Зан бо дастони занҷирбанд

8 ҳазор сомонӣ ва як Айфон. Як духтар дар Душанбе барои тамаъҷӯи дастгир шудааст

Як духтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ба тамаъҷӯӣ гумонбар аст. Ӯ аз як марди 26-сола бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдид 8 ҳазор сомонӣ ва як адад Айфон 12 Про макс талаб карда гирифтааст, менависад ВКД.

“20-уми ноябр, “Саодат” ном шахс, ки номи саҳифааш дар шабакаи интернетӣ “милая 2007” ба қайд гирифта шудааст, бо тариқи “Ватсап” бо ин мард дар алоқа шуда, ба воситаи занги видеоӣ расми баданашро гирифтааст. Баъдан бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди паҳни ин расмҳо дар шабакаи интернетӣ аз ӯ 8 ҳазор сомонӣ ва як адад Айфон 12 Про максро гирифтааст”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Кормандони милитсия духтарро бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, тафтишот идома дорад

Skip to toolbar