fbpx

95 медали тилло ва 20 камарбанди бародарон Мунис ва Абӯбакр аз мусобиқаҳои байналмиллалӣ

Бародарон Мунис ва Абӯбакр Тоҷикистонро дар ҷаҳон аз намуди варзиши ҷиу – ҷитсу муаррифӣ мекунанд.


0
Аз чап ба рост Мунис, Абӯбакр

Ду навраси варзишкори тоҷик аз мусобиқаҳои байналмиллалии варзишӣ 95 нишони тилло ва 20 камарбанди қаҳрамонӣ доранд. Мунис ва Абӯбакр Давлатовҳо ба варзиши ҷиу – ҷитсуи бразилӣ машғуланд. Муниси 9 сола бо 59 нишони тилло дар ҷаҳон ҳамто надорад, додараш Абӯбакр низ аз ӯ кам нест. Чанде пеш дар як мусобиқаи байналмиллалӣ дар АМА барои шикасти рейтинги Мунис дар финал ӯро бо додараш мебароранд. Вале Абӯбакр дар мусобиқа дасти акаашро боло бардошт.

Дар бораи чӣ тавр ба варзиш омадану мусобиқаҳои ин ду навраси қаҳрамон ба Your.tj падарашон Авазхӯҷа Каримов нақл кард.

“Ба мо нигоҳи назарногирона доштанд”

Тавре падари бачаҳо Авазхӯҷа мегӯяд, онҳо пас аз чанд соли тамрин ба мусобиқаҳои байналмиллалӣ рафтанро шурӯъ карданд. Аммо дар аввал бо онҳо назарногирона муносибат мекарданд. Гарчанде онҳо дар Русия зиндагӣ мекунанду, тамринҳояшон низ он ҷо мегузарад, дар мусобиқаҳо аз номи Тоҷикистон баромад мекунанд.

Авазхӯҷа Каримов бо Мунис ва Абӯбакр

“Мо танҳо як ҳадаф доштем, ки парчами кишвари азизамон Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон бало бардорем ва дар камарбанди қаҳрамонӣ парчами Тоҷикистонро ҷой диҳем.

Вақте аввалин бор ба мусобиқаи байналмилалӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб рафтем, онҳо моро назарногирона қабул карданд, ки чӣ хел ҷиу-ҷитсу нав дар кишварҳои мо рушд карда истодаасту ин риштаи варзиш дар  Тоҷикистон  инкишоф ёфтааст.

Хушбахтона, Мунис ва Абӯбакр дар мусобиқа нишони тилло ба даст оварданд”, – нақл мекунад, Авазхӯҷа.

Бародар зидди бародар

Ду ҳафта пеш бошад, варзишкорон боз дар АМА дар мусобиқаи байналмилалии AJP Tour Abu Dhabi Pro Gi  ва No G иштирок карданд. Ин дафъа барои шикасти рейтинги Мунис дар даври финалӣ, ӯро бо додараш ба майдон бароварданд.

“Ман  нахостам ,ки  дар ин мусобиқа ғалабаҳои акаам кам шаванд. Ӯ Ба хотири эҳтиром дасти акаам Мунисро боло бардоштам”, -гуфтааст Абӯбакр ба падараш.

Авазхӯҷа Каримов худ дӯстори варзиш аст буда, 7 сол ба варзиш машғул шудааст. Машқу тамринҳояшро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия мегузаронд. Пас аз муддате ӯ фикр мекунад, ки бо намуди футбол парчами меҳанро дар арсаи ҷаҳон парафшон карда наметавонад.

Ба хулосае меояд, ки ду фарзанди хурдаш Мунис ва Абӯбакрро, ки он замон 5 ва 4 сола буданд, ба пайроҳаи варзиш раҳсипор мекунад.

“Ман 6 сол пеш ҳама дороиямро дар Тоҷикистон фурӯхтам ва ба Русия рафтам. Мехостам фарзандонам, ки он замон Мунис 5 сола ва Абӯбакр 4 сола буданд ба варзиш ҷалб кунам.

Аввалан муддати 6-7 моҳ худам бо онҳо дар хона тамрин мекардам. Сипас онҳоро ба толори варзишӣ бурдам. Онҳо аввалан дар риштаи ҷудо машқ мекарданд” -нақл кард падари Мунис ва Абӯбакр.

Ҷой кардани парчами Тоҷикистон ба камарбанд

Авазхӯҷа мехост, ки фарзандонаш ба намуди варзише раванд, ки дар Тоҷикистон аз он варзишгар набошад. Сипас онҳо бо тавсияи мураббӣ Артём Сергеевич тасмим мегиранд, ки бачаҳоро дар риштаи ҷиу – ҷитсуи бразилӣ омода кунанд.

“Соли 2017 ин намуди варзиш дар Русия нав рушд мекард, вале дар Тоҷикистон наонқадар. Аз ин рӯ хостам, ки фарзандонам дар ҳамин ришта тамрин кунанд ва дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ парчами Тоҷикистонро бардоранд”, – мегӯяд, падари варзишгарон.

Ҳоло Мунис дар ҷаҳон аз вазни 24 то 27 кг ҳамто надорад. Ӯ бо 35 пирӯзии бебохт, навраси барзилягиро, ки 18 пирӯзӣ дошту аз рӯи ретинги ҷаҳонӣ дар зинаи аввал буд, ҷойгузин кард. Акнун шумораи пирӯзиҳои Мунис ба 50 расидааст.

“Вақте ки шумораи ғалабҳои Мунис ба 35 расид мо ба Федерастсияи ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу пешниҳод кардем ,ки парчами Тоҷикистонро низ дар камарбанди қаҳрамонӣ ҷой диҳанд, вагарна мо дар мусобиқаҳои дигар ширкат намекунем.

Ин чӣ хел мешавад, ки аз рӯи рейтинг мо дар зиннаи якум истодему парчами кишвари мо нест. Дархости моро қабул карданд, ҳоло парчами кишвари мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар камарбанди ҷиу – ҷитсу ҷой дода шудааст ва ин боиси ифтихори мост”, – мегӯяд,  Авазхӯҷа Каримов.

Аз 276-ум ба зинаи 1-ум

Тоҷикистон дар рейтинги умумиҷаҳонии  ин риштаи варзиш дар зинаи 276 –ум қарор дошт. Бо кӯшишу талошҳои Мунису Абӯбакр ва дигар варзишгарон ҳоло Тоҷикистон дар зинаи аввал қарор дорад.

Чун Мунису Абӯбакр дар ҳар мусобиқот, чӣ дар Русия ва чӣ дар хориҷ аз он дастболо мешаванд. волидони  дигар бачаҳо ба масъулин шикоят кардаанд, ки дигар онҳоро дар мусобиқот ба майдон набароранд.Чун фарзандони онҳо тайи се соли охир соҳиби медали тилло нашудаанду аз варзиш дилмонда гаштаанд.

“Дар Русия волидайни дигар варзишгарон пешниҳод карданд, ки дигар дар вазни 24 то 27 кило Мунис ва Абӯбакр ширакат наварзанд. Чунки фарзандони онҳо давоми 3 соли охир нишони тилло нагирифтаанд ва аз ин риштаи варзиш дилмонда шудаанд”- бо табассум нақл кард, падари варзишгарон.

Мунис ва Абӯбакр ҳар ду зери вазни 24 килограмм дар мусобиқаҳо баромад мекунанд. Онҳо ҳарду баробар машқу тамрин карда, кӯшиш мекунанд, ки ҳар ду бо як мувозинат ба пеш раванд.

“Мақсади асосии ман, мисли Ҳабиб Нурмагамедов шикаст додани ҳама ҳарифон ва парчами кишвари азизамон Тоҷикистонро дар камарбанди қаҳрамонии UFC ҷой додан аст. Ман ҳар рӯз бо ҳамин мақсаду маром тамрин мекунам, то ба орзуҳоям ҷомаи амал пӯшонам” –гуфт Мунис дар суҳбат, ки ҳамроҳи падараш қарор дошт.

Тамрин зери роҳбарии Расул Боқиев

Абӯбакр ҳам пайваста ба акааш такя мекунаду ба ӯ пайравӣ мекунад. Онҳо ҳар рӯз дар толори варзишӣ 3 соат тамрин мекунанд. Падар низ доим онҳоро назорат мекунаду дар ҳама ҳолат дастгирашон аст.

“Онҳо ҳар рӯз то 3 соат дар толор машқ мекунанд. Баъзе маврид ман хушам надиҳаду онҳоро ба толор набарам мегӯянд, ки агар мо имрӯз тамрин накунем, пас чӣ гуна парчами Тоҷикистонро дар камарбанди қаҳрамонии UFC ҷой медиҳем”, – нақл мекунад, Авазхӯҷа.

Авазхӯҷа дар ҳама мусобиқаҳо аз ҳисоби худаш фарзандонашро сафарбар мекунад. Имрӯз мусобиқае нест, ки бидуни Мунису Абӯбакр гузарад. Бо дохил шудани намуди ҷиу-ҷитсу ба рӯйхати намудҳои олимпӣ боз ҳам имкониятҳо барои ин варзишагрони навраси тоҷик фарох гардид.

Ҳоло Мунис ва Абӯбакр дар Федератсия Русия таҳсили илм ва машқварзӣ мекунанд. Зиёда аз як сол мешавад, ки онҳоро падар ба толори варзишии дорандаи нишонҳои биринҷии бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев овардааст, то минбаъд зери роҳбарии ӯ тамрин кунанд.

Рӯзи 26 –уми ноябр Мунису Абӯбакр пас аз 6 сол ба Тоҷикистон бо як қатор нишону камарбанди заррин баргаштанд.

Ҳоло ин варзишгарони умедбахши кишвар ба мусобиқаҳои Аврупоӣ ва Осиёӣ, ки баҳори соли 2022 дар назар аст, омода шуда истодаанд.

Фаридун Сафарзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend