fbpx

Обанбори сунъӣ дар Душанбе ва огоҳии КҲФ аз боришоти зиёду омадани сел

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Муаллифи акс: Додохон Маҳмудов.

Сокинони Конибодом ба Исфара корвони кумак фиристоданд

Корвони иборат аз 28 мошини пурбор бо кӯмаки моддии сокинони шаҳри Конибодом рӯзи 8 май ба аҳолии дар муноқишаҳои сарҳадӣ зарардида вориди Исфара гардид, хабар медиҳад маркази матбуотии раиси вилояти Суғд. Барои оилаҳои осебдида масолеҳи сохтмонӣ, сарулибос, пойафзол, қолину рахти хоб, ашёи хониш, маводи хӯрока ва дигар лавозимоти рӯзгор дастрас карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муддати як моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасида пурра бунёду барқарор карда мешаванд.

Парлумон судҳоро барои пешниҳоди маълумот ба ВАО уҳдадор мекунад

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»-ро таҳия ва ба баррасии парлумон пешниҳод намуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, кафолати муҳокимаи одилона, густариши робитаҳои мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма ва таҳкими боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ таҳия гаштааст, хабар медиҳад маркази матбуотии парлумон.

Инчунин дар лоиҳаи қонун тарзу усули пешниҳоди маълумот аз ҷониби судҳо ба ВАО ва уҳдадориии тарафҳо зимни нашри иттилоот ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Зиёда аз 69 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ваксинатсия шуданд

Дар кишвар беш аз 69 ҳазор нафар алайҳи коронавирус эм карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, то 7 май ваксиназани алайҳи COVID-19 дар 83 вазорату идораҳо, кумитаҳо ва дигар муассисаҳои давлатӣ ва шӯъбаҳои онҳо, муассисаҳои тандурустии давлатӣ ва ғайридавлатии кишвар гузаронида шудааст.

“Ҳарчанд дар рӯзҳои аввали омадани ваксина ба кишвар овозаҳо зиёд буданд, аммо таҷриба нишон дод, ки ҳамаи онҳо асоси воқеӣ надоранд. Ҳеҷ гуна ҳолатҳои таъсири манфии ваксинаи Astra-Zeneca ба қайд гирифта нашудааст”, -гуфтанд дар вазорат

КҲФ аз боришоти зиёд ва омадани сел огоҳ мекунад

Рӯзҳои 11-14 май дар қаламрави кишвар боришоти пуршиддат ва баъзан жолаву раъду барқ дар назар аст. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, ки дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯйӣ мешавад. Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва мавзеи кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки хеле ҳушёру эҳтиёткор бошанд. Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпарто ва селроҳаҳои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Ҳукумати Душанбе обанбори сунъии зери пули гардиши фурӯдгоҳро шарҳ дод

Ҳукумати шаҳри Душанбе далели пайдо шудани обанбори сунъӣ дар зери пули гардиши фурудгоҳи Душанберо шарҳ дод.

Як масъули  ҳукумати шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳаҷми лӯлаи обкаши зери пул хурд аст. “Дар сурате, ки борони шадид биборад, тавони ба якборагӣ кашидани ин ҳама оби ҷамъшударо надорад. Имрӯз ҳам ин лӯлаи обкаш натавонист ҳамаи оби ҷамъшударо бикашад, ки ин сабаби банд мондани бархе аз мошинҳо шуд”.

Дар аксҳои нашркадаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад дар зери ин пул оби зиёди борон ҷамъ шудааст ва чандин мошинҳо дар он ҷо банд мондаанд. Ин ҳодиса бори аввал нест, ки дар зери пули мазкур баъди боридани борони шадид, обанбор ё ҳавзи сунъӣ пайдо мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend