Кафедраи ҳарбӣ дар Тоҷикистон

9 мактаби олии Тоҷикистон кафедраи ҳарбӣ доштаанд

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тасдиқи номгӯи муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ, ки дар сохтори онҳо кафедраҳо (факултетҳо)-и ҳарбӣ амал менамоянд, дастур додааст.

Қарор дар ин бора дар портали иттилоотии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст.

9 муассисаи таҳсилоти олие, ки кафедра (факултетҳо)-и ҳарбӣ доранд, инҳоянд:

  • Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ;
  • Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур;
  • Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино;
  • Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон;
  • Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов;
  • Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон;
  • Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Вазорати мудофиа ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон уҳдадор шуданд, ки ҷиҳати амалигардонии қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Пас аз ворид гардидани тағйирот ба Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” соли 2021, хатмкардагони мактабҳои олӣ, ки ҳамзамон кафедраҳои ҳарбиро хатм кардаанд, уҳдадор гардиданд, ки як сол ба сафи артиш пайванданд.

То ин вақт хатмкардагони мактабҳои олие, ки кафедраҳои ҳарбӣ доштанд, дар ҷамъомадҳои якмоҳаи ҳарбӣ иштирок карда, пас аз анҷоми он соҳиби билети ҳарбӣ ва рутбаи лейтенант мешуданд.

Ба назари коршиносон тағйирот дар қонун боиси кам гардидани сафи донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон гардид.

Мо дар як матлаб коҳиши сол ба соли шумораи донишҷӯёнро дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳлил карда будем.

Skip to toolbar