ки оянда яке аз парчамбардорони кишвар хоҳад буд, аз варзиш дил меканад. Фикр мекунад, ки варзиш кори ӯ нест ва дигар ба тамринҳо намеравад. Он замон ӯ ҳамагӣ 7 сол дошт.

“Соли 2009 дар мусобиқаи шаҳрӣ иштирок кардам. Пас аз шикаст додани чанд рақиб ман мағлуб шудам ва барои ҷои сеюм мубориза бурдам. Ҳарифи ман камарбанди сиёҳ дошт ва ман камарбанди зард доштам, маълум буд ки ӯ аз ман таҷрибаи бештаре дорад.

Ман зиёд ҷидду ҷаҳд кардам ва мутаасифона шикаст хӯрдам. Мағлубият ба рӯҳия ва иродаи ман зиёд таъсири худро расонид, он замон ман дар синфи 1 мехондам ва намефаҳмидам, ки на ҳама вақт инсон метавонад ғолиб ояд. Фикр кардам, ки аз ман варзишгар намебарояд. Ҳамин тавр муддате тарки варзиш намудам”, – мегӯяд, Анора.

Аз таэквондо ба рақс ва баръакс

Шикаст дар мусобиқаи шаҳрӣ барои Анора бисёр гарон паси сар шуд. Барои рӯҳи фарзандашро болида кардан, модари Анора пешниҳод медиҳад, ки ӯ ба рақс машғул шавад. Ҳарчанд дили духтар барои рақс ҷӯш намезад, лекин пешниҳоди модарро рад накард.

“Модарам диданд, ки зиёд маъюсу ноумедам, гуфтанд, ки биё ба рақс машғул шав. Тӯли чанд моҳ дар ансабли Падида ба рақс машғул шудам. Аз ӯҳдааш мебаромадам, аммо ман фаҳмидам, ки рақс аз ман нест. Дар ин ҷода ман худро дарёфт накардам”, – накл мекунад, қаҳрамони мо.

Ҳарчанд Анора кӯшиш мекард, ки маъюсии худро аён накунад. Вале волидонаш фаҳмиданд, ки ӯ барои рақс офарида нашудааст. Анораро падараш дубора ба таэквондо бармегардонад.

“Падарам гуфтанд, духтарам ту бояд ба варзиш баргардӣ, зеро ман аз кӯдакиат дар ту варзишгарро медидам. Биё аз пагоҳ ба толори варзишӣ раву тамринро идома деҳ. Ман итминони комил дорам, ки ту муваффақ мешавӣ. Мағлубият дар як мусобиқа ин охири роҳ нест, ин нишони он аст, ки ту боз бештар ҳаракат кунӣ ва пеш равӣ. Ин суханони падарам маро беихтиёр ба толори варзишӣ бурд”, – мегӯяд Анора.

Боварӣ ба худ

Акнун Анора бо рӯҳи баланд ва боварӣ ба худ тамрин мекард. Дар мусобиқаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок карда, дастболо мешуд. Барои мувафақиятҳояш Анора мадюни устодаш Алиҷон Акбаров аст. Ӯ акнун аз ҳеҷ гуна рақиб ҳаросе надошт.

“Ман фаҳмидам, инсон вақте дастболо мешавад, ки ба қувваи бозуи хеш боварӣ кунад. Пас аз бозгаштам, қариб дар ҳама сабқатҳо ғолиб меомадам. Дар мусобиқаҳои шаҳрӣ борҳо нишони тиллоро ба даст овардам”

Соли 2016 дар шаҳри Мински Беларуссия мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба намуди таэквандо ITF миёни 30 мамлакати ҷаҳон баргузор шуд, Анора низ иштирок дошт. Ба нақли ӯ ҳама варзишгарон аз сабқат бо ҳарифони кореягӣ метарсиданд, зеро Кореяи Шимолӣ ватани таэквандост.

“Дар мусобиқа қариб ҳама варзишгардухтарони дигар кишварҳо, ҷуссаи бузург доштанд. Мо тоҷикдухтарон миёни онҳо харобу назарногир менамудем. Дар мусобиқа ҳама ҳарифон барои бо варзишгарони Кореяи Шимолӣ рӯ ба рӯ шудан меҳаросиданд. Ман бо намояндаи ин кишвар рӯ ба рӯ шудам.

Рақобати мо бисёр шадид ҷараён гирифт. Аммо ман таслим нашудам ва бо шикаст додани ин духтари кореягӣ дар аввалин мусобиқаи байналмиллалӣ соҳиби нишони нуқра гардидам ва суруди миллии кишварамон дар ин мусобиқа садо дод. Ин беҳтарин лаҳза дар ҳаётам буд”, – ба хотир меорад, варзишгар.

Дастовардҳо

Анораро пас аз иштирок дар мусобиқаи байналмилаӣ ба дастаи мунтахаби Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги кишвар даъват мекунанд. Акнун ӯро лозим буд, ки масъулияти бештар нишон диҳад ва бештар тамрин кунад. Барои як духтар ҳам таҳсил дар мактаб ва ҳам тамринҳои пай дар пай хело мушкил буд, вале Анора кӯшиш мекард, ки аз ҳамсабақону ҳамдастаҳояш қафо намонад. Ҳамин буд, ки дар мусобиқаҳо ғолиб мешуд.

 

Соли 2017 дар Кореяи Шимолӣ аз тарафи Президенти байналмилаии теквандо Ким Сун Ҷон ба Анора ҳамчун варзишгари беҳтарин камарбанди сиёҳ тӯҳфа мекунад. Ҳамчунин соли 2018 аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ӯро устоди варзиши риштаи таэквондо таъин мекунанд.

Хоҳари хурдӣ низ пайрави Анора шуд

Ба нақли Анора, модараш доим хавотир аст, ки баногоҳ ҳангоми сабқат ҳарифон ба рӯяш зарба назананд. Зеро акнун на танҳо Анора, балки хоҳараш Амира низ дар ин ришта фаъолият мекарданд. Пас аз муваффақиятҳои Анораро мушоҳида кардан, хоҳараш Амира ҳам варзиши таэквондоро интихоб мекунад. Ӯ низ дар чандин мусобиқаҳо иштирок карда, дастболо шудааст.

“Албатта дар варзиш ҷароҳат мебардорӣ. Амира чанд маротиба аз биниаш ҷароҳат бардоштааст. Ман аз дадонам ҷароҳати сахт бардошта будам, ки бо ҷарроҳӣ шифо ёфтам.

Аз ин рӯ модарам то анҷоми сабқатҳои мо нигарон мешаванд. Доим ба устодонамон пеш аз мусобиқаҳо занг зада, таъкид мекард, ки ба варзишгароне, ки бо духтарам рақобат мекунанд, гӯед ба рӯяш зарба назанд. Агар варзишгарони пурқувват бошанд, иҷозати рақобат надиҳед”, – бо табассум нақл мекунад, Анора.

Фариддун Сафарзода бо Анора Қурбонова

Имсол Анора ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи байналмилаии Кипр супорид, ҳоло аз сабаби пандемия дарсҳояшро ба воситаи интернет меомӯзад. Аз ин сабаб, иштирок дар мусобиқаҳоро ба таъхир гузоштааст, вале тамринҳояшро идома медиҳад.

“Ҳарчанд варзишгар будан низ касб аст, намехоҳам аз илму маърифат дур бимонам. Ҳоло як мудат дар мусобиқаҳо иштирок намекунам, зеро дарсҳоям мушкиланд. Вале ба тамрин меравам, чун худамро бе варзиш тасаввур карда наметавонам”, – мегӯяд Анора

Фаридун Сафарзода, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend